Ovozi.uz

Сохтори нави гармкунӣ чӣ гуна натиҷа медиҳад?

Сарсадорати иқтисод ва молияи вилоят барои кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ оиди иҷрои қарори Презиндент аз 10‑уми апрели соли 2023 «Дар бораи дар асоси шарикии давлативу хусусӣ модернизатсия кардани сохтори гармкунии объектҳои соҳаи иҷтимоӣ» ба ноҳияи Самарқанд пресс-тур ташкил кард. Иштирокчиён аввал бо ҳолати системаи гармкунии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 52 шинос шуданд. Маълум гардид, ки дар ин мактаб сохтори гармкунии синфхонаҳо азнавсозӣ карда шудааст. Ин корро дар мактаб корхонаи хусусии «Савдои маҳсулоти сохтмонии Бадал» ба ҷо овардааст.
Дар мактаб 4 дегхонаи гармкунии нав гузошта шудааст. Ҳамаи дегхона ва асбобу анҷомҳои зарурии он истеҳсоли Туркия аст. Ба воситаи онҳо обро гарм карда, ба синфхонаҳо интиқол медиҳанд ва дар синфхонаҳо ҳарорати беш аз 20–23 дараҷа нигоҳ дошта мешавад.
— Порсол мо барои гарм кардани синфхонаҳо азоб кашида будем, — гуфт директори макаб Хуршеда Ӯрунова. — Баъди модернизатсия ва сохтори гармкунии мактабҳоро ба тадбиркорон вобаста кардан аҳволамон хеле хуб шуд. Синфхонаҳо ҳоло гарм мебошанд. Ба нигоҳ доштани ҳарорати мӯътадили синфхонаҳо ду нафар масъуланд ва онҳо корҳои худро аз таҳти дил ба ҷо меоранд.
Аз рӯи гуфтаи роҳбари корхонаи хусусии «Савдои маҳсулоти сохтмонии Бадал» Заршед Адашев маълум гардид, ки дар тамоми 54 мактаби ноҳия системаи нави гармкуниро ба роҳ мондаанд. Барои зимистонгузаронӣ захираи зарурии ангишт доранд. Ба ҳар мактабе, ки захираи ангишташ ба охир мерасад, сари вақт ангишт расонида мешавад.
Дар ташкилоти таълими томактабии рақами 31 ҳам дегхонаҳои нав гузошта шудаанд. Дар ин боғча дар 6 гурӯҳ бачаҳо тарбияву парвариш карда мешаванд.
— Дар миқёси ноҳия гарм кардани тамоми боғчаҳо ба зиммаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Садорати механизатсиягардонӣ ва автотранспорт» мебошад, — гуфт роҳбари ин ташкилот Рустам Облоқулов. — Кормандони мо дар ҳар чор-панҷ соат ба печҳо ангиштсанг меандозанд. Печҳои «ақлдор»-и нави мондашуда ҳарорати ҳаворо ба дараҷаи зарурӣ нигоҳ медоранд. Масоҳати ин боғча 450 метри мураббаъ аст. Ба дар ин боғча ду печи гармкунӣ кифоя мебошад.
Иштирокчиёни пресс-тур бо ҳолати сохтори гармкунии поликлиникаи оилавии рақами 34 низ шинос шуданд. Азбаски қувваи барқ қатъ шуда буд, барои кори дегҳонаҳо генератори электрикиро истифода мебурданд.
— Дар ин соҳа ҳоло камбудиҳо ҷой доранд. Чунки қарори Президентамон дар ин хусус моҳи апрели соли 2023 ба имзо расида буд, — гуфт мудири шӯъбаи Сарсадорати иқтисод ва молияи вилоят Орзумурод Мардонов. — Вақт, ки кам буд, ёфтани тадбиркорон душвор гардид ва баъзе корҳо табъи дил иҷро карда нашуданд. Ин соли аввал аст. Дар давоми ин сол таҷриба зиёд мешавад ва минбаъд корҳо боз беҳтар мегарданд.
Бояд қайд кард, ки ҳоло дар вилояти Самарқанд се ноҳия, яъне ноҳияҳои Самарқанд, Иштихон ва Нарпай ба тарзи нави кор — сохтори гармкунии объектҳои соҳаи иҷтимоӣ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба амал бароварда мешаванд.

Б.ҶУМЪАЕВ