Ovozi.uz

Маркази хидматҳои иҷтимоии «Инсон» ба кор сар кард

Дар ноҳияи Иштихон бинои Маркази хидматҳои иҷтимоии «Инсон» ба истифода дода шуд.
Дар чорабинӣ, ки ба ин муносибат баргузор гардид, роҳбарону фаъолони Садорати вилоятии Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳокимияти ноҳия иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Сарвари давлат аз 1-уми июни соли 2023 «Дар бораи ташкили фаъолияти Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва Фармон «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ аз рӯйи хидматрасонии босифати иҷтимоӣ ва кўмак ба аҳолӣ, инчунин, роҳандозии низоми самарабахши он” дар кишварамон агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва дар 28 ноҳия ва шаҳр ҳамчун таҷриба Марказҳои хидматҳои иҷтимоии «Инсон» ташкил гардид.
Аз оғози соли ҷорӣ дар тамоми минтақаҳо чунин марказҳо ба кор шурӯъ карданд.
– Тавассути афзунсозии самарадорӣ ва мақсаднокии системаи ҳифзи иҷтимоӣ таъмини иҷтимоъгароии аҳолии ба кўмак ниёзманд, ташкили ҳифзи иҷтимоӣ дар сатҳи маҳалла, роҳандозии хидматрасонии босифати иҷтимоӣ ва кўмак ба аҳолӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти мо ба ҳисоб меравад, — гуфт роҳбари марказ Зоҳид Боитов. – Бино ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар ноҳияи мо 6249 нафар шахсони ногироидошта, 178 нафар пиронсолони танҳо ва шаҳрвандони маъюб умр ба сар мебаранд. Ҳоло ба онҳо 20 нафар кормандони иҷтимоӣ ва ёрдамчиёни таъинкардаи марказ хидмат мерасонанд. Аз аввали соли ҷорӣ ба 26 нафар шаҳрвандони ноҳия барои барқарор кардани саломатии худ ба сиҳатгоҳҳо роҳхат дода шуд.
Дар маркази нав 15 нафар кормандон фаъолият доранд. Ҳоло барои ҷалби 28 нафар корманди иҷтимоӣ ба 62 маҳаллаи ноҳия чораҳо андешида мешаванд.