Бархе аз намояндагони бонуфузи бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» мехоҳанд, ки мутахассиси испанӣ Унаи Эмери дар оянда роҳбарии дастаро ба уҳда гирад. Дар ин бора рӯзноманигори маъруф Фабритсио Романо хабар додааст.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» дар шахсияти Эмери на танҳо сармураббии эҳтимолӣ, балки мутахассисеро мебинад, ки метавонад дар рушди дарозмуддати бошгоҳ нақши калидӣ дошта бошад.
Бо вуҷуди ин, интиқоли сармураббии испанӣ ба Манчестер дар ояндаи наздик аз эҳтимол дур аст. Бошгоҳи «Астон Вилла» ният надорад, ки бо мураббии 54-солаи худ ҷудо шавад ва ӯро яке аз чеҳраҳои асосии лоиҳаи варзишии худ медонад.
Тавре Фабритсио Романо қайд кардааст, нуфузи Эмери дар «Астон Вилла» танҳо бо фаъолияти мураббигӣ маҳдуд намешавад. Ӯ дар баррасии масъалаҳои трансферӣ ва қабули қарорҳои муҳими варзишии бошгоҳ низ иштирок мекунад. Шартномаи мутахассиси испанӣ бо бошгоҳи шаҳри Бирмингем то тобистони соли 2029 амал мекунад.
