Кадом тоифаи бонувонро занҳои лидер мегӯянд? Аввалин олимаи ҳуқуқшиноси ӯзбек Хадича Сулаймонова, олимаи химик Зарифа Саидносирова, арбоби бузурги адабиёт Зулфия Исроилова, Каҳрамони Ӯзбекистон Суйима Ғаниева, шоираи хушбаён Ҳалима Худойбердиева, аввалин дирижёри ӯзбек Дилбар Абдураҳмоноваро медонед? Рӯйхати онҳоро боз давом додан мумкин аст. Бояд гуфт, имрӯз сафи занҳое, ки вазифаи роҳбарии идораҳои давлатӣ ва ҷамоатиро бар ӯҳда доранд, бо раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева, ҷонишини мушовири Президент Галина Саидова, сафири Ӯзбекистон дар Исроил Фирӯза Маҳкамова, ҷонишини Сарпрокурор Светлана Ортиқова, вакили Олий Маҷлиси Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқҳои инсон (Омбудсман) Фирӯза Эшматова барин занҳои пешқадам васеъ мешаванд. Барои то ба ин дараҷа расидани онҳо дониш ва азму иродаашон асос шудааст.
Дар форуми занону духтарон, ки дар шаҳри Каттақӯрғон таҳти шиори «Ман ҳам роҳбар мешавам!» барпо гардид, бо чунин занҳои пешқадам ва дигар бонувони лидер шиносоӣ ташкил карда шуд. Форум на танҳо фаъолони Каттақӯрғон, балки занону духтарони ноҳияҳои ҳамсояро низ ҷамъ овард. Ҷонишини ҳокими вилоят, роҳбари Садорати оила ва зану духатрон З. Раҳмонова ҳозиронро бо оғози форум табрик гуфта, таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо бояд дар дигар ҳудудҳо низ баргузор шаванд.
— Эътибор ба занону духтарон ва корҳое, ки дар бобати ҳамаҷониба дастгирӣ кардани онҳо амалӣ мегарданд, дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад, — гуфт ҳокими шаҳри Каттақӯрғон Гавҳар Алимова. — Ин дигаргуниҳо, шароитҳо ба мо — занони роҳбар, занҳое, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд, бонувоне, ки дар хона бо тарбияи фарзанд машғуланд, умуман дар ҳаёти ҳар як зан аҳамияти калон дорад.
Имрӯз чун камина ба ҳайси ҳоким фаъолият бурдани боз чор нафар зани дигар низ натиҷаи ҳамин ислоҳотҳо мебошад.
Ҳоло дар кишварамон дастгирии занони эҳтиёҷманди ҳифзи иҷтимоӣ ва ба онҳо расонидани ёрии иҷтимоиву моддӣ хеле беҳтар гаштааст. Баробари ин, имрӯз духтарони боистеъдод ҳам дар мадди эътиборанд. Мутаассифона, баъзан ба назар мерасад, ки духтарони ташнаи дониш бо баъзе сабабҳо наметавонанд истеъдоди худро нишон диҳанд. Бинобар ин, муносибат ба занро дар ҷомеа, дар оила бояд тағйир дода, мавқеи онҳоро дар оила мустаҳкам ва фаъолияшонро дар ҷамъият қадр намудан лозим аст.
Имрӯз 51 фоизи аҳолии шаҳри Каттақӯрғонро занону духтарон ташкил мекунанд. Аз онҳо 370 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ, 14 нафар намояндагони Шӯрои шаҳриву вилоятӣ, 700 нафар дар мактаб, қариб 800 нафар дар муассисаҳои таълими томактабӣ, 63 нафар дар мактабҳои таълими олӣ, зиёда аз 1000 нафар дар соҳаи тандурустӣ ва ғайра фаъолият мебаранд. Бо мақсади баланд бардоштани иштироки занон дар идоракунии давлат 100 нафар занони фаъол ба захира гирифта шудаанд.
Дар анҷуман аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таълими умумӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият ва симои занҳои лидер, ки дар ТОР 40‑тогии Ӯзбекистон сабти ном шудаанд, ифода карда шуданд.
— Духтарон кӯшиш кардаанд, ки симои бонувони маъруфи таърихамон, занони олима ва пешвоеро, ки то имрӯз бо меҳнати ҳалоли худ дар ҳаёти ҷамъият саҳм мегузоранд, ифода намоянд, — гуфт ҷонишини ҳокими шаҳри Каттақӯрғон, роҳбари шӯъбаи оила ва занону духтарон Шаҳло Ботурова. — Бархе аз онҳо дар ҷараёни омодагӣ ба чорабинӣ бо олимаҳо, ки ба ташкилотҳои бонуфуз роҳбарӣ мекунанд ва ё дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ доранд, шинос шуданд. Ин барои онҳо як мотиватсия гардид. Ба мувофиқа расидем, ки минбаъд чунин анҷуманҳоро дар доираи муассисаҳои таълимӣ низ гузаронем.
Занҳои лидер дар Каттақӯрғон ҷамъ омаданд
