Ovozi.uz

Зан — соҳиби маънавияти баланд

Ба муносибати 8-уми март — Рӯзи байналмилалии бонувон дар Шӯрои вилоятии Ҳизби Либерал-Демократии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Зан — соҳиби маънавияти баланд» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ фаъолони ҳизб, депутатҳо, фаъолони «Қаноти бонувон» ва намояндагони ҷомеа иштирок карданд.

Чорабиниро раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби Либерал-Демократии Ӯзбекистон И.Ботиров ифтитоҳ бахшида, ҳамаи занонро бо зеботарин иди баҳор самимона табрик гуфт. Ӯ дар суханронии худ таъкид кард, ки нақши занон дар ҷомеа беҳамто аст ва махсусан фаъолияти бонувони депутат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии минтақаҳо нақши муҳим дорад.

Фаъолони ҳизб ва бонувони депутате, ки дар низоми «Қаноти бонувон» кор мекунанд, зимни мизи мудаввар суханронӣ карданд, андешаҳои худро дар бораи имкониятҳое, ки барои занон дар кишварамон фароҳам оварда шудаанд ва корҳое, ки барои васеъ кардани иштироки онҳо дар идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ анҷом дода мешаванд, баён карданд.

Тавре ки таъкид гардид, имрӯз депутат-бонувон дар омӯзиши муаммоҳои аҳолии маҳаллаҳо, дастгирии занон, таъмини шуғли онҳо ва ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дастовардҳо дар қариб ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ — идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, таълим, тандурустӣ, кишоварзӣ ва соҳибкорӣ, варзиш, фарҳанг ва санъат — бар пояи заҳмати фидокоронаи занон қарор доранд.

Дар охири чорабинӣ бонувони депутати фаъол ва фаъолони ҳизб бо ин ид табрик карда шуданд.