Ovozi.uz

Аудити беруна ва баҳогузорӣ ба буҷети маҳаллии вилоят

Рӯзи 30‑юми майи соли равон сессияи сездаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Ш.Негматов сарварӣ кард.

Дар сессия аввал ходими масъули Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Икромов дар бораи аз аудити беруна ва баҳогузорӣ гузаштани ҳисобот роҷеъ ба иҷрои буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд дар соли 2024 маълумот дод.

Вай дар ҳисобот хато ва норасоиҳои дар иҷрои буҷети маҳаллии соли 2024 роҳ додаро қайд намуда гуфт, ки роҷеъ ба бартараф намудани онҳо чорабиниҳо муайян карда шуданд. Таъкид гардид, ки барои аз маблағҳои буҷет бар асоси сарфакорӣ бомақсад ва самаранок истифода бурдани идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои вилоят, аз рӯи ҳамаи манбаъҳо таъмин намудани нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромадҳои буҷет зиёд кардани масъулияти роҳбарон зарур аст.

Роҷеъ ба ин масъала ахбори масъулони сарсадорати иқтисодиёт ва молия, садоратҳои андоз ва ғазначигии вилоят шунида шуданд.

Сипас, мувофиқи рӯзномаи сессия ҳисоботи ҷонишини сардори садорати бехавфии ҳаракати роҳи хидмати бехавфии ҷамоатии СКД-и вилоят Зокир Қаюмовро роҷеъ ба корҳое, ки барои иҷрои қарорҳои Президент аз 4‑уми апрели соли 2022 «Дар бораи чораҳои таъмини бовариноки бехавфии инсон ва якбора кам кардани ҳолати марг дар роҳҳои автомобилӣ» ва аз 12‑уми июли соли 2022 «Дар бораи тасдиқ намудани барномаи умумимиллии «Роҳи бехавф ва равон», ки роҳандозии он дар солҳои 2022–2026 пешбинӣ шудааст» шуниданд.

Дар ҳисобот оварда шуд, ки дар 4 моҳи соли равон дар вилоят ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ нисбати ҳамин даври соли гузашта ба 34‑то, вобаста бо марг ба 6‑то ва бо ҷароҳатҳои тан 69‑то афзудааст.

— Ҳодисаҳои бо марг вобаста дар ноҳияҳои Ургут 11‑то, Ҷомбой, Оқдарё ва Тайлоқ 8‑тогӣ, Пастдарғам 6‑то қайд карда шуд, — гуфт З.Қаюмов. — Бағоят ташвишовар аст, ки 135‑то ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо пиёдаҳоро задани нақлиёт вобаста мебошанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки 82‑тои ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 47‑то дар давлатӣ ва 99‑тоаш маҳаллӣ содир шудаанд. Сабабҳои асосии рӯй додани ҳодисаҳои мазкур ба суръати муайяншуда риоя накардани ронандаҳо, ба суръати ҳаракат мувофиқ набудани тоифаи роҳ ва кор накардани таҷҳизоти равшанидиҳанда дар торикӣ, набудани роҳравҳо барои пиёдагардон сабабҳои асосии рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ шудаанд.

Аз ҳамин сабаб, дар 4 моҳи соли равон ба сарсадорати роҳҳои автомобилии вилоят роҷеъ ба бартараф намудани омилҳое, ки ба рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилии истифодаи умумӣ таъсир мекунанд, 44‑то тақдимнома фиристода шуданд.

Бо мақсади таъмини бехавфӣ дар роҳҳо, аз оғози соли равон дар вилоят 1159‑то нишонҳои нави роҳ гузошта шуданд ва корношоями онҳоро ба наваш иваз карданд. 9‑то объекти нави «светофор»-ро сохта, аксарияти онҳоро, ки ҳоло фаъолият доранд, тармим намуданд.

Дар ҷараёни баррасӣ зарурати иштироки фаъолонаи ҷамоатчигӣ якҷоя бо идораҳои корҳои дохилӣ дар таъмини бехавфии ҳаракат дар роҳҳо, риояи қатъии ронанда ва пиёдаҳо ба қоидаҳои ҳаракати роҳ, дидани чораҳои беҳдошти инфрасохтори роҳ аз тарафи ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва идораҳои мутасаддӣ таъкид карда шуд.

Сипас, роҷеъ ба қабул намудани миқдори нави тарифи пардохти ҳатмӣ барои ҷамъоварӣ ва баровардани партов аз ҳудудҳо қарор қабул карданд.

Бар асоси он дар вилоят муайян гардидани миқдори пардохти моҳонаи барои партови як нафар шахс дар шаҳр ва ноҳияи Самарқанд 9500 сӯм, дар шаҳри Каттақӯрғон ва ноҳияҳои дигар 8000 сӯм пазируфта шуд. Инчунин, миқдори тарифи пардохтро барои шахсони ҳуқуқӣ низ нав карданд.

Дар сессия лоиҳаҳоеро тасдиқ намуданд, ки ба барномаи рушди иҷтимоӣ ва истеҳсолии вилоят барои солҳои 2026–2028 дохил карда шудаанд.

Инчунин, қарор дар бораи барномаи рушди босуръат ва комплексии ноҳияи Булунғур дар солҳои 2025–2026 қабул гардид, ки аз қарори Президентамон аз 1‑уми апрели соли 2025 «Дар бораи чораҳои амалие, ки дар ноҳия (шаҳр)-ҳои барои рушди комплексии босуръати қаламрави ҷумҳурӣ интихобгардида роҳандозӣ мешаванд» бармеояд.

Дар барнома, аз ҷумла ба кӯчаҳои шабу рӯз амалкунанда табдил додани шоҳкӯчаи Булунғур, кӯчаҳои Фозил Юлдош ва Мустақиллик, дар 25,1 гектар майдони соҳили канали Булунғур ташкил намудани маскани замонавии истироҳатӣ барои аҳолӣ, дар шафати роҳи автомагистралии М‑39, ки аз ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия мегузарад, кушодани 75 объекти савдо ва хизматрасонӣ, дар маркази ноҳия бар асоси барномаи реноватсия ба ҷои 7‑то бинои дуқабата, 1‑то 3 қабата, 90‑то ҷои истиқоматии тартиби якка ва 17‑то ҷойҳои ғайриистиқоматӣ сохтани 22‑то бинои бисёрқабатаи замонавии барои 1320 хонавода пешбинӣ шуда, ба нақша гирифта шудаанд.

Дар сессия масъалаҳоеро аз қабили тасдиқ намудани рӯйхати таҳиягардидаи манзилӣ дар доираи рушди комплексии лоиҳаҳои деҳот (зинаи 2), дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳалии вилоят ва ғайраро баррасӣ намуда, қарорҳо қабул карданд.