Бо қарори ҳукумат низом «Дар бораи тартиби ташкили реестр (феҳрист)-и омилҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд» тасдиқ гардид.
Реестри мазкур аз ҷониби Вазорати адлия дар системаи ахбории «Назорати ягонаи давлатӣ» дар ҳоли барои ҳама кушод пеш бурда мешавад.
Дар ин маврид аз ҷониби мақомоти масъул рӯйхати омилҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон хатари ҷиддӣ доранд, тартиб ва тасдиқ мегардад, инчунин, корҳои бозбинӣ ё навсозии он пайваста анҷом дода мешаванд.
Мақсади асосии пеш бурдани реестр таъмин намудани қонуният ва шаффофият дар фаъолияти мақомоти назораткунанда, ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон, пешгирии қатъ кардани ғайриқонунии фаъолияти онҳо ва таъмин кардани шаффофият дар назорати давлатӣ мебошад.
