Ovozi.uz

Муваффақияту муаммоҳои соҳаи чорводорӣ кам нестанд



Ривоҷдиҳии соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии ветеринарӣ, татбиқи технологияҳои нави хориҷӣ дар соҳаи чорводорӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кори аз вазифаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб мераванд. Бо ҳамин мақсад шӯъбаи ветеринария ва ривоҷдиҳии чорводории ноҳияи Самарқанд ба як қатор хоҷагиву корхонаҳои чорвопарварӣ пресс-тур ташкил кард. Сардори шӯъба Шерзод Ҳабибов ба журналистон раҳбаладӣ карда, оиди корҳои имрӯза ва нақшаҳои минбаъдаи соҳаи чорводорӣ маълумот дод.
—  Масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои гуштиву ширӣ торафт душвортар  мегардад, – гуфт сарвари шӯъбаи ветеренария ва ривоҷдиҳии соҳаи чорводории ноҳия Шерзод Ҳабибов. – Ҳалли ин масъала дар хоҷагиҳо ба роҳ мондани парвариши молҳои хушзоти зудфарбеҳшаванда ва серширро тақозо мекунад. Бо ин мақсад дар ноҳия ташкили хоҷагии фермерии чорводории наслгирии “Чорво сут сервис” ба миён омад. Хоҷагӣ соли 2018 баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ ташкил гардид. Солҳои 2021-2022 аз Австрияву Германия бештар аз 100 сар ғуноҷинҳои хушзот оварда шуданд. Ҳоло саршумори чорвои ин хоҷагӣ зиёда аз 350 сарро ташкил мекунад ва рӯзе 2,5-3 тонна  шир истеҳсол карда мешавад.
Журналистон ин хоҷагиро тамошо карда, ба саволҳояшон аз роҳбари хоҷагӣ Аҳмад Ғуломов ҷавоб гирифтанд.
Боздиди корхонаи “Сам. тери тайёрлов” ҳам ба журналистон таассуроти амиқ гузошт. Онҳо бо кушхона, рафти куштани молҳо, ошдиҳии пӯсти мол,  амбори нигаҳдории пӯсту пашм ва лабораторияи корхона шинос шуданд. Ба пурсишҳои зиёди худ аз ҷонибу роҳбару мутахассисони корхона ҷавоб гирифтанд. (Дар ин бора мақолаҳои муфассал дар шумораҳои оянда рӯзнома чоп мешаванд).


Б.ҶУМЪАЕВ