Дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба муаммоҳои тайёр кардани маҳсулоти органикии кишоварзӣ анҷумани матбуотӣ доир гардид. Дар он ҷонишини сардори Садорати хоҷагии қишлоқи вилоят Аслиддин Маҳмадмӯсоев дар ин бора ба журналистон маълумот дод. Ӯ дар баромади худ қайд кард, ки солҳои охир саломатии инсон ва мувозинати экологӣ ба мавзӯи муҳими баҳсу мунозираҳо қарор гирифта, талаб нисбати маҳсулоти органикӣ зиёд мешавад. Дар Ӯзбекистон, хусусан, дар Самарқанд барои истеҳсоли маҳсулоти органикӣ иқлими табиӣ, шароит ва захираи меҳнати вуҷуд дошта бошад ҳам, дар ин соҳа ҳоло имкониятҳои истифоданашуда хеле бисёранд.
Худи маҳсулоти органикӣ чист? Он аз маҳсулотҳои дигар бо кадом хусусиятҳои худ фарқ мекунад? Бояд зикр кард, ки ҳангоми истеҳсоли меваю сабзавот, гандуму ғалладона, маҳсулоти занбӯри асал, яъне тайёр кардани маҳсулоти органикии кишоварзӣ истифодаи нуриҳои химиявӣ ва маводи зидди ҳашароти зараррасон манъ аст. Дар парвариши растанӣ ва зироатҳо асосан пору, компост ва пасмондаҳои ниҳолу рустанӣ истифода мегарданд. Ба киштгардони замин қатъиян риоя карда мешавад… Дар натиҷа, ҳосили замин кам шавад, ки талабгоронаш зиёд шуда, нархи он нисбати дигар маҳсулотҳое, ки бо моддаҳои ғайриорганикӣ рӯёнида шудаанд, баланд аст. Афзалияти ин гуна маҳсулотҳо дар он аст, ки барои саломатӣ фоиданок буда, маҳсулоти экспортбоб аст ва ба экосистема зарар намерасонад.
Дар рафти анҷуман маълум гардид, ки соли равон дар вилоят наздик ба 12 ҳазор тонна маҳсулоти органикӣ тайёр карда шудааст ва ҷамъоварии меваю ҳосили сабзавот давом дорад.
Мавзӯи анҷумани матубуотӣ, ки хеле муҳим ва муфиду доғи рӯз буд, боиси саволу пурсишҳои зиёде гардид. Дар вақти саволу ҷавобҳо аниқ гардид, ки ҳоло ба истеҳсоли маҳсулоти органикӣ дар ноҳияҳои Булунғур, Ҷомбой, Самарқанд ва ғайра даст задаанд. Дар айни замон 71 хоҷагии фермериву деҳқонӣ ба ин кор машғуланд. Дар 1210 гектар қитъаҳои замину боғ кишоварзон барои истеҳсоли маҳсулоти органикии сабзавоту мева ҷаҳду талош доранд.
Б.ҶУМЪАЕВ
