Мусоҳибаи мухбири махсуси рӯзномаи «Овози Самарқанд» Бахтиёри ҶУМЪА бо мудири шӯъбаи Садорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими вилояти Самарқанд Тӯрахон ҲОШИМОВ
— Дар натиҷаи афзудани тағйирот дар атмосфера ҳосилнокии меҳнат дар хоҷагии қишлоқ паст мешавад. Масалан, инро дар мисоли ҳосили помидор, ки мардуми мо бисёр дӯст медоранд, дидан мумкин аст. Акаи Тӯрахон, бигӯед, ки ҳоло чаро дар заминҳои кушод парвариш кардани помидор ва ҳосил гирифтан душвор шудааст?
— Растании помидор дар минтақаҳои дорои намии кофӣ, таркиби хоки аз биогумус бой ва иқлимаш мӯътадил ҳосили хуб медиҳад. Вақтҳои охир дар Ӯзбекистон тухмиҳои помидор бештар аз хориҷа оварда мешаванд. Дар минтақаҳои мо аз он тухмиҳо ниҳолҳои помидор тайёр карда мешинонанд, мо ба ҳолатҳое, ки дар ҳавои гарми иқлими мо ҳосили дурусте дода наметавонанд ва ба бемориҳои гуногун (баргҳояшон пажмурда гашта, решаҳояшон мепӯсанд ва ба ҳуҷуми ҳар гуна ҳашарот тоб оварда наметавонанд) дучор мешавем. Имрӯзҳо тухми помидору гиёҳҳои ба ин монанд, ки аз хориҷа оварда шудаанд, бо худ бемориҳои зиёд ва бактерияҳои зарарнокро ҳам меоранд.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии иқтидори истеҳсолии корхонаҳои коркарди помидор воридоти тухмии помидори сахт, каммағз, хушку камоб, ки ба шароити иқлими маҳаллӣ мутобиқ нестанд, оварда мешаванд ва ҳамаи ин боиси аз бозор берун шудани навъҳои маҳаллӣ, ки ба иқлим мутобиқ шудаанд, мегардад. Аз ин рӯ, имрӯз ҳадафи асосӣ истеҳсоли такрорӣ ва барқарор кардани тухмии помидорҳои навъи маҳаллӣ, яъне такмил додани селексияи тухмӣ мебошад.
— Барои ин чӣ бояд кард?
— Дар Ӯзбекистан навъҳои пешинаи Волгоград, Юсуфов, Гулобӣ, Ҳӯкизюрагӣ (Дили буққа), ки ба шароиту иқлими мӯътадил мувофиқанд, парвариш кардан ба мақсад мувофиқ аст.
Барои ин беҳтар намудани агротехника ва шароити коркард зарур аст. Аз ҷумла, барои ғизо додани растанӣ ба замин нуриҳои гуногуни органикиро, ки ҳанӯз напӯсидаанд, (поруи бузу гӯсфанд, мурғ, гов ва ғайра) дар давоми як сол пӯсонида, ба шакли компос додан лозим аст.
Дар як гектар замин мавҷуд будани ҳазорҳо занбӯри асал ва аз 200 то 500 кило кирми лойхӯрак ба беҳтар шудани сохтори замин, чанголудшавии зироат, ғанӣ гардонидани он бо оксиген ва нуриҳои органикӣ, ки растанӣ осон ҷаббида мегирад, аҳамияти калон дорад. Дар ин вазъият муқовимати растанӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ҳам пурзӯр мегардад.
Дар вазъияти имрӯзаи тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, агар шароити киштзор аз системаи обёрии саҳроӣ ба системаи обёрии қатрагӣ иваз карда шавад ва нуриҳо тавассути системаи қатрагӣ ба замин ворид гарданд, самараи ҳосилнокӣ хеле беҳтар мегардад.
— Айнан ҳамин хел ҳолатро бо биҳӣ ҳам мушоҳида мекунем. Бигӯед, ки чаро солҳои охир аксари баргҳои дарахтони биҳӣ пажмурда шуда, ҳосили дурусте намедиҳанд ва ё умуман ҳосил намекунанд?
— Аз рӯи мушоҳидаҳо дар Ӯзбекистон тӯли 30 соли охир шумораи боғҳое, ки барои биҳипарварӣ пешбинӣ шудаанд, кам ва ҳосили навъҳои ширину хушбӯи он аз байн мераванд. Ба ин шамолхӯрӣ, камқувватии ниҳолҳо, майда шудани ҳосили биҳӣ, касалшавӣ дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво дар шароити тағйирёбии ҷаҳонии иқлим сабаб шуда истодаанд.
Сабаби асосии ин ба қадри кифоя эътибор надодан ба агротехникаи парвариши биҳӣ, дар давраи вегетатсияи зиёд шудани таъсири микроҳашаротҳо, ки боиси касалиҳои барги дарахтони биҳӣ мегарданд, дарахтро аз нашъунамо ва ҳосиландозӣ боздошта, боиси хурд мондани биҳиҳо мешаванд.
Имрӯзҳо кам ва баста шудани корхонаҳои химиявии хоҷагии қишлоқ, ба ҷойи маҳсулоти худӣ, аз хориҷа ворид шудани доруҳои кимиёвӣ ва нуриҳои маъданӣ ба паст шудани сифати замин ва аз даст рафтани системаи таъмини нуриҳои химиявию органикӣ сабаб мебошад. Доруҳои кимиёвие, ки барои сохтори хок заруранд, бояд аз тарафи давлат таҳти назорат гирифта шаванд. Набудани назорату таҳлил ва ба соҳибкорони хусусӣ додани истеҳсоли нуриҳо боиси бад шудани сохтори хок мегарданд.
Аз ҳамин сабаб на танҳо биҳии маҳаллӣ, балки дигар навъҳои дарахтони мевадиҳанда (себ, нок, гелос, анҷир) ҳам бемору хушк мешаванд. Ба назорати давлатӣ баргардондани системаи химияи хоҷагии қишлоқ, ислоҳи хатоиҳои ҷойдошта ва аз рӯи тартиби қоидаҳои давлат муқарраркарда истифода бурда шаванд, аҳвол беҳ мегардад.
Чаро ҳосил гирифтан аз помидору биҳӣ душвор шудааст?
