Роҳбари давлатамон рӯзи 12‑уми сентябри соли равон «Дар бораи васеъ ҷашн гирифтани 630‑солагии олими бузурги қомусӣ, арбоби машҳури давлатӣ Мирзо Улуғбек» қарор қабул кард.
Бар асоси қарор дар мамлакатамон пурра таъмир кардани объектҳои вобаста бо номи Мирзо Улуғбек, аз ҷумла обод намудани ҳудудҳои маҷмӯаҳои ёдгории ба шарафи Мирзо Улуғбек барпокарда;
тармими сарватҳои мадании дастхат ва чопии мансуб ба мероси илмӣ-эҷодии аллома, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои нигаҳдории бовариноки онҳо;
ташкили чорабиниҳои илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Мавқеъ ва аҳамияти мероси илмӣ-маърифии Мирзо Улуғбек дар ривоҷи тамаддуни ҷаҳон» бахшида ба 630‑солагии таваллуди Мирзо Улуғбек;
дар театрҳои давлатӣ ва театр-студияҳои донишҷӯён ба саҳна гузоштани спектаклҳо роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Улуғбек;
бо мақсади омӯхтани мероси ғании Мирзо Улуғбек дар миқёси байналхалқӣ, бурдани ҷустуҷӯҳои васеъмиқёси илмӣ ва эълон кардани натиҷаҳои онҳо, дар ҳамин мавзӯъ офаридани асарҳои илмӣ, бадеӣ-публитсистӣ, ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардани асарҳои олимони хориҷӣ;
тайёр намудани воситаҳои намоишии ахборӣ, ки дар онҳо симои Мирзо Улуғбекро офаридаанд, ба шахси ӯ, фаъолияташ ҳамчун арбоби давлатӣ ва мероси илмӣ-маърифии аллома бахшида шудаанд, офаридани медиамаҳсулот ва асарҳои аудиовизуалӣ, васеъ равшан намудани онҳо дар воситаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ ва хориҷӣ, ҷойгир намудани онҳо дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муайян гардидааст.
Аз ҷумла, рӯзҳои 10–11‑уми октябр дар шаҳри Самарқанд таҳти мавзӯи «Мирзо Улуғбек: олими бузурги қомусӣ ва арбоби машҳури давлатӣ» конфронси байналхалқӣ баргузор мешавад.
Ба Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо дар ҳамкорӣ бо вазорат ва идораҳои манфиатдор роҷеъ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар бораи тадқиқ намудани ҳаёт ва мероси илмӣ-маърифии Мирзо Улуғбек бар асоси талаботи супоришҳои давлатӣ, эълон кардани озмуни лоиҳаҳои илмӣ, ба Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек вазифаи ба забони ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума намудани асари «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ», такроран нашр кардани тарҷумаи асари «Тӯрт улус таърихи»-и аллома ба забони ӯзбекӣ, гузарондани озмуни беҳтарин мақолаҳои илмии бахшида ба омӯхтани ҳаёт ва мероси илмӣ-маърифии Мирзо Улуғбек гузошта шудааст.
Муайян карда шуд, ки Академияи илмҳо дар моҳи октябри соли 2024 дар ташкилотҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ тақдимоти асарҳои тозанашри Мирзо Улуғбекро мегузаронад, Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунӣ намоиши дастхатҳои асарҳои даври Мирзо Улуғбекро ташкил мекунад.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ тақдимоти филми ҳуҷҷатии «Нардбоне, ки ба сақфи осмон гузошта шуд» баргузор мешавад.
630‑cолагии Мирзо Улуғбек васеъ ҷашн гирифта мешавад
