Ovozi.uz

Осоиштагӣ — неъмати Бебаҳо

Ҳар боре, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ сар мезанам ва хабарҳои ҷаҳонро як-як аз назар мегузаронам, баъзан табъам хира мешавад. Охир, «фалон давлат ба фалон давлат ҳамлаи мушакӣ кардааст ва дар натиҷа фалон миқдор одам ҳалок гардидааст», «дар фалон кишвар фалон қадар одам аз гуруснагӣ ва ташнагӣ ранҷ мекашанд», «фалон минтақаи заминро об зер карда» ё «дар фалон ҷо сӯхтори азим сар задааст» барин хабарҳо дили киро танг намекунанд?
Вале аз дигар тараф хондани ин гуна хабарҳо ба ман зиҳати мусбӣ ҳам дорад, чун дар дилам эҳсоси шукронагӣ пайдо мешавад ва то чӣ андоза неъмати олӣ будани осудагиву осоиштагиро дарк мекунам. Барои касеҳо хоби ноз, таоми болаззат, либоси гарм, воситаи шуғл, сулҳу оромӣ, сиҳативу саломатӣ, зиёда аз ҳама, ватани озоду обод орзуву армоне беш нест. Дар дилам мегӯям, ки шояд Худованд барои ибрат гирифтани мо ба баъзе инсонҳо ин гуна азобҳоро раво мебинад ва ба ин восита мехоҳад мо ҳамди ӯро бештар гӯем.
Аксариятамон гоҳо аз паси орзуву хоҳишҳои пуч шуда, аз ҳаёт чизи бештарро талаб мекунем ва ин хоҳишҳо чашми моро кӯр мекунанд. Дар натиҷа, неъматҳои Худо барои мо арзонӣ доштаро ҳам нодида мегирем. То замоне, ки аҳволи одами аз худ ночортарро набинем, аз аҳволи худ нолидан мегирем.
Вақте ки ба моли дунё ҳирсам зиёд буд ва ҳама дороиям дар назарам ҳеҷ менамуд, дӯсте ин ҳикояро ба ман нақл кард:
«Марде дар дохили автомобили қиматбаҳои худ мерафту дар ҳаво ҳавопайморо дида орзу кард, ки соҳиби ҳавопаймо бошад. Аз қафои ӯ марди дигаре бо автомобили одитаре меомаду ӯ орзу кард, ки мисли ин мошини қиматбаҳо дошта бошад. Дар роҳрав марде дучарха меронду дар дил орзу кард, ки одитар бошад ҳам, мисли автомобили дуюмӣ дошта бошад. Шахси пиёдае дучархаронро диду «кош ман ҳам дучарха медоштам» гуфт. Шахси ногирое, ки аз ҷой хеста наметавонист ва аз панҷараи хона ба он пиёдагард менигарист, аз дил гузаронд, ки кош ман ҳам пойи равон медоштаму дар кӯчаҳо сайру гашт мекардам.»
Пас аз шунидани ин ҳикоя нигоҳи ман ба зиндагӣ тағйир ёфт. То чи андоза ношукр будани худро дарк кардам ва минбаъд то кунун кӯшиш мекунам, ки ба қадри неъматҳо бирасам. Хусусан, ҳаёти осуда, ҳавои мусаффо, нафаси озод, дару девори обод, ризқу рӯзии беҳисоб, ки мо дорем, албатта, шоёни шукргузорӣ аст.
Дар замоне, ки дар аксарияти кишварҳои бузурги ҷаҳон ҷангу ҷидол, намоишҳову норозигиҳо, шиканҷаву зӯровариҳо, суистифода намудани ҳуқуқҳои инсон ва ба замми ин, офатҳои табиӣ шодии одамонро ба ғам табдил медиҳанд, ҳазорҳо шукр, ки дар кишвари мо сулҳу осоиштагӣ ҳукмрон аст, дар ҳар қадам ислоҳоте ба назар мерасад, ки барои розӣ намудани мардум амалӣ мешаванд, куҳансолон дар фароғату дуогӯӣ, ҷавонон дар ҳаракату пешравӣ қарор доранд, кишварамон аз офатҳои табиӣ дур асту эҳёгари замин ҳам нурҳои заррини худро аз замини ҳосилрези мо дареғ намедорад.
Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, то неъматҳои мо зиёда шаванд, зеро беҳуда нагуфтаанд, ки:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.