Дар ҷараёни кофтуков, боқимондаи устухонҳои одам, дастпонаҳои биринҷӣ, ҷавоҳироти гуногун ва муҳраҳои хурд ёфт шуд. Пас аз хабар додани шаҳрванд ба Институти бостоншиносии Самарқанд ба номи Яҳё Ғуломов, ҷойи бозёфт аз тарафи мутахассисони институт аз назар гузаронида шуд.
Ашёи бостоншиносӣ ва осори устухонҳои одам тибқи тартиби муқаррар расмӣ гардида, барои омӯзиш қабул карда шуданд.
— Мувофиқи мушоҳидаҳои нахустин, баъзе аз дастпонаҳои биринҷии ёфтшуда бо нӯгҳои конусшакл ва ороишоти спиралмонанд фарқ мекунанд, — мегӯяд директори Институти бостоншиносии Самарқанд Мӯъминхон Саидов. — Шакл ва хусусиятҳои ороишии онҳо ба ҷавоҳироте, ки хоси маданияти қабилаҳои чорводори даштӣ, ки дар охири давраи биринҷӣ зиндагӣ мекарданд, монанд аст.
Дар чандин қабристон ва манзилгоҳҳои водии Зарафшон ҳам маводҳои бостоншиносӣ ба аҳолии чорводори даштии даври биринҷӣ тааллуқ доранд, ёфт шудааст.
Чунин ёдгориҳо одатан ба асрҳои XIII–X-и пеш аз милод нисбат дода шуда, бо доираи фарҳангии Андроново-Тозабоғёб алоқаманд дониста мешаванд.
Ҳоло давраи дақиқ ва мансубияти фарҳангии бозёфти нав, ки дар деҳаи Дарвозағаза пайдо шудааст, ба таври қатъӣ муайян нагардидааст.
Ин масъала дар натиҷаи кофтукови бостоншиносии махсус, тадқиқотҳои антропологӣ ва таҳлили лаборатории асбобҳои металлӣ равшан карда мешавад.
