Ovozi.uz

Ӯзбекистон — Хитой: баррасии марҳилаи нави ҳамкориҳо

Дар шаҳри Самарқанд дуввумин форуми байналмилалии Ӯзбекистон — Хитой гузаронида шуд.

Дар форум роҳбарони минтақаҳои гуногуни чин, вакилони компанияҳои пешсаф, ки дар соҳаҳои таълим, энергетика, сохтмон, нафт-кимиё, кишоварзӣ, автомобилсозӣ, саноати хӯрокворӣ, технологияҳои ахбор ва иқтисодиёт фаъолият нишон медиҳанд, иштирок намуданд. Аз тамоми ҳудудҳои кишварамон роҳбарон, масъулони муассисаҳои таълими олӣ, соҳибко-рон низ ширкат варзида, дар оянда васеъ намудани ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

Ҳоло Хитой дар минтақа яке аз бузургтарин сармоягузорони Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Бо иштироки сармояи Хитой дар ҳар як ҳудуди кишварамон садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил карда шудаанд.

— Дар натиҷаи мулоқоти бевоситаи роҳбарони ду кишвар сол то сол робитаҳои ҳамкорӣ васеъ гардида, муносибатҳои ба ҳамсоягии хуб, дӯстии боэътимод асосёфта рушд менамояд, — гуфт ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷам-шед Хоҷаев дар ифтитоҳи форум. — Дар давоми ташрифи роҳбари давлатамон ба Хитой дар моҳи январи соли 2024 дар шаҳри Урумчи форуми аввалини байни ҳудудҳо баргузор гардида, ба як қатор созишномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардида будем. Дар форуми имрӯза иштироки тақрибан ҳазор соҳибкори хитоӣ, наздик ба 1500 нафар вакилони бизнеси кишварамон нишон медиҳад, ки зиёд будани таваҷҷуҳ ба ин форум зиёд аст.

Ба рақамҳо эътибор медиҳем: дар панҷ соли охир гардиши савдо байни Ӯзбекистон ва Хитой ду баробар афзуда, дар соли 2024 ба 13 миллиард доллар расид. Нисбат ба соли 2017 инвеститсияҳои аз Хитой ба Ӯзбекистон ҷалбгардида панҷ баробар, шумораи корхонаҳои муштарак се баробар афзудаанд. Дар якҷоягӣ лоиҳаҳои роҷеъ ба истеҳсоли маҳсулоти ки-миё, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмон, техникаҳои маишӣ, кишоварзӣ бо муваффақият амалӣ гардонида мешаванд. Бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои махсус барои ширкатҳои Хитой дар ҳудудҳо 8 парки саноати Ӯзбекистон-­Хитой фаъолият пеш мебарад. Барои боз ҳам васеъ намудан ва такмил додани робитаҳои ҳамкорӣ корҳои амалӣ идома доранд.

Раиси кумитаи Хитой оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ Шэн Юеюе зимни суханронии худ дар бораи аҳамияти форуми мазкур ҳарф зада, ҳамкории байни ду кишвар, ҳамсоягии хуб, мулоқоти дӯстона ва шарикии бовариноки иқтисоди-ро эътироф намуд.

Дар форум роҳбарони ҳудудҳо сухан гуфта, роҷеъ ба имконият ва салоҳияти иқтисодию сармоягузории худ маълумот доданд. Сипас, бо иштироки вакилони ду давлат байни Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои Ӯзбекистон, Вазорати энергетика ва Донишгоҳи нафти Сиан созиш барои ташкил намудани филиали Донишгоҳи нафти Сиан дар Ӯзбекистон, ин-чунин байни Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи тадқиқотҳои байналмилалии Сиан меморандуми тафоҳум дар соҳаи таълим ва ғайр аз ин, як қатор шартнома ва санадҳо ба имзо расиданд. Дар доираи форум намоиши маҳсулотҳои истеҳсолии соҳибкорони Ӯзбекистон ва Хитой низ гузаронида шуд.

Дар қисми дуввуми рӯз бо иштироки соҳибкор ва сармоягузорон бизнес-­форуми вобаста ба ҳамкории иқтисодӣ-­тиҷоратӣ, инноватсияҳо, технологияҳо ва иқтисоди сабз, сессияҳои бахшида ба таълим ва омода намудани кадрҳо дар соҳаи муҳандисӣ, кӯмак расонидан барои ҳифзу рушди пойтахтҳои таърихии Ӯзбекистон ва Хитой, босифат ва ба дараҷаи байналмилалӣ омӯзонидани забони хитоӣ баргузор гардид.

Дар форуми байналмилалии бонувон таҳти унвони «Роҳи Абрешим дар кафтамон — ҳамкории Ӯзбекистон ва Хитой дар роҳи инноватсия ва соҳибкорӣ» масъалаҳои дастгирӣ ва такмил бахшидани ташаббусҳои инноватсионию соҳибкории бо-нувонро баррасӣ намуданд.

Дар он ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон — раиси кумитаи оила ва зан-духтарон Зулайхо Маҳкамова, ҷони-шини раиси ҷамъомади даъвати 14 уми Шӯрои маслиҳати сиёсии Халқи Хитой, раиси кумитаи Хитой оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ Шен Юеюе, роҳбарони федератсияи бонувони музофоти Шенси, бонувони соҳибкор, намояндагони таш-килотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок карданд.

Инчунин, дар доираи форум анҷумани ҳамкории кишоварзии замонавӣ гузаронида шуд.

Шоҳрух АШУРОВ