…Маънавият қудратест, ки ба шуури инсон таъсир намуда, ҷаҳонбинӣ ва тарзи фикрронии ӯро тағйир медиҳад. Ҷамъияте, ки соҳиби маънавияту маърифати воло буда, аз таърихи гузаштагони худ хабардор аст, ояндаи бузург дорад. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо адабиётро инсоншиносӣ, шоиру нависандагонро чун муҳандисони рӯҳи инсонӣ тавсиф кардаанд. Ва ин бесабаб нест. Зеро, адабиёти мо тавассути асарҳои гаронмояи худ роҳи ҳар яки моро мунаввар месозад. Дар адабиёти муосири мо нависандагоне ҳастанд, ки ҳамчун суханшинос, рӯҳшинос олами ботинии инсонро ба риштаи тасвир кашида тавонистаанд.
Фазлиддин Муҳаммадиев аз зумраи чунин нависандаҳои моҳир буд, ки барои покии ҷамъият, ахлоқи ҳамидаи беолоиш, баланд бардоштани маънавияти инсон бо асарҳои худ талош кардаанд.
Метавон гуфт, ки дар меҳвари мавзӯоти эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев ахлоқи ҳамидаи инсонӣ қарор дорад. Аз ҷумла, қаҳрамонҳои марказии силсилаи ҳикояҳои «Даъво» (1967), «Суди рафиқона» (1967), «Рӯзи дафни Усто Оқил», «Сози Мунаввар» (1967), «Хиёбони Нодир» ва «Шаби севум» (1973)-и адиб тариқи тасвири психологӣ баррасӣ мешаванд. Дар онҳо адиб барои пурраву равшан кушодани сиришт, туғёни дили инсон талош карда, паҳлўҳои мухталифи робитаи қаҳрамонро ба муҳит, ки дар он амал менамояд, нишон медиҳад.
Дар ин ҳикояҳо Ф. Муҳаммадиев тавонистааст, ки дунёи маънавӣ ва хулқу атвори қаҳрамонро равшан сохта, характери том офарад. Фазлиддин Муҳаммадиев бештар тасвири зебоӣ ва ҳусну малоҳати олами ботинӣ ва ҳам зоҳирии инсонро мепазирад. Дар тасвири адиб, агарчанд, қаҳрамон хислатҳои бадро дорад, дар пиндори хонанда тасаввури нек мегузорад.
Нависанда бо ҳунари воло ин ё он рафтори ношоистаи баъзе шахсон, чунончи бахилии Муҳаммадмурод («Даъво»), рашки беҷойи Ашраф («Савдои умр»), касби дуредгарии худро ба мерос нагузоштани усто Оқил («Рӯзи дафни усто Оқил»)-ро сахт танқид мекунад.
Боз як паҳлӯи эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев дар тасвири пурҳаяҷону пуробуранг, дар шиддати масъалагузорӣ, равшании фикр ва фаъолиятмандии қаҳрамонони ӯст. Асарҳои нависандаи нозукбин хонандаро ба андеша водор месозанд ва ба ин роҳ дар дили ӯ тухми накӯкорӣ мекоранд. Ин албатта, аз нависанда ҳам истеъдод мехоҳад, ҳам заҳмат.
Ф. Муҳаммадиев медонад, ки асари хуб танҳо дар сурате ба майдон меояд, ки ин ҳар ду — истеъдод ва заҳмат бо ҳам муштарак гарданд.
Аз ҷумла, нависанда дар ҳикояи «Роҳ» тафсилоти сафари Фотима ном духтари деҳотиро, ки дар мактаби олии пойтахт таҳсил мекунад, тасвир кардааст.
Тасодуф меафтад, ки духтарак шабона дар як мошини боркаш роҳи зодгоҳаш Фархорро пеш гирад. Вай дар паҳлуи ронанда, ки марди камгап ва бисёр ҷиддист, танҳо нишаста, бо ҳарос фикр мекунад, ки «дар ин бемаҳал ба сафар баромаданаш камоли беақлӣ, буда, мабодо, ронандаи «дамдузд» ба ӯ қасди бад дошта бошад! Шаб торик, роҳ дур, хилват…
Вале ронанда ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки духтарак аз вай гумон мебарад. Чунки тинати ӯ пок аст, вай қадри одаму одамгариро, ки нависанда низ дар ҳикояаш ҳамин масъаларо ба миён гузоштааст, бояду шояд медонад. Аз ин рӯ, барои духтаракро беозор ба манзил расонидан, бо як-ду нафар ҳамкасби белаҷомаш дастбагиребон ҳам мешавад. Барои ӯ шарафу сарбаландии инсон аз ҳама чиз, ҳатто аз бехатарии худаш авлотар аст. Кас ҳикояро хонда, ба чун хулоса меояд: характери Фотима, ки духтараки рӯҳаш беолоиш ва ошиқи зори зиндагист, пас аз ҳамин шаби пуртаҳлукаи сафар ҷиддан шакл мегирад. Дар анҷоми он шаби торики ваҳмангез дар дили вай нисбат ба одамон на танҳо эътимод, балки як навъ эътиқод ҳам пайдо мешавад. Ӯ ба худ ваъда медиҳад, ки дар оянда, агар лозим шавад, метавонад ба мисли он ронанда барои пойдории номуси инсон мубориза барад. Ва худи нависанда низ дар асарҳояш чунин ақида дорад; одамонеро орзу мекунад, ки ба ишқ, ба вафодориву мардонагӣ, ба рӯҳи баланди инсон эътиқод доранд.
Мавзӯи асосии ҳикояҳои «Суди рафиқон», «Даъво», «Рӯзи дафни Усто Оқил», «Хиёбони Нодир» ва «Ҷага»-и Ф. Муҳаммадиев низ ахлоқи иҷтимоист. Нависанда дунёи ботинии қаҳрамонҳояшро устодона ба тадқиқ гирифта, симоҳои хотирнишин ва аз ҷиҳати психологӣ бақувват офаридааст.
Масалан, усто Оқил («Рӯзи дафни усто Оқил») бо вуҷуди заҳматкашиву боистеъдод будан, шахси худбину канораҷӯй тасвир шудааст ва аз ин сабаб сирри санъаташро, ки барои халқ зарур аст, ҳамроҳи кафан ба гӯр бурда, боиси ҳукми одилонаи мардум гардида бошад, пас Аҳмадбеки паҳлавон («Даъво») фардест, ки дар симои ӯ бисёр хислатҳои неки инсонӣ таҷассум ёфтаанд. Вай ҳамеша шарики ғаму шодии одамон аст, дар душвортарин вазъият ҳам тамкину бурдбории худро аз даст намедиҳад. Азбаски пешаи Аҳмадбек накӯкорист, намехоҳад ба мисли Усто Оқил асрори ҳунарашро ба гӯр барад. Бинобар ин, аз паҳлавониҳои Муҳаммадмуроди ҷавон, чун падар аз шуҳрати фарзанд хурсанд мешавад. Ва ҳатто даме ки ӯро барои беадабиҳояш сахт танбеҳ медиҳад, падарвор дар гӯшаи хилват, якка ба якка сарзаниш мекунад. Зеро, вай намехоҳад, ки мардум аз Муҳаммадмурод рӯй тобанду музофот бе паҳлавон монад.
Фазлиддин Муҳаммадиев аз як ҳикоя то дигараш ба тасвири бадеии фикру андеша ва ҳиссиёту ҳаяҷони қаҳрамонҳо бештар диққат медиҳад. Аз ин ҷост, ки дар ҳикояи «Рӯзи дафни Усто Оқил» ҷиҳати психологӣ бештар мавқеъ пайдо мекунад ва боиси таҳқиқ ва ҳалли масъалаи муҳими иҷтимоӣ мегардад.
Дар ҷомеа усто Оқил барин шахсон хеле зиёданд, вале Усто Оқили Фазлиддин Муҳаммадиев шахси ҳунарманд ва устои гулдаст мебошад, аммо ҳунарашро то поёни умр ба касе ёд намедиҳад ва ҳатто ягон шогирде тарбия намекунад, яъне ӯ анъанаи устоду шогирдиро идома намедиҳад ва хулосаи мантиқии нависанда он аст, ки ҳеҷ гоҳ халқ гуноҳи чунин инсонҳоро намебахшад.
Ҳамин тавр, ҷозибаи қалами Фазлиддин Муҳаммадиев дар он аст, ки вай ба муҳимтарин мавзӯи адабиёт — олами маънавии инсон, ахлоқи иҷтимоӣ рӯй оварда, дар асарҳои худ паҳлӯҳои нав ба нави онро тадқиқ мекунад. Чунин мавзӯъро ба риштаи тасвир кашида, мувофиқи талаботи давр ба сомон расонидан ниҳоят мушкил аст. Унсурҳои ахлоқ, чун вафодорӣ, муҳаббат, меҳри падарӣ ва ғайра баробари пайдоиши инсон ба вуҷуд омадаанд, яъне пайванд ё фарзанди табиатанд. Одамизод то имрӯз ҳазорон занҷири ба табиат вобастаро, ки худ побанди онҳо буд, пора карда, кӯшидааст то унсурҳои ахлоқро мураккабтар созад. Зеро инсон, пеш аз ҳама, бо ахлоқи ҳамидааш инсон аст.
Вақте ки асарҳои нависандаро мутолиа мекунем, ба хулосае бармеоем, ки инсон мутеи табиат нест, балки аз он болотар меистад. Қаҳрамонҳои Фазлиддин Муҳаммадиев маънии ҳаёт, мақому манзалати худ ва назари шахс ба зиндагиро, ки ҳамеша сарчашмаи адабиёт буд, маҳз аз ҳамин ҷо, аз нигоҳи ахлоқӣ меҷӯянд.
Муборизаи адиб барои покии ҷамъият, ахлоқи ҳамидаю беолоиш ва маънавияти инсони комил аст. Ҳар яки мо ҷавонон аз ин навиштаҳои Ф. Муҳаммадиев бояд ибрат гирем.
Муаттар АБДУЕВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тирмиз
