Ovozi.uz

Шӯрои пурқувват, ҳокими ҳисобдору ташаббускор

Рӯзи 2‑юми феврали соли ҷорӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои боз ҳам афзунсозии самаранокии фаъолияти мақомоти вакилии ҳокимияти маҳаллии давлатӣ» қабул карда шуд.
Тибқи фармон дар таърихи мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатии Ӯзбекистон бори аввал дар асоси модели нав — «Шӯрои пурқувват, ҳокими ҳисобдору ташаббускор» як қатор қоидаҳои ба ислоҳи фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ нигаронидашуда муайян карда шуданд.
Аввалан, бо мақсади ба инобат гирифтани андешаи сокинони истиқоматкунанда, баланд бардоштани нақши мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъият ва давлат, 33 ваколати ба соҳаи маориф, ҳифзи муҳити зист, шаҳрсозӣ, нақлиёт ва рушди инфрасохтори ҳудуд нигаронидашуда ба ихтиёри Шӯроҳо гузаронида мешаванд. Аз ҷумла:
1) Дар соҳаи маориф:
қарор дар бораи дар ҳудуди дахлдор ташкил кардани боғчаву мактабҳои давлатиро Шӯроҳои маҳаллӣ қабул мекунанд. Акнун вакилони мардум, ки оинаи иродаи мардуманд, талаботи ҳудудро ҳамаҷониба омӯхта, ҳал мекунанд, ки дар кадом ҳудуд ва маҳалла мактаб ё боғчаи нав ташкил карда шавад, кадомаш бояд васеъ карда, кадомаш баста шавад.
2) Дар соҳаи ҳифзи муҳити зист:
ҷойҳое, ки дар он корхонаҳо ва иншооти ифлоскунандаи атмосфера ё ба он бевосита таъсиргузор сохта мешаванд, ё ки дар он партовҳо зери замин карда мешаванд, бо розигии намояндагони халқ муайян хоҳанд шуд. Ҳудудҳои табиии фароғатие, ки дорои аҳамияти маҳаллианд, инчунин ҳудудҳои истироҳат, боғҳои ботаникию дендрологӣ, боғҳои табиӣ танҳо бо розигии Шӯроҳо ташкил ё барҳам дода мешаванд. Яъне, қарорҳо дар ин бобат ба таври коллегиалӣ бо назардошти фикри депутатҳое, ки сокинони маҳаллаи дахлдор интихоб кардаанд, қабул карда мешаванд.
Ин ислоҳот, бешубҳа, ба ҳифзи захираҳои табиӣ, ки сарвати миллии мо мебошанд, хидмат мекунад.
3) дар соҳаи шаҳрсозӣ ва нақлиёт:
тарифҳои мусофиркашонӣ ва боркашониро дар нақлиёти мусофиркашонии шаҳр Шӯроҳои маҳаллӣ муайян мекунанд. Барои тоифаҳои алоҳидаи шаҳрвандон бо қарори Шӯро тарифҳои имтиёзнок ҷорӣ карда мешаванд.
Инчунин, муқаррар хоҳад шуд, ки дар нақлиёти мусофиркашонии шаҳр ташкил намудани самтҳо барои нақлиёти мусофиркашон, кушодани самтҳои нав, истгоҳҳо, манзилҳои мунтазиршавӣ ва диспетчерӣ, бо Шӯрои маҳаллӣ мувофиқа карда мешавад. Дар бораи гузоштани номи объектҳои нақлиётӣ ва инфраструктураи инженерию техникӣ, объектҳои табиӣ ва тағйир додани номҳои онҳо таклифҳоро бевосита Шӯроҳои маҳаллӣ пешниҳод мекунанд. Ғайр аз ин, ба қатори объектҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ дохил кардани тоифаҳои алоҳидаи объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ бо қарори Шӯроҳои маҳаллӣ ба амал бароварда мешавад.
4) Дар соҳаи рушди инфрасохтори ҳудудӣ:
аз рӯи шароити маҳал тағйирот даровардан ба тоифаҳои ҳудудҳои минтақавии нуқтаҳои аҳолинишин, тасдиқ намудани тарифҳои хидматрасонии таъмини оби нӯшокӣ ва баровардани оби партовҳоро низ Шӯроҳо ҳал мекунанд.
Бояд гуфт, ки соҳиби чунин ваколатҳо таъин шудани Шӯроҳои маҳаллӣ ба намояндагони халқ имконият медиҳад, ки масъалаҳои барои ҳаёти ҷамъият муҳимро бо назардошти фикри аҳолӣ ҳал кунанд. Сониян, як қатор ваколатҳо ва вазифаҳое, ки дар давоми солҳо ба Шӯроҳои маҳаллӣ вогузошта шуда буданд, ба низом дароварда мешаванд.
Аз ҷумла, зарурати бознигарӣ, оптимизатсия ва ба низом даровардани ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилоят ба миён омад, зеро ба зиммаи шӯроҳои маҳаллӣ дар самтҳои аз ҷиҳати мазмун ба ҳам наздик вазифаҳо вогузор шуда буданд.
Дар натиҷаи ба низом дароварда нашудани ваколатҳои Шӯроҳо дар қонун, ба Шӯроҳои маҳаллӣ лозим меомад, ки дар як сол зиёда аз сад маротиба ҳисоботу ахбороти ҳокимиятҳо ва як қатор мақомоти давлатиро оид ба ин ё он соҳа шунаванд. Ин боиси он гардид, ки Шӯроҳои маҳаллӣ кори худро ба таври сунъӣ зиёд карда, ваколатҳои муҳими худро танҳо ба ном иҷро кунанд.
Дар баробари ин, сардорони шӯъбаҳои ноҳиявии мақомоти корҳои дохилӣ, ҷонишинони шабакавии онҳо, инчунин нозирони профилактикии маҳаллаҳо низ дар назди Шӯроҳои маҳаллӣ алоҳида ҳисобот медоданд. Аз ин рӯ, бо фармон баъзе ваколатҳои Шӯроҳо оид ба ҳисоботдиҳӣ ва шунидани маълумот аз нав дида баромада, аз рӯи бахшҳо ба низом дароварда шуданд. Бо фармон муқаррар намудани ҳисоботи танҳо ҳокими шаҳр ва роҳбарони аввали мақомоти давлатии ҳудудӣ дар назди Шӯроҳо, дар оянда ба боз ҳам баланд бардоштани масъулияти сиёсӣ ва касбии ин роҳбарон дар назди Шӯро хидмат мекунад.
Сеюм, дар асоси тамоюли «Шӯрои пурқувват, ҳокими ҳисобдору ташаббускор» оид ба дақиқ тақсим намудани зиёда аз 100 ваколат дар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ дар байни Шӯрои маҳаллӣ ва ҳокимияти иҷроия таклифҳо таҳия карда мешаванд. Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ, тибқи натиҷаҳои интихоботи соли 2024, муайян карда шуд, ки раисони Шӯро ва ҳокимҳо аввал дар маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳри Тошканд ва баъдан дар шӯроҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) аз соли 2026 сар карда, алоҳида кор мекунанд.
Аз ин рў, дар байни мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ тақсимоти аниқи вазифаҳо ва функсияҳое, ки тибқи қонунгузории амалкунанда ба зиммаи мақомоти маҳаллии давлатӣ вогузошта шудаанд, муайян карда мешавад.
Вобаста ба ин, бо фармони мазкур «Харитаи роҳ» тасдиқ гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлия оид ба такмили ваколатҳо дар қонунгузории дахлдор пешниҳодҳо таҳия намоянд.
Дар таҳияи таклифҳо ба он диққати махсус дода мешавад, ки Шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ барои ҳалли масъалаҳое, ки бевосита ба манфиатҳои ҷамъият дахл доранд, инчунин дар тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят ташаббуси ҳокимон баланд бардошта мешавад.
Чорум, кафолат дода мешавад, ки Шӯроҳо фаъолияти худро мустақилона аз мақомоти давлатӣ амалӣ мегардонанд.
Хусусан, акнун:
— вазифа ва функсияҳо ба зиммаи Шӯроҳои маҳаллӣ танҳо бо ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ вогузор карда мешаванд;
— ба дахолат кардан ба фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ роҳ дода намешавад;
— дар оянда вазифаҳои дахлдори байни мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аниқ муайян карда мешавад;
— муайян карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки дар қонунгузории амалкунанда ба зиммаи мақомоти маҳаллии давлатӣ вогузор шудаанд ва ба фаъолияти Шӯроҳо хос нестанд, ҷавобгар мебошанд.
Ин навигариҳо, бешубҳа, барои фаъолияти худро танҳо ба манфиати интихобкунандагони худ ва ҳудуди дахлдор пеш бурдани Шӯроҳои маҳаллӣ асос мешаванд.
Панҷум, ба Шӯроҳо барои кори пурсамари онҳо шароити зарурӣ ва маводу таҷҳизот муҳайё карда шуд. Хусусан, мувофиқи қарор, барои бо биноҳои алоҳида таъмин намудани Шӯроҳои намояндагони халқи вилоятҳо, шаҳри Тошкент ва ноҳия (шаҳр)-ҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин маврид: дар марҳилаи якум (то 1‑уми октябри соли 2024) Шӯроҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, дар марҳилаи дуюм (то 1‑уми декабри соли 2025) Шӯроҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ бо бино ва иншоот таъмин карда мешаванд.
Бо ин мақсад биноҳо ва иншооте, ки Шӯроҳо дар онҳо ҷойгиранд, бо назардошти таҷрибаи хориҷӣ аз санҷиши пурра гузаронида мешаванд, барои биноҳои Шӯроҳои маҳаллӣ ва таҷҳизонидани онҳо талаботи минималӣ тартиб дода мешавад.
Дар амал татбиқ шудани вазифаҳои дар фармон зикршуда, барои манфиатҳои аҳолиро ҳифз намудани шӯроҳо, дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳоеро, ки бояд зудтар ҳал шаванд, афзудани ҳисобдорӣ, масъулият ва ҷавобгарии ҳокимони вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо дар назди Шӯроҳои маҳаллӣ, пурсамар кор кардани механизмҳои ҳамдигарро маҳдудкунанда дар сатҳи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ хидмат мекунад.