Мувофиқи қарори роҳбари давлатамон аз 6‑уми феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Самарқанд минтақаи сайёҳӣ-фароғатии «Оҳалик-Оқбӯйро-Миронқул» ташкил гардид. Бо мақсади рушд ва идоракунии минтақаи сайёҳӣ дар назди ҳокимияти ноҳия дар шакли муассисаи давлатӣ фаъолияти Дирексияи минтақаи сайёҳӣ-фароғатии «Оҳалик-Оқбӯйро-Миронқул» роҳандозӣ шудааст.
— Мақсади асосии таъсиси ин минтақаи сайёҳӣ, дар ҳоли истифодаи самараноки иқтидори сайёҳии вилояти мо, дар асоси талаботи замон фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди сайёҳи экологӣ ва экстремалӣ, бунёди иншооти савдою фароғатӣ ва дигар объектҳои инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ дар минтақаи кӯҳӣ мебошад, — гуфт ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов. — Бесабаб нест, ки барои ин мақсад айнан ҳамин маҳаллаҳо интихоб шудаанд. Зеро ин ҳудудҳо, ки дар минтақаи кӯҳӣ воқеъ гардидаанд, бо табиати зебо ва ҳавои тозаи худ аз дигар ҷойҳо фарқ мекунанд. Азбаски тобистон салқин аст, дар ин ҷо якчанд осоишгоҳҳои бачагона сохта шудаанд. Дар соҳили дарёе, ки аз байни деҳаҳо мегузарад, сокинон марказҳои истироҳатӣ барпо кардаанд. Солҳои минбаъда аз ҷониби субъектҳои тадбиркорӣ низ чунин иншоотҳо бунёд карда шуданд. Аммо то кунун ягон барнома ё харитаи роҳ барои рушди сайёҳӣ дар як самти мушаххас дар ин минтақа вуҷуд надошт. Ва ҳоло чунин имконият фароҳам оварда шудааст.
Тибқи ин қарор, дар вилоят лоиҳаҳои сайёҳии кӯҳии «Оҳалик» бо майдони умумии 1697 гектар, «Оқбӯйро» бо 414 гектар ва «Миронқул» бо 2545 гектар амалӣ карда мешаванд. Дар солҳои 2024–2025 барои бунёди иншооти соҳаи сайёҳӣ ва хидматрасонӣ сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ҳудуди минтақа фаъолияти муассисаҳои муосири савдо ва хидматрасонӣ (ресторанҳо, марказҳои фароғатӣ ва ғайра) ба роҳ монда шуда, фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву санъатӣ дастгирӣ карда мешаванд.
Дар солҳои 2025–2026 барои рушди минтақаҳои сайёҳӣ-фароғатӣ ва нақлиёти автомобилӣ, муҳандисӣ-коммуникатсия ва инфрасохтори истеҳсолӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ масраф гардидани 31 миллиарду 81 миллион сӯм ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 8 миллиарду 900 миллион сӯм ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин, барои таҷдид, таъмири ҷорӣ ва мукаммали инфрасохтори роҳ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят 14 миллиарду 700 миллион сӯм ҷудо карда мешавад. Илова бар ин, сохтмон ва таъмири шабакаҳои барқ, бунёд ва азнавсозиву таҷдиди шабакаҳои оби нӯшиданӣ ва канализатсия, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. Ҷамъияти саҳҳомии «Ўзбектелеком» барои рушди технологияҳои ахборӣ-коммуникатсионӣ масрафи 97,4 миллион сўмро ба нақша гирифтааст.
Дар қарор дар муддати як моҳ доир ба вазифаҳои ташкил намудани фаъолияти минтақаи сайёҳӣ-фароғатии «Оҳалик-Оқбӯйро-Миронқул», таклифҳо оиди таҳияи мастер-нақшаи минтақа ва тағйир додани тоифаи майдони заминҳои талабгардида, то 1‑уми августи соли ҷорӣ ба комиссияи ҳукумат пешниҳод кардани онҳо, дар минтақа ташкил намудани шӯъбаи таъмини туризми бехавфи садорати корҳои дохилӣ ва ғайра чораҳо муайян карда шудаанд. Дар айни ҳол дар ин бобат корҳо идома доранд.
— Ҳафтаи гузашта таҳти роҳбарии ҳокими вилоят масъалаи сари вақт иҷро намудани вазифаю тадбирҳои дар қарор зикргардида мавриди баррасӣ қарор гирифт, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати минтақаи сайёҳӣ ва фароғатии «Оҳалик-Оқбӯйро-Миронқул» Ҷӯрабек Суюнов — Масъулони масъалаҳои марбут дар вилоят ва ноҳия таъин шуданд. Дар ҳақиқат, дар барномаи чорабиниҳо тамоми вазифаҳо бо мӯҳлати аниқ ва шахси масъул нишон дода шудаанд. Дар маҷлис аз ҷониби ҳокимияти ноҳияи Самарқанд лоиҳаҳо тақдим карда шуданд. Дар маҷмӯъ, ҳоло 130 лоиҳаи ибтидоӣ ба маблағи умумии 73 миллион доллар мавҷуд аст. Ғайр аз ин, дар ҳудуд лоиҳаҳое амал мекунанд, ки таъмири онҳо дар назар дошта шудааст.
Масалан, лоиҳаи бунёди роҳи 6‑километра, ки 3 истгоҳ дорад, пешниҳод карда мешавад. 40 лоиҳа оид ба ташкили меҳмонхонаҳои модулӣ, кемпингҳо, эко-хонаҳо, марказҳои истироҳатӣ, боғҳои экологӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ бо иқтидори қабули 110 ҳазор сайёҳ таҳия шудааст.
Ҳоло дар маҳаллаҳо ҷараёнҳои барӯйхатгирӣ давом доранд. Дар ҳудуд қариб 15 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, 6 ҳазор хонаи истиқоматӣ мавҷуд аст. Ғайр аз ин, дар ин ҷо объектҳои сервисӣ ва хидматрасонӣ вуҷуд доранд. Ҳар як хоҷагӣ, ҳар як дастгоҳ ба рӯйхат гирифта шуда, маълумот ҷамъ карда мешавад. То 1‑уми май дар Оҳалик, Оқбӯйро ва Миронқул ҳамагӣ 4656 майдони замин мувофиқи тартиби муқарраршуда бояд ба ҳисоби дирексияи минтақаи сайёҳӣ гузаронда шавад.
Инчунин, инфрасохтор мавриди омӯзиш қарор гирифта, муайян карда мешавад, ки дар куҷо ва кадом корҳо бояд иҷро шаванд. Дар охири моҳ як гурӯҳи корӣ барои таҳияи мастер-нақшаи минтақа меояд ва то ин муддат маълумоти асосиро ҷамъоварӣ кардан лозим аст.
Оҳалик, Оқбӯйро, Миронқул макони туристӣ мешавад
