Солҳои охир дар кишварамон барои ривоҷу равнақи соҳибкорӣ ва дастгирии соҳибкорон ислоҳоти зиёд ва густурда амалӣ мешаванд.
Соҳибкорони закиву чашмикордон аз ин имкониятҳо оқилона истифода намуда, фаъолияти худро ба роҳ мемонанд ва ҳам якчанд нафарро бо шуғл таъмин мекунанд.
Фаъолияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Неъматҷон Файзуллоев», ки бо ибтикори соҳибкор Анвар Неъматуллоев боз гардидааст, ана ҳамин гуна «рисолат»-ро ба ҷо меорад.
Ҷамъият, ки дар маҳаллаи Катта Қишлоқи ноҳияи Ҷомбой воқеъ мебошад, дар як гектар замин гармхона бунёд намуда, дар он помидор, бодиринг ва қаланфури булғорӣ парвариш менамояд.
Ҳоло коргарони гармхона асосан бо ҷамъоварии ҳосили помидор машғул мебошанд.
— Дар зимистон ҳосили қаланфури булғориро ҷамъ намуда, помидор шинондем, — гуфт А.Неъматуллоев. — Ҳосили помидорро дар моҳҳои апрел-июн ғундошта, бодиринг мекорем. Ҳамин тариқ, бо навбат дар давоми сол ҳосил мегирем. Дар аввали моҳи январи соли равон 20 ҳазор кӯчати помидорро шинонда будем. Ин кӯчатҳо ба навъи «Аламина»-и помидор мансуб буда, онҳо тақрибан баъди 100 рӯз ҳосил медиҳанд. Ҳоло помидорҳо пасу пеш мепазанд. Ҳосили онҳоро то 60-65 рӯз чидан мумкин аст. Барои чидан техникаҳои махсус дорем. Баландии кӯчатҳои помидор ба 2-2,5 метр ва гоҳо ба 5-9 метр мерасад. Мо аз помидор 60-70 тонна ҳосил ва 600-700 миллион сӯм фоида ба даст оварданием. Маҳсулоти худро асосан дар бозорҳои дохилӣ мефурӯшем ва дар оянда ба дигар вилояту мамлакатҳо экспорт кардани маҳсулотамонро низ ба нақша гирифтаем.
Зироатҳои гармхона ба воситаи оруҳое, ки аз хориҷа оварда шудаанд, гардолуд карда мешаванд, ки ин яке аз ҷиҳатҳои ба худ хоси кори гармхона мебошад. Мувофиқи гуфтаҳои А.Неъматуллоев, барои 1 гектар ниҳолҳои помидор 6 дона ору кифоя аст.
Дар гармхона 2 нафар доимӣ ва 6-8 нафар ба таври мавсимӣ кор мекунанд. Соҳибкор нақша дорад, ки дар оянда гармхонаашро васеъ карда, масоҳати онро то ба 4-5 гектар расонад.
Соҳиб САЙФУЛЛОЕВ
