Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» фестивали ҷавонон идома дорад. Рӯзҳои 12–13–14 уми июни соли равон чунин фестивал дар ноҳияҳои Каттақӯрғон, Оқдарё ва Пастдарғам гузаронида шуд.
Ноҳияи Каттақӯрғон
Фестивал дар ноҳияи Каттақӯрғон бо марафони пиёдагардӣ таҳти шиори «Барои ҳаёти солим — 5 ҳазор қадам» оғоз гардид. Инчунин, дар давоми рӯз чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, озмуну мусобиқаҳо гузаронида шуд, намоишгоҳҳои гуногун ташкил гардиданд.
Дар «Вохӯрии роҳбар ва ҷавонон» беш аз 100 нафар писару духтарон иштирок карданд. Онҳо ба роҳбарони ноҳия аз рӯйи масъалаҳои бунёди Маркази ҷавонони ноҳия, ташкили китобхона дар деҳот, гузаронидани мусобиқаҳои тенниси рӯимизӣ муроҷиат карданд. Мутасаддиёни ҳокимият барои ҳалли ин масъалаҳо ваъда доданд.
Ноҳияи Пастдарғам
Дар ноҳияи Пастдарғам низ фестивал бо марафони пиёдагардӣ оғоз ёфта, дар идома намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, фаъолони маҳаллаҳо, пиру ҷавон машқҳои тарбияи баданро иҷро намуданд.
Сипас, иштирокдорон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ, кашидадӯзӣ ва таҷҳизоти варзишӣ дидан карданд. Инчунин, дар доираи фестивал озмуни «Қонуни ман — тақдири ман», бозии интеллектуалии «Заковат», мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, бозиҳои миллӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ ва рақс доир гардид. Роҳбарони секторҳои ноҳия дар тадбиру мусобиқаҳо иштирок карда, бо ҷавонон сӯҳбат оростанд.
Дар идомаи фестивал ҷавонони лоиҳа бо тақдимоти лоиҳаҳои «Устод Ал», «Ибрат фарзандлари» ва «Мутолиа» шинос шуданд.
Дар чорабиниҳо ҷонишини ҳокими вилоят Ҳ. Тӯхтаев низ иштирок кард ва аз лоиҳаҳо, ки дар боғи марказии ноҳия ташкил гардидааст, дидан намуд.
Дар ноҳияҳои мазкур ҳангоми анҷоми чорабиниҳо барномаҳои консертӣ баргузор гардид. Дар оғози барномаҳо намояндагони соҳаҳои гуногун, ки барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон саҳм мегузоранд, ҷавонони фаъол бо тӯҳфа ва ташаккурномаҳо сарфароз гардиданд. Баромади санъаткорони хушовоз ба иштирокдорон кайфияти идона бахшид.
Фестивал дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят идома дорад.
Мухбири худамон.
