Ovozi.uz

Барои таъмини ҳуқуқи инсон ҳалли муаммоҳои иқлимӣ муҳим аст


Дар Самарқанд боз як форуми дорои аҳамияти муҳим баргузор гардид. Рӯзҳои 13–14 уми июн дар шаҳри бостонӣ Форуми чаҳоруми Самарқанд оид ба ҳуқуқи инсон гузаронида шуд. Мавзӯи имсолаи анҷумани байналмилалӣ, ки ба таври анъанавӣ баргузор мешавад, «Мушкилоти экологӣ: ояндаи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони тағйирёбанда, дарёфти роҳҳои ҳалли устувор» буд.
Дар оғози анҷуман муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиёни форум расонданд. Табрикро котиби матбуоти президент Шерзод Асадов хонда дод.
Пас аз он, ҷонишини якуми Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, директори Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳуқуқи инсон Акмал Саидов таъкид намуд, ки ин анҷумани байналмилалӣ, ки дар он масъалаҳои иқлим ва ҳуқуқи инсон баррасӣ мешаванд, дар суханронии Президенти Ӯзбекистон дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба тағирёбии иқлим (СOP28) пешниҳод шудааст.
— Ман фикр мекунам, ки ташаббусҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешкаш гардида, хеле муҳим мебошанд. Имрӯзҳо ба инқирози дараҷаи глобалӣ рӯ ба рӯ мешавем ва Ӯзбекистон дар ин соҳа бисёр корҳои амалиро ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, ташаббуси роҷеъ ба макони сабз табдил додани минтақаи назди Аралро дастгирӣ мекунем. Ба фикри ман ислоҳотҳои мазкур саривақтӣ ва дар фурсати пурдолузарбиаш амалӣ мегардад. Бояд таъкид намуд, ки Президент ба ин масъала аз ҷиҳати сиёсӣ ва ба дараҷаи баланд таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Ин муаммоҳо фақат гуфта намешаванд, балки сарвари давлат барои ҳалли онҳо вазифаҳои аниқро ҳам медиҳад. Метавон гуфт, ки форуми мазкур ҳам бо мулоҳизаҳои коршиносон, табодули афкор ва бозомӯзӣ барои якҷоя мубориза бурдан ба муаммоҳои глобалӣ платформаи самаранок шуд, гуфт иҷрокунандаи вазифаи вакили доимии Барномаи рушди СММ Анас Файяд Қарман.
Сипас, ҷонишини вазири адлия Музраф Икромов, координатори доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ӯзбекистон Сабина Маҳл иштирокдоронро муборакбод гуфта, қайд карданд, ки мавзӯи ин анҷумани бонуфуз хеле пурдолузарб ва аҳамияти баланд дорад.
Нотиқон эътироф намуданд, ки таваҷҷуҳи бештар ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити рӯзафзуни мушкилоти шадиди экологӣ кор як ҳудуд ё минтақа набуда, балки кори тамоми ҷаҳон — башарият мебошад.
— Форуми Самарқанд дар худ «Рӯҳияи Самарқанд»-ро таҷассум мекунад, — гуфт А. Саидов. — Дар ин ҷо роҷеъ ба ҳуқуқи инсон арзишҳои Самарқанд ташаккул меёбад. Ҳоло дар олам се бӯҳрони ҷаҳонӣ — тағирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист шиддат мегирад. Ин хатарҳо ҳатто ба меъмории геополитикии ҷаҳон таъсир мерасонанд. Мақсад аз гузаронидани ин форум ба ин муаммоҳо ҷавоб ёфтан ва барои ҳалли онҳо нақшаи кориро тартиб додан мебошад.
Дар доираи форум як гурӯҳ иштирокчиён бо нишони сарисинагии «Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон» қадрдонӣ шуданд.
Ҷамъомади пленарии нахустини анҷуман ба ҳалли мушкилоти экологӣ, роҳбарияти созмонҳои байналмиллалӣ ва нақши ниҳодҳои миллии ҳуқуқи башар дар ҳифзи ҳуқуқи инсон бахшида шуд. Дар он беш аз бист нафар намояндагони соҳа аз давлатҳои гуногун ба таври онлайну офлайн баромад карданд.
— Дар форуми Самарқанд ширкат варзидани беш аз 200 нафар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, хориҷӣ ва миллӣ дар форматҳои офлайн ва онлайн чӣ қадар муҳим будани мавзӯро маълум мекунад. Аз ҷиҳати вобаста будани ҳуқуқҳои инсон ва тозагии атрофу муҳит, ба одамон таъмин намудани муҳити тоза, солим ва барқарор зарур аст, — гуфт Сабина Маҳл.
Оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, ки ба хатари асосии рушди устувор табдил ёфтааст, дар Осиёи Марказӣ ба далели фоҷиаи Арал ҷиддан эҳсос мешавад. Сарфи назар аз он, ки Ӯзбекистон барои рафъи оқибатҳои ин фоҷеаи ҷаҳонӣ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои идомаи ин талошҳо хеле муҳим аст.
Муҳокимаҳо дар чаҳорчӯби ҷамъомади якум ба созмонҳои байналмилалӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли устувори мушкилоти экологӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон шароити хубро фароҳам овард.

Дар пленари дуюм мавзӯи тамоюлҳои ҷаҳонии тағйирёбии иқлим ва таъсири онҳо ба ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар заминаи табақаҳои осебпазир баррасӣ гардида бошад, дар пленари сеюм стратегияҳои глобалӣ ва ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳамчунин нақши тадбиркорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои экологӣ ва татбиқи ташаббусҳои иқлим муҳокима карда шуданд.
Дар охири форум «Декларатсияи Самарқанд роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити тағйирёбии иқлим: ӯҳдадориҳо ва амалҳо барои ояндаи устувор» таҳия гардид.

Музраф ИКРОМОВ,
ҷонишини вазири адлия:
— Афзоиши ҳаракати нақлиёт ва тирбандӣ, ки ба як мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст, боиси ифлосшавии ҳаво мегардад. Автомобилҳо ҳавои атмосфераро 45,7 фоиз бо оксидҳои азот ва 42 фоиз бо карбогидридҳо ифлос мекунанд.
75,5 миллион тонна ё 78 фоизи қариб 100 миллион тонна гази карбон дар як сол ба ҳаво аз ҳисоби нақлиёт мебарояд. Аз ин рӯ, муайян намудани ояндаи устувори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар раванди таҳдидҳои глобалӣ, таъмини ҳуқуқҳои экологии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки стратегии Ӯзбекистони Нав мебошад.
Шереф МАЛКОЧ,
намояндаи Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсман):
— Ҳоло байни омбудсманҳои Туркия ва Ӯзбекистон робитаи хуб барқарор шудааст. Мо Ассотсиатсияи Омбудсманҳои Созмони давлатҳои туркиро таъсис додаем ва дар Ассотсиатсияи Омбудсманҳои ҷаҳони ислом ҳам ҳамкорӣ дорем.
Дар ифтитоҳи форум табрикоти Президент Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни конфронс шунавонида шуд. Ин табрикот на танҳо барои мардуми Ӯзбекистон ё Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми ҷаҳон муроҷиати махсусан муҳим аст. Барои он, ки имрӯз дунё ба некӯаҳволӣ, сулҳу амонӣ эҳтиёҷи калон дорад. Агар кишварҳое, ки бештар ба муҳити зист зиён мерасонанд, ҳушёрии худро зиёд кунанд, ин мавзӯъ аз рӯзнома меафтад.
Султон бин ҲАССАН АЛ-­ҶАМОЛӢ, саркотиби Кумитаи миллии ҳуқуқҳои инсон дар Қатар:
— Форуми Самарқанд аз соли 2018 дар ҳар ду сол як маротиба гузаронида мешавад. Ман аз иштирок дар ҷамъомади чаҳоруми ин форум бениҳоят мамнунам. Мо дар ин анҷуман муаммоҳои атрофу муҳит ва ҳуқуқҳои инсонро муҳокима карда, дар оянда барои ҳалли онҳо кӯшиш мекунем.
Боз як мақсади иштироки мо, ин форум дар доираи меморандум байни Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҷеъ ба ҳуқуқҳои инсон ва Кумитаи миллии ҳуқуқҳои инсон дар Қатар гузаронида мешавад. Корҳое, ки мо бояд аз якдигар биёмӯзем бисёр аст. Аз ин рӯ, минбаъд ҳам мувофиқи меморандум дар Қатар ё Ӯзбекистон гузаронидани форум ва конференсияҳои доир ба соҳаи мазкурро ба нақша даровардаем.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ