Дар маҷмааи Имом ал-Бухории ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд таҳти шиорҳои «Silk Road — Samarkand», «Донишҷӯ бидав» ва «Барои инсон» марафони давидани оммавӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ директори иҷроияи Ассотсиатсияи намудҳои варзиши адаптивӣ А.Мурсакулов, ҷонишини ҳокими вилоят Х.Тухтаев, сарвари Садорати варзиши вилоят Ҷ.Нурманов, инчунин намояндагони садорати таълими олӣ, илм ва инноватсияҳои вилоят ва садорати вилоятии маркази хизматрасонии иҷтимоии «Инсон» иштирок карда, ба иштирокчиёни марафон муваффақият таманно карданд.
Дар мусобиқаҳои давидан беш аз 2000 иштирокдор (варзишгарон, донишҷӯён, донишомӯзон, меҳмонони хориҷӣ ва ҳаваскорон) ширкат варзида, масофаҳои барои категорияҳои худ муқарраршударо тай карданд.
Дар охир ба ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби ташкилкунандагон дипломҳо ва ҷоизаҳои арзишманд тақдим карда шуданд.
Ҳамчунин, ба иштирокдорони фаъоле, ки дар мусобиқа шуҷоат ва матонат нишон доданд ва дар асоси меъёрҳои махсус интихоб шуданд, ҷоизаҳои пулии ҳавасмандгардонӣ ва сертификатҳои махсус дода шуданд.
