Ovozi.uz

Дар Самарқанд «III Форуми миллии устодон» доир гардид

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд «III Форуми миллии устодон» таҳти шиори “Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб сар мешавад” гузаронида шуд. Дар маросими мутантан ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов суханронӣ карда, ҳамаро бо 33-солагии Истиқлол ва соли хониши нав муборакбод гуфт ва таъкид намуд, ки равнақи диёр, истиқбол ва тараққиёти кишвар, ҳамчун инсон комил ба камол расидани соҳибони ояндаи мо маҳз ба вакилони соҳаи таълим вобаста мебошад.

Дар чорабинӣ корҳое, ки дар соли хониши гузашта амалӣ шудаанд, таҳлил карда шуданд. 

Зикр гардид, ки дар соли ҷорӣ донишомӯзони вилоятамон аз олимпиадаҳои фаннии асосӣ дар марҳилаи ҷумҳурӣ 9-то ҷойҳои ифтихориро ба даст оварда, бо ҳисоби умумӣ дар ҷумҳурӣ ҷои якумро гирифтанд.

Инчунин, дар озмунҳои байналмилалӣ 165-то, дар озмунҳои ҷумҳурӣ 254-то ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. 

Соли гузашта 978 нафар хатмкунанда пеш аз муддат донишҷӯи муассисаҳои таълими олии хориҷӣ шуда бошад, имсол ин нишондиҳанда 1525 нафарро ташкил дод. 

36 нафари донишомӯзони мо ба муассисаҳои таълими олии бонуфузи ИМА, Олмон, Италия, Фаронса, Ҷопон, Корея ва Чин, ки шомили садгонаи беҳтарини муассисаҳои таълими олии ҷаҳон мебошанд, қабул гардиданд. 

Барои мисол, хатмкунандаи синфи 11-и мактаби умумтаълимии тахассусии рақами 1-и ноҳияи Иштихон Самандар Маҳмудов ба 8 донишгоҳи ИМА пеш аз муҳлат ба хондан қабул гардида, 130 ҳазор доллар грант бурдааст.

Дар форум дастовардҳои соли хониши гузашта ҳам баён карда шуданд. Аз ҷумла, дар миқёси вилоят 68-то мактаб ба сохтори нави баҳогузорӣ гузаронида шудааст. Аз соли хониши нав дар 50 мактаби дигар ҳам ин сохтор ҷорӣ хоҳад шуд. Мактабҳои тахассусӣ аз 16-то ба 18-то расид.

Мактабҳое, ки соҳиби мақоми «Мактаби замонавӣ» мебошанд, аз 113-то ба 209-то (+96-то), омӯзгорони соҳиби сертификатҳои миллӣ ва байналмилалӣ аз 1216-то ба 2444-то (+1228-то) зиёд гардиданд.  

Дар доираи форум ба марҳилаи нав баровардани сифати таълим-тарбия дар сохтори томактабӣ ва мактабӣ дар соли хониши нав, муайян намудани соҳаҳои устувор дар соҳа, васеъ ҷорӣ кардани таҷрибаи мактабҳои президентӣ, ҷорӣ намудани нақшаи хонишӣ, барнома ва маҷмӯаҳои хонишӣ-методикӣ ба нақша гирифта шуданд. 

Дар охири форум 40 нафар омӯзгорон ва тарбиячиёне, ки ба рушди соҳа ҳиссаи муносиб мегузоранд, фаъол, ташаббускор ва ҷустуҷӯкунанда мебошанд, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.