Ovozi.uz

Пӯлат Бобоҷонов аз вазифаи ҷонишини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кадрҳо озод карда шуд

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пӯлат Раззоқович Бобоҷонов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ҷонишини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кадрҳо озод карда шуд.

Дар доираи корҳои беҳсозии сохтори Администратсияи Президент:
Вазифаи Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кадрҳо ва шӯъбаи он барҳам дода шуд;
Пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи мукофотҳои давлатӣ ва гералдика, инчунин ҳамкории наздик бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо — самти иловагии фаъолияти хизмати комплаенс;
Баланд бардоштани самаранокии фаъолияти институти маҳалла ҳамчун самти иловагии фаъолияти бахши Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои органҳои намояндагӣ, ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва ҷавонон муайян карда шуд.