Ovozi.uz

Маҳаллаи Қиёт зеботар гардид

Маҳаллаи Қиёт яке аз маҳаллаҳои зебоманзари ноҳияи Иштихон ба шумор меравад. Хусусан, баъди он, ки маҳалла ба барномаи «Хонаи обод — кӯчаи обод — маҳаллаи обод» дохил карда шуд ва дар он биноҳои нав бунёду роҳҳо мумфарм гардиданд, маҳалла боз ҳам намуди зеботар пайдо намуд. Инро дар ҷараёни пресс-туре, ки ба маҳаллаи мазкур ташкил гардид, мушоҳида намудем.

— Зимни корҳое, ки тӯли чор моҳ дар доираи барномаи «Маҳаллаи обод» ба итмом расиданд, қариб 12 километри роҳҳои маҳалла мумфарш гардида, ба 30 километр роҳҳои дигар сангу шағал рехтем, — гуфт раиси маҳалла Толиббой Норқулов. — Дар кӯчаҳо 520 симчӯб ва 5 трансформатори нав гузошта, 14 трансформатори пештара таъмир карда шуданд. Дар маҳалла се мактаби таълими ибтидоӣ мавҷуд буда, ба гирди ҳар се мактаб девор кашида, хонаҳои қаровулӣ бунёд кардем. Ба ҷои бинои маҳалла бинои нави дуошёна қад афрохт ва дар қабати якуми он масъулони маҳалла ҷой гирифтанду дар қабати дуюм сехи дӯзандагӣ фаъолияти худро оғоз кард. Бояд гуфт, ки бинои маҳалла бо ташаббуси соҳибкор ва ёрии ҳукумат сохта шуд. Дар ду тарафи роҳи асосӣ мағоза, қассобхона, ошхона, хонаи зебоӣ ва дигар биноҳо бунёд ёфтанд.

Аз рӯи маълумотҳои раиси маҳалла, дар доираи барномаи мазкур бинои пункти тиббии маҳаллаи Қирот низ таъмир ва барои бо варзиш мунтазам машғул шудани ҷавонон дар 9 кӯчаи маҳалла яктои воркаут — майдончаи варзишӣ бунёд гардидааст. Ғайр аз ин, хонаҳои 12 оилаи ниёзманди ёрии иҷтимоӣ таъмир карда ва ҳатто хонаи яке аз онҳо аз нав сохта шудааст. Бунёд гаштани биноҳои нав ҷойҳои кории холиро низ падид оварда, дар натиҷа якчанд нафар сокинони бешуғли маҳалла, хусусан бонувон бо кор таъмин гардидаанд.

— Дар маҳалла 3115 нафар зан-духтарон зиндагӣ мекунанд, ки аз ин 66 нафарашон ба рӯйхати бонувони бешуғл шомил буданд, — гуфт фаъоли зан-духтарони маҳалла Дилдора Исоқулова. — Вале ба ин 66 нафар ҳам касбу ҳунар омӯзонида, онҳоро бо кор таъмин кардем. Дар худи сехи дӯзандагӣ, ки ба қарибӣ дар қабати дуюми бинои маҳалла кушода шуд, 12-15 нафар зан-духтарон кор мекунанд. Ба туфайли бо кор таъмин гаштани зан-духтарони шомили «Дафтари бонувон» ва «Дафтари оҳанин», ин дафтарҳо аз байн рафтанд.

Аз суханони масъулони маҳалла бармеояд, ки барномаи «Хонаи обод — кӯчаи обод — маҳаллаи обод» на танҳо ба ободии маҳаллаи Қирот, балки ба фаровонии ҳаёти аҳолии он низ мусоидат кардааст.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ