Нашрияи пуровозаи «Овози Самарқанд», ки нигаҳбони забон ва фарҳанги тоҷикист, овози самарқандиёни азизро ба тамоми ҷаҳон мерасонад ва аз рӯзномаҳои хубу хонданӣ аст. 35 сол қабл аз ин шумораи нахустини он интишор ёфта, мужда аз тавлиди як нашрияи наве дод ва падидаи равшани фарҳангие дар фазои маънавии кишвари Ӯзбекистон гардид. Дар таърихи матбуот хеле нашрия арзи ҳастӣ намудаанд, вале дар камтарин фурсат кори худро бо сабабҳои гуногун қатъ кардаанд. Аммо сарнавишти «Овози Самарқанд», хушбахтона, нек будааст, ки овони тифливу ҷавониро паси сар кард ва инак, ба остони давраи камолот расидааст. Дар ин рӯзнома навиштаҳои хеле ҷолиб оид ба ҳамкориҳо бо кишварҳои дигар, сиёсати имрӯзаи ҳукумати Ӯзбекистон, таърихи кишвар, масъалаҳои хоҷагии халқ, саноат, кишоварзӣ, таълиму тарбияи насли ҷавон, ҳам адабиёту адабиётшиносӣ, ошноӣ бо чеҳраҳои мунаввари сиёсиву фарҳангии кишвар, рушди санъат: синамову театр, рассомиву мусиқӣ, осорхонаву китобхона, пешрафти ҷавонон, занон, илму техника, тиб ва ғайра мунтазам ба чоп мерасанд.
Ин рӯзнома дар Тоҷикистон ҳам хонандагони зиёд дорад ва хеле муҳим аст, ки нашрия ба ҳамкориҳои сиёсиву фарҳангӣ ва адабии ду кишвар эътибори хос зоҳир мекунад. Чопи ашъори шоирони тоҷик, мақолаҳо дар ҷашнвораҳои адибону олимони Тоҷикистон ин нашрияро барои зиёиёни Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳ ва писанду мақбул гардонидааст.
Мавҷудияти маҳфилу мактабҳо дар назди нашрия, чопи силсилаи осори адибону рӯзноманигорон, нашри китобҳо, ташкили мусобиқаҳои гуногун аз он шаҳодат медиҳанд, ки «Овози Самарқанд» созмони хеле бонуфуз ва соҳибмактаб буда, дар тарбияи садҳо нафар ҷавонони қаламкаш нақши мунир дорад.
Дар рӯзҳои мубораки ҷашни 35‑солагӣ ба ин нашрияи соҳибэътибор шукуфоиву сарсабзӣ, рушди мунтазам, ба ҳайати таҳрир қалами сабз ва ба кулли муштариёну ҳаводорон рӯҳи бедор орзумандам.
Матлубаи МИРЗОЮНУС,
доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
