Солҳои охир дар мамлакатамон таҷрибаи ба вазифаҳои роҳбарӣ ва масъулиятнок таъин намудани ҷавонон самараи хуб медиҳад. Аз ҳама беш роҳандозӣ гардидани ҳамкории идораҳои давлатӣ бо муассисаҳои таълими олии вилоят баробари ташаккули таҷрибаи роҳбарӣ дар ҷавонон, ба таъмин намудани идора ва ташкилотҳо бо кадрҳои меҳнатқарин ва соҳибдониш ёрӣ медиҳад.
Ҳокимияти вилоят ба мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои устуворе, ки дар «Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав»-и барои ривоҷдиҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2022–2026 пешбинӣ шуда, муайян гардидааст, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ ва ба хизмати давлатӣ фаъолона ҷалб кардани ҷавонон бар асоси озмун аз байни хатмкунандагони солҳои 2020–2023-и муассисаҳои таълими олии вилоят 1809 нафар хатмкунандагони боистеъдодро интихоб карда, ба захираи кадрҳои боистиқболи ҳокимияти вилоят гирифт.
Бар асоси тавсияи ҳокимияти вилоят 848 нафари ин ҷавонон (46,9 дарсад) дар идораҳои давлатӣ, 380 нафар (21 дарсад) дар сектори хусусӣ фаъолият пеш баранд, 252 нафар (14 дарсад) фаъолияти илмии худро идома медиҳанд. 223 нафар кадрҳои боистеъдоди ба захира гирифтаи боқимонда дар соҳаҳои гуногун фаъолият пеш мебаранд.
Ҳокимияти вилоят барои такмили фаъолияти корӣ, зина ба зина ба вазифа таъин кардан ва ба дигар ҷавонон намуна шудани онҳо шароитҳои дахлдор фароҳам меорад. Бояд эътироф кард, ки лоиҳаи ин кор аввал дар Самарқанд ба тариқи таҷиба, сипас дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Дар айни ҳол захираи кадрҳои истиқболноки ҳокимияти вилоят қабати лидерҳои ҷавони аз ҷиҳати зеҳнӣ босалоҳият ва дар мавқеъ (позитсия)-и шаҳрвандӣ, соҳиби ҷаҳонбинии васеъ буда, бо як сухан гӯем, ба он чун модули замонавии ташаккули захираҳои кадрҳои авлоди нав аз байни писарону духтарони боистеъдод нигоҳ мекунанд. Ин ҳаракатҳо аввало, барои ба ҳаёти калон гузоштани қадамҳои устувори ҷавонони ҳар тарафа ривоҷёфта, осон паси сар кардани душвориҳо, ташаккули онҳо ба сифати мутахассиси пешбари соҳаи худ вазифаи пойдеворро мегузарад.
Имсол бо мақсади пайваста идома додани ин корҳо рӯйхати 518 нафар хатмкунандагони боистеъдоди муассисаҳои таълими олиро ташаккул дода, аз 27 уми май то 4 уми июн дар муассисаҳои таълими олӣ бо онҳо вохӯриҳо баргузор гардиданд. Дар вохӯриҳо бо нақшаҳои ояндаи ин хатмкунандагони боистеъдод аз наздик шинос шуда, бо онҳо роҷеъ ба муносибате, ки нисбати хизмати давлатӣ доранд ва зарурати сарф кардани илми гирифтаашон дар роҳи тараққиёти Ватан мулоқотҳо гузаронда шуданд.
Дар вохӯриҳо ба ҳамаи саволҳои хатмкунандагон посух дода, маълум карданд, ки ҷавонони боистеъдоде, ки хоҳиши идома додани фаъолияти илмӣ ё ки ташкил кардани бизнеси худро доранд, ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд.
Ғайр аз ин бо 24 нафар хатмкунандаи Мактаби Президенти шаҳри Самарқанд вохӯрӣ ташкил карда, роҷеъ ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи онҳо мулоқоти кушода гузаронда шуд.
Умуман, ҳоло 2375 нафар ҷавонони боистеъдод ба захираи кадрҳои боистиқболи ҳокимияти вилоят гирифта шудаанд. Ба камолот расидан ва ташаккули онҳо ҳамчун хизматчии бомалакаи давлатӣ барои тараққиёти мамлакатамон ва манфиатҳои миллиамон хизмат мекунанд.
Беҳзод РАҲМАТУЛЛОЕВ,
роҳбари гурӯҳи ташкилӣ-кадрҳои ҳокимияти вилоят
