Ovozi.uz

Кӯдакони ниёзманди меҳру таваҷҷуҳ чӣ гуна дастгирӣ карда мешаванд?

Дар арафаи Саммити ҷаҳонӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба фаровонии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилонаи барои наслҳои оянда», ки рӯзҳои 21–22 октябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ба марказҳои иҷтимоии ин шаҳр сафари матбуотӣ ташкил карда шуд.

Дар оғоз мутахассиси пешбари Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ Шоҳрух Ҳидоятов дар бораи модули «Ҳимояи кӯдак», ки ба наздикӣ ба фаъолият оғоз кардааст, маълумот дод.

Таъкид гардид, ки ин платформа барои сари вақт муайян намудани хатарҳои марбут ба кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо хидмат мекунад. Дар модул 28 самти хавфу хатар ва 146 меъёр муайян шудааст. Дар асоси маълумоти воридшаванда аз мақомоти давлатӣ, судҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ ҳолатҳои хатарнок ошкор карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ, дар давоми 24 соат чораҳои фаврӣ андешида шуда, барои ҳар як кӯдак нақшаи инфиродии ҳимоя таҳия мегардад ва хидматрасониҳои иҷтимоии зарурӣ ташкил карда мешаванд.

Сипас, рӯзноманигорон бо фаъолияти маркази хидматрасонии иҷтимоии «Инсон»-и шаҳри Самарқанд шинос шуданд.

Дар ин марказ ва 197 маҳаллаи шаҳр беш аз 290 корманди иҷтимоӣ ба шаҳрвандони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ, ки ба 12 гурӯҳ дохил мешаванд, зиёда аз 100 намуди хидматрасонӣ пешниҳод мекунанд.

— Ҳоло дар шаҳри Самарқанд 1006 нафар ноболиғе ҳастанд, ки таҳти васояту парасторӣ қарор доранд ё дар муассисаҳо тарбия мегиранд, — гуфт ҷонишини директори маркази хидматрасонии иҷтимоии «Инсон»-и шаҳри Самарқанд Сардор Раббимов. — Барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, дастгирии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагӣ мунтазам тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади васеъ намудани доираи хидматрасониҳои иҷтимоӣ ба кӯдакон, шумораи намудҳои хидматрасонӣ дар маҳаллаҳо аз 25 ба 52 адад расонида шуд. Ҳамчунин, се шакли алтернативии тарбияи оилавӣ ҷорӣ гардида, 893 кӯдак бо хидматрасониҳои дахлдор фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии кӯдакони ятим ва аз парастории волидон маҳруммонда, таъмини шуғли онҳо ва омода сохтани ин кӯдакон ба зиндагии мустақилона, тавассути фонди «Дафтари меҳр» ба 81 нафар дар самтҳои гуногун кумаки амалӣ расонида шуд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ҷумҳурӣ чор маркази «Имкон» ва як маркази «Умид» фаъолият мекунанд. Дар ин муассисаҳо гурӯҳҳое ташкил шудаанд, ки барои ҳузури кӯдакон дар муддати 10,5 соат ё шабонарӯзӣ, яъне 24 соат, пешбинӣ шудаанд.

Мақсади асосии муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии махсусгардонидашудаи бисёрсоҳа, ки дорои маркази тавонбахшии «Имкон» мебошад, солимгардонӣ ва тавонбахшии кӯдакон, ташаккули малакаҳои худхидматрасонӣ дар онҳо ва мусоидат ба мутобиқшавиашон ба ҷомеа мебошад.

Ба марказҳо кӯдакони аз синни 2-сола боло, ки дорои бемориҳо ва нуқсонҳои гуногун мебошанд, қабул карда мешаванд. Аз ҷумла, кӯдакони гирифтори сколиози модарзодии дараҷаи III–IV, каҷшавии шадиди модарзодии пой, артрогрипоз, фалаҷи мағзи сари кӯдакон, оқибатҳои остеомиелит, ихтилоли рушди зеҳнӣ ва нутқию равонӣ, муаммои шунавоӣ, инчунин бемориҳо ва нуқсонҳои модарзодии узвҳои биноӣ ба хидматрасониҳои ин марказҳо фаро гирифта мешаванд.

— Маркази давлатии таҳсилоти томактабии махсусгардонидашудаи бисёрсоҳаи дорои бахши тавонбахшии «Имкон» дар ноҳияи Самарқанд моҳи октябри соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз кард, — гуфт роҳбари муассиса Нигина Муродова. — Муассиса барои 150 нафар пешбинӣ шуда, аз 10 гурӯҳ иборат аст. Ба ин гурӯҳҳо 130 нафар мураббӣ, омӯзгор ва корманди иҷтимоӣ вобаста карда шудаанд. Ҳамчунин, ҳар моҳ то 100 кӯдаки аз 2 то 18-сола ба таври амбулаторӣ бо беш аз 20 намуди хидматрасонии тавонбахшӣ фаро гирифта мешаванд. Муассисаи мо бо зиёда аз 50 таҷҳизоти муосири аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Германия ва Англия овардашуда таъмин гардидааст.

Ф.РӮЗИБОЕВ