Ҳайати намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сарварии намояндаи савдо, хонум Кетрин Тай, ки дар диёрамон меҳмон аст, ба Самарқанд ташриф овард.
Меҳмонон бо ҳокими вилоят ва роҳбарони корхонаҳои калони истеҳсолии Самарқанд вохӯрданд. Дар вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои долузарби васеъ кардани самтҳои ҳамкории муштарак, мустаҳкам намудани робитаҳои савдо-иқтисодӣ ва ғайра мубодилаи афкор карданд.
Ҳокими вилоят Э. Турдимов меҳмононро бо ташриф табрик намуда, таъкид кард, ки муносибатҳои байни Ӯзбекистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо суръат ривоҷ меёбад ва ташрифи хонум Кетрин Тай ҷараёни мазкурро ба зинаи нав мебарорад. Инчунин, қайд гардид, ки дар айни ҳол барои инкишофи ҳамкорӣ дар навбати аввал ривоҷдиҳии сайёҳӣ зарур аст.
— Дар хамкории муштарак сайёҳӣ соҳаи аз ҳама мақбул мебошад, — гуфт Эркинҷон Турдимов. — Чунки ҳангоми он барои тарафҳо маҷбуриятҳои алоҳида гузашта намешаванд. Имрӯз Ӯзбекистонро яке аз минтақаҳои барои сайёҳӣ хубтарин медонам. Аввалон тинҷие, ки дар диёрамон мавҷуд аст, яке аз талаботи барои сайёҳӣ муҳим мебошад. Сустии байни ҳамаи соҳаҳои сайёҳӣ аз Ӯзбекистонро хуб надонистани амрикоиҳо аст. Бинобар ин тарғиботро пурзӯр кунем, сайёҳӣ байни Ӯзбекистон ва ИМА инкишоф меёбад ва барои якдигарро хубтар шинохтани халқҳои мо хизмат мерасонад. Ин дар навбати худ барои роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои соҳибкорони мо аҳамияти муҳим дорад. Имрӯз яке аз вазифаҳои муҳимтарини мо фароҳам овардани шароити мусоид барои ба якдигар наздик шудани намояндагони соҳаи бизнес аст. Дар чунин ҳол ҳамкории иқтисодӣ мувофиқи талабҳои имрӯза ривоҷ меёбад. Инҷо ба Ташкилоти Умумиҷаҳонии савдо аъзо шудани мамлакатамон низ муҳим, албатта. Ба фикрам, ИМА дар ин ҷараён ба мо хайрхоҳӣ мекунад.
Дар навбати худ хонум Кетрин Тай мамнунияти худро аз ташрифаш ба Самарқанд гуфта, барои қабули самимӣ миннатдорӣ баён кард. Таъкид намуд, ки ривоҷдиҳии ҳамкории байни ду давлат, ба зинаи нав баровардани робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ лозим мебошад.
Дар давоми мулоқот роҷеъ ба роҳандозии робитаҳои ҳамкорӣ табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, соҳибкорони самарқандӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони амрикоӣ муаммоҳои бо боҷхона ва виза вобастаро ба миён гузоштанд. Бар асоси фикру мулоҳизаҳои баёнгардида, нақшаҳои оянда таҳия карда мешаванд.
Меҳмонон дар давоми ташрифи худ ба Самарқанд аз ёдгориҳои меъморӣ ва дигар ҷойҳои сазовори диққати шаҳр дидан карданд. Дар бозори кӯҳани деҳқонии Самарқанд растаҳои шириниҳои Шарқ, меваҳои хушк, маҳсулоти ҳунармандӣ ва нонро аз назар гузаронданд.
Аъзои ҳайати намояндагон дар майдони Регистон дурдонаи бетакрори таърихии халқамонро бо шавқи калон тамошо карданд. Таърихи бунёди он, корҳои сохтмон, ки бо хеле саҳеҳӣ амалӣ гардидаанд, ба меҳмонон як олам таассурот гузошт.
— Салоҳияти Самарқанд маро беҳад хурсанд кард, — гуфт хонум Кетрин Тай. — Ман ба ин замин омада, донишҳои худро роҷеъ ба таърих ғанӣ гардондам. Аз ҳама беш, роҷеъ ба таърихи Роҳи бузурги абрешим, ки аз қадим дар муносибатҳои тиҷоратии дунё мавқеи муҳим дошт, нақши он дар байни мамлакатҳо маълумоти кифоя гирифтам.
Дар обидаҳои меъмории Самарқанд шуда, амин гардидам, ки ин замин ба шунидаҳоям дар бораи он дар ҳақиқат монанд аст. Ҷараёнҳои бозори Сиёбро мушоҳида карда, ҳис намудам, ки ҳоло низ Самарқанд мавқеи қадимаи худро гум накардааст.
Мақсади ман аз ёфтани посух ба саволи «Барои боз ҳам ривоҷдиҳии муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва ИМА ба кадом соҳаҳо бештар эътибор бояд дод?» иборат аст. Медонам, ки қадами муҳим дар ин роҳ ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо аъзо шудани Ӯзбекистон аст, албатта. Мо дар ин самт онҳоро пурра дастгирӣ мекунем. Ман мамнунам, ки дар вохӯрии имрӯзаи мо вакилони корхонаҳои калон иштирок мекунанд. Аз имконият истифода бурда, пешниҳодеро ба миён мегузорам, ки бисёр вақт боз дар борааш андеша мекунам. Дебочаи зинаи нави ҳамкории мо дар ягон соҳаи муайян роҳандозии сохтори муштараки ҳамкорӣ мешавад. Барои ин сайёҳӣ соҳаи хеле муҳим аст.
Сайёҳӣ барои ҳамкорӣ соҳаи аз ҳама мақбул аст
