Ovozi.uz

Дар шаҳри Самарқанд баҳсҳои асосии мусобиқаи байналмилалии «Challenge Samarkand-2026» ба анҷом расиданд.

Варзишгарон дар масофаи миёна аз рӯи се навъи мусобиқа — 1,9 километр шиноварӣ, 88 километр велосипедронӣ ва 21,5 километр давидан — қувваозмоӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаҳо, дар рақобати варзишгарони касбӣ миёни мардон намояндаи Франсия Сам Лаидлов бо натиҷаи 3:34:57 ҷойи аввалро гирифт. Ҷойи дуюм насиби варзишгари Дания Эмил Ҳолм — 3:35:37, ва ҷойи сеюм ба намояндаи Британияи Кабир Вилл Драпер — 3:36:10 гардид.

Триатлончии касбии узбекистонӣ Камрон Хоҷаев марраро дар ҷойи 13-ум тай кард.

Дар рақобати занон варзишгари австралиягӣ Натали Ван Куворден бо натиҷаи 3:58:41 ғолиб шуд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро мутаносибан намояндаи Британияи Кабир Дэйзи Дэвис — 3:59:49, ва варзишгари Испания Сара Перез Сала — 4:00:08 ба даст оварданд. Ҳамчунин, дар байни варзишгарони ҳаваскор ғолибон аз рӯи категорияҳои якка, ҷамоавӣ ва гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ муайян карда шуданд.