Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мукофотонидани як гурӯҳ кормандони соҳаи тиб ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб» ба имзо расид.
Дар байни мукофотонидашудагон инҳо ҳастанд:
Бо ордени «Барои насли солим» дараҷаи II — Ғаффоров Исоқул Саидқулович — ронандаи пункти «Челак»-и шуъбаи ноҳияи Пайариқи Маркази тиббии ҷумҳуриявии таъҷилӣ.
Суярова Зебо Исроиловна — мудири шуъбаи бачагонаи иттиҳоди тиббии ноҳияи Нуробод.
Бо ордени «Тандурустӣ» дараҷаи II — Сафаров Суннатулло Сатторович — мудири шуъбаи тандурустии ноҳияи Иштихон.
Бо медали «Ҳаёти солим» — Яхшиликова Феруза Нуриддиновна — сарҳамшираи иттиҳодияи тиббии ноҳияи Булунғур.
Бо медали «Шуҳрат» — Темирова Севара Орифҷон қизи — акушеркаи патронажи поликлиникаи марказии бисёрсоҳаи ноҳияи Қӯшработ.
