Сӯҳбатилло Соҳибназаров соли 1900 дар деҳаи хушманзари Раҷабамини ноҳияи Самарқанд дар оилаи устои кандакори машҳур Соҳибназар таваллуд шудааст. Модараш Майсара саводи динӣ дошт. Ӯ Қуръонро пурра ҳифз карда, аз Саъдию Ҳофиз, Бедилу Зебуннисо бисёр байту ғазалҳоро медонист. Аз ин рӯ, ки Сӯҳбатилло дар зери тарбияи дурусти падару модари босаводаш саводи ибтидоиро дар оила гирифт.
Дар синни чорсолагӣ падараш ӯро ба назди муллои деҳа бурда монд. Кӯдак дар давоми як сол баробари ҳифз кардани Қуръон, илми ҳисоб, аз ҷумла ҳисоби абҷадро аз худ кард. Вақте ки дар ибтидои асри гузашта Абдуқодир Шакурӣ дар шафати масҷиди деҳаи Раҷабамин мактаби усули нав кушод, Сӯҳбатиллои панҷсоларо ҳамчун шогирди аввалин ба мактабаш қабул мекунад.
Ҳаминро бояд гуфт, ки Шакурӣ аз рӯзҳои аввали хониш ҳис мекунад, ки Сӯҳбатилло қувваи ҳофизаи нотакрор ва қобилияти баланди саводомӯзӣ дорад. Аз ин рӯ, ба тарбияи ӯ ҷиддан машғул мешавад.
Дар ин даргоҳи илм баробари Шакурӣ, инчунин маорифпарварони ҳамон давра Сиддиқии Аҷзӣ, Исматилло Раҳматиллозода, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ низ аз фанҳои гуногун дарс медоданд. Шогирдон баробари аз бар кардани фанни савод ва ҳисоб (алифбо ва арифметика) инчунин табиатшиносӣ, география, таърих ва ҳатто, бо сохт ва ҳаракати замин, офтобу моҳ ва ситораҳои роҳи каҳкашон, ҳафт додарон, ситораи зузана (ситораи думдор), пайдоиши шабу рӯз ва дигар қонунҳои табиат низ қисман ошно мегаштанд. Сӯҳбатилло ҳамчун талабаи беҳтарин ҳамаи фанҳоро ҷиддан аз бар мекард ва ба муаллимон чунин саволҳои мураккабро медод, ки устодон ба ҷавобаш мушкилӣ кашида, – э, ту афандӣ (ту доно) гуфта навозиш мекарданд.
Қобили қайд аст, ки Сӯҳбатиллои ҷавон баробари илмомӯзӣ ба зарбулмасали “мероси падар хоҳӣ, илми падар оромӯз” амал карда, аз падараш касби кандакориро низ пухта меомӯхт. Ҷояш ояд, падару писар ҳамроҳ ба таъмири дару дарвозаҳои масҷиду мадрасаҳои Самарқанд мерафтанд. Ҳатто, Сӯҳбатилло чанд маротиба ҳамроҳи падар дар барқарор кардани обидаҳои таърихии Бухоро низ иштирок кардааст. Чунки ӯ нақшҳои услубии баргак, райҳонӣ, ислимӣ ва ғайраҳоро пухта омӯхта буд. Аммо аз саводомӯзӣ дур намонд. Ӯ баъд аз тамом кардани мактаби деҳааш, барои маълумоти пурра гирифтан, аз мактаби воқеъ дар гузари Шарбатдори А.Шакурӣ таълим гирифта, баъд бо ҳамроҳи устодаш дар он ҷо муаллимӣ кард. Дар ин миён ба курси такмили ихтисосие, ки аз ҷониби Раҳматилло Исматиллозода ташкил шуда буд, дохил гардида, онро хатм кард. Дар ибтидои солҳои сиюми асри гузашта, ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ шуд. Он солҳо ҳабсу қатли зиёиён ва маорифпаврарон аз тарафи намояндагони руси истилогар муташаккилона давом мекард. Дар қатори онҳо муаллимаш Абдуқодир Шакуриро низ душмани халқ гуфта, ба ҳабсхонаи Тошканд бурданд. Дар деҳа мардум бо тарсу ҳарос рӯз мегузаронданд. Чунки ҳар рӯз як-ду нафар муаллим ва равшанфикронро “думи Шакурӣ” гӯён ходимони НКВД ба ҳабс мегирифтанд. Навбат ба муаллими пашқадам ва ҷавонмарди маърифатҷӯ Сӯҳбатилло Соҳибназаров ҳам расид. Ӯро дастгир карданд ва шаш моҳ дар хонаҳои тангу торики маҳбас азоби руҳӣ ва ҷисмонӣ доданд. Муфаттишон ҳарчанд ҳаракат карданд, аммо гуноҳи ӯро исбот карда натавонистанд.
Ибтидои солҳои ҷанг. Ӯ он вақтҳо дар курси сеюми донишгоҳ мехонд. Ногоҳ ӯро котиби якуми ҳизби коммунистии шаҳр даъват карда гуфт:
– Шумо ҷавонмарди боилму фарҳанг ҳастед. Мо қарор кардем, ки мисли шумо маърифатпарварони саводнокро барои бартараф кардани бесаводии
мардум ба Республикаи Тоҷикистони бародар фиристем. Медонед, дар он ҷо мактабҳои навбунёд ва сафи муаллимони саводнок хеле каманд. Ба онҳо кумак расонидан вазифаи асосии мову шумо. Оё ҳамин тавр нест?
Сӯҳбатилло Соҳибназаров бисёр фикр накарда, розӣ шуд. Ҳамсараш Сабоҳатро бо ду кӯдаки навболиғаш ҳамроҳ гирифта, азми сафар кард. Мутасаддиён ӯро ба ноҳияи дурдасти кӯҳистони Ромит фиристоданд.
Аввал дар мактабҳои деҳот муаллимӣ кард. Сипас, ба вазифаи директории мактаб, мудири шуъбаи таълими халқии ноҳияи Ромит фаъолияти пурсамар нишон дод.
Дар Ромит аҳволи мактабҳо хеле хароб буданд. Аксарияти онҳо дар хонаҳои хурд-хурди одамон ҷо гирифта, муаллимони босавод намерасиданд.
Сӯҳбатилло ҳаракат карда, фаъолонро ба ҳашари умумӣ даъват намуд, дар деҳаҳои дурдаст биноҳои хурд-хурди дусинфаю сесинфа сохта, барои таълимгирии наврасон шароити мусоид фароҳам овард.
Дар оғози солҳои ҷанги хонумонсӯз ӯ ба вазифаи котиби якуми ҳизби ноҳияи Ромит таъин гардид. Сӯҳбатилло баробари инкишоф додани соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ ба равнақи илму маърифат ва бунёди мактабҳои нав эътибори махсус медод. Бо тахаллуси Кӯҳӣ шеърҳои ватанпарварона менавишт. Албатта, дар шароити кӯҳистон дар вазифаҳои масъулиятнок кору роҳбарӣ кардан хеле мушкил буд. Зеро, зиндагонии мардум басо мураккаб ҷараён мегирифт ва мебоист котиби райком барои некӯаҳволии онҳо имкониятҳои нав ба нав фароҳам оварад. Аз ҳама бештар ӯро бесаводмонии наврасону ҷавонон азият медод. Барои ба мактабҳо ҷалб намудани кӯдакон ва муассисаҳои таълимиро бо маводҳои дарсӣ ва ашёҳои дигари хониш таъмин кардан аз шахси роҳбар пеш аз ҳама маҳорату кордониро талаб мекард. Ин гуна хислати тадбиркорӣ дар шахсияти Сӯҳбатилло мавҷуд буд. Аз ин рӯ, дар муддати кӯтоҳ котиби райком аз Самарқанд даҳҳо нафар муаллимонро ба ноҳияи Ромит даъват намуда, онҳоро бо сарпаноҳ таъмин кард. Он солҳо дар қиммативу қаҳтӣ ҳукмфармо буд. Зеро чанд сол болои ҳам хушксолӣ омад.
Дар дашту даман ғалла нарӯида монд. С. Соҳибназаров гоҳ бо аспи сафедаш ва гоҳ бо автомобили хидматӣ деҳаҳоро давр мезаду аз аҳволи мардум хабар мегирифт. Имкониятҳои гуногунро ҷуста, одамонро бо гандум, ҷав ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин менамуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, мардуми Ромит ночор мезистанд. Ҳатто, худи котиби райком ҳам бо аъзоёни оилааш рӯзҳои сахту сард ва гуруснагиро аз сар мегузаронд.
Дар ноҳияи Ромит ҷанги хонумонсӯз бистари бисёр ҷавонзанҳоро хушк карда буд. Дар деҳоти кӯҳистон танҳо занону кӯдакон ва пиронсолон монда буданд. Аз фронт ҳафтае як-ду хати сиёҳ ба хонаводаҳо меомаду фиғони бачагону занонро ба авҷи фалак мебардошт. С. Соҳибназаров чун роҳбари дилсӯз фарзандони оилаҳои шаҳидони ҷангро парасторӣ мекард. Ӯ аҳд намуд, ки акнун диққати худро барои боз ҳам беҳтар намудани зиндагонии мардум ва тарбияи кӯдакон равона кунад. Зеро бачагон донанд, ки Ватан чист? Ва онро чӣ тавр бояд муҳофизат кард?
Фасли зимистони соли 1943 ҳаво хеле сард омад. Дар кӯҳистони Ромит барф болои барф меборид. Сӯҳбатилло Соҳибназаров барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум шабу рӯз медавид. Гоҳ ба Душанбе мерафту гоҳ ба Самарқанд омада, баъзе мушкилоти зиндагиро ҳал менамуд. Он солҳо оилаи вай ба талафоти калоне дучор омада буд. Паи ҳам дар давоми 4-5 сол ду нафар фарзанди навтавлидёфтаи онҳо дар натиҷаи бемориҳои гуногун вафот намуданд.
Моҳи майи соли 1945 ҷанги хонумонсӯз ба ғалабаи собиқ давлати Иттифоқи Шӯравӣ ба охир расид. Ҳамон рӯз дар Ромит низ тантанаҳои идона барпо гаштанд.
Тирамоҳи соли 1945 ӯ дар марказкоми Тоҷикистон шуда, иҷозати ба Самарқанд баргаштанро пурсид. Роҳбарони ҷумҳурият илтимос карданд, ки фаъолияташро давом диҳад. Аммо ӯ нахост. Зеро дар пеши назар симои падараш, ки дар хоб дида буд, ҳар лаҳза ҷилвагар мегашт. Онҳо ба Самарқанд баргаштанд.
Ҳамин тариқ, аз ҳамон солҳо сар карда Сӯҳбатилло Соҳибназаров дар мактаби таълимгирифтаи худ, ки ҳоло рақами 44-ро дораду ба номи Абдуқодир Шакурӣ гузошта шудааст, ба фарзандони аҳли деҳа аз фанҳои ҳисобу савод, адабиёт ва таълими меҳнат ба дарсдиҳӣ сар кард. Мақсади асосии ӯ аз он иборат буд, ки наврасон баробари саводнок шудан, инчунин ба касбу ҳунарҳои гуногун соҳиб гарданд. Дар мактаб қариб ҳамаи муаллимон аз ин шахси муътабар услуби таълиму тарбияро меомӯхтанд.
Сӯҳбатилло Соҳибназаров касби падарии худро шабонгоҳҳо ба писаронаш Амрилло, Сайфулло, Убайдулло, Нурилло, Насрилло ва Хайрулло меомӯзонд. Ӯ ният кард, ки дару тиреза ва дарвозаҳои боғдодии таърихиеро, ки бо мурури замон кӯҳнаю фарсуда гашта буданд, аз нав эҳё намояд. Бо ҳамин мақсад ба бунёди дарвозаи асосии мақбараи Шоҳи Зинда даст зад, ки ин кор ниҳоят заҳматталабу мураккаб буд. Дарвозаи мазкур ба асрҳои XV-XVI тааллуқ дошта, хеле нафис ва бо ҳунари волои шарқона оро ёфта буд. Нақшу нигорҳои дарвозаи қадима, аз таъсири боришҳои бисёрсола пӯсида кӯҳна шуда буданд. Вай пораҳои пӯсидаи дарвозаро аз ҳар куҷо дарёфт намуда, баъд ба кор шуруъ кард. Пас аз сесад рӯз он дарвозаи бузурги бағдодиро дар ҳолати аслиаш оварда, дар ҷояш гузошт. Дарвозаи бағдодие, ки усто дар бадали қариб як сол бо заҳматҳои зиёд аз нав тайёр карда буд, одамони гирду атрофро ба ваҷд овард. Зеро, нақшу ороиши он чунон мураккабу диққатҷалбкунанда буд, ки шахси бинанда то чӣ андоза маҳорати баланд доштани устои кандакорро ҳис мекарду ба ҳунари дастони пурэъҷози ӯ офаринҳо мехонд.
Албатта, иҷрои ин қабил корҳои бузургу пурмашаққат ба як худи усто душворӣ мекард. Бинобар ҳамин, майлу рағбати писаронашро ба ин касби аҷдодӣ зиёд кард. Фаҳмонд, ки кандакорӣ касбе мебошад, ки дар ягон давру замон хор намегардад. Ӯ дар ҳавлии на он қадар калонаш устохонае бунёд намуд. Писаронаш ва ҷавонони ҳавасманди деҳаро дар атрофаш ҷамъ карда, аз паи кор шуд.
Оҳиста-оҳиста касби кандакорӣ дар деҳа ривоҷ ёфт. Мардум фарзандони худро баҳри касбомӯзӣ ба ҳавлии вай меоварданд. Дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҷавонони болаёқат ба ин даргоҳи илму ҳунар аз паи кандакорӣ шуданд.
Маърифатпарвари замон ва кандакори номдор Сӯҳбатилло Соҳибназаров донишмнди замон буд. Ӯ ҳам илми диниву ҳам илми дунёвиро хуб медонист.
Оятҳои Қуръонро тафсир карда, китоби “Ҳафтяк”-ро маънидод ва мазмуни шеърҳои “Чаҳор китоб”-ро мисраъ ба мисраъ ба атрофиён мефаҳмонд.
Сӯҳбатилло Соҳибназаров чунон корҳои бузургу беназирро ба ҷо овард, ки дар натиҷа номаш абадзинда гардид. Ӯ соли 1976 вафот кардааст. Қабраш дар мазори Хоҷа Абдударуни шаҳри Самарқанд мебошад.
Ҳамза ҶӮРА
