Пресс-тур
Аз моҳи ноябр ин ҷониб бо ташаббуси филиали Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари» дар беш аз 10 шаҳру ноҳияи вилоят бо мақсади омӯхтани вазъи омодагӣ ба мавсими зимистон ва таъмини бефосилаи аҳолӣ бо қувваи барқ пресс-турҳо ташкил гардид ва чунин чорабиниҳо то ҳол идома доранд. Пресс-тури навбатӣ ба Корхонаи таъминоти электри ноҳияи Булунғур ташкил карда шуд.
Иштирокдорон сараввал бо фаъолияти пункти диспетчерии корхона шинос шуданд. Роҳбари корхона Икром Муродов дар бораи корҳое, ки соли гузашта ва дар муддати сипаришудаи соли равон аз ҷониби корхона амалӣ гардиданд, маълумот дод.
Зикр гашт, ки барои таъмини бефосилаи аҳолӣ бо барқ дар ноҳия 6 адад зеристгоҳ (нимстансия), — «Булунғур», «Ибн Сино», «Тошкент», «Полвон», «Ғалаба» ва «Килдон» амал мекунад. Дар ҳудуди ноҳия ҷамъ 37191 дона ҳисобкунаки автоматии ASKUE гузошта шудааст, ки ба тарзи онлайн кор мекунанд.
— Дар рафти омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023–2024 аз таъмири пурра ва ҷорӣ баровардани 66 пункти трансформатор ва ба масофаи 157,6 километр кашидани шабакаи барқро пеши худ мақсад гузошта будем ва то ҳол инро дар сатҳи 100 фоиз иҷро кардем, — гуфт И. Муродов. — Соли гузашта дар ҳудуди ноҳия 10 адад трансформатори нав гузошта шуд. Ба масофаи 20 километр шабакаи нав (бо кабелҳои замонавии СИП‑2 ва СИП‑4) кашидем. Инчунин, соли гузашта дар маҳаллаҳо ҷамъ 229 дона сутунҳои оҳанӣ-бетонӣ шинондем ва ин корҳо пайваста идома меёбанд.
Сипас, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ бо ҷараёни кори коргарон дар маҳаллаҳо шинос шуданд.
Ҷамшед ОБИДОВ
