Дар рушди иқтисодии деҳот соҳибкорӣ нақши ҳалкунанда мебозад, вале соҳибкорони деҳот бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла дастрасӣ ба сармоя, инфрасохтор, таълим ва омодасозии кадрҳо, бозорҳо, захираҳо ва маданияти соҳибкорӣ.
Филиали минтақавии Мактаби олии бизнес ва соҳибкории назди Девони Вазирони Ӯзбекистон бо мақсади ҷалб намудани аҳолии деҳот ба соҳаҳои ғайрикишоварзӣ, додани маълумот дар бораи онҳо ва омӯзиши касбу ҳунар дар шароити иқтисоди бозорӣ, дар ноҳияи Пайариқ курсҳои кӯтоҳмуддати таълимиро дар асоси барномаи «Рушди малакаҳои соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ташкил намуд.
Дар ин курсҳо 100 нафар шаҳрвандон, ки дар «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» сабт шудаанд, соҳиби замини шахсӣ ва ниёзманди ҳимояи иҷтимоӣ ҳастанд, иштирок карданд. Ба онҳо дар самтҳои омӯзишии паррандапарварӣ, занбӯрпарварӣ, чорводорӣ, ташкили гармхона ва агротуризм таълим дода шуд.
Иштирокчиёни курс ба ҶММ «Хизматрасонии замини наздиҳавлигии Челак», ки ба содироти меваи хушк машғул аст, ташриф оварда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.
К. Маъруфов, роҳбари филиали минтақавии Мактаби олии бизнес ва соҳибкории назди Девони Вазирони Ӯзбекистон дар вилоятии Самарқанд
