Ovozi.uz

Аз кори бинокорон халқ бояд розӣ гардад

Анҷумани матбуотӣ

Анҷумани навбатии матбуотӣ дар Сарсадорати сохтмон ва хоҷагии манзиливу коммуналии вилоят доир гардид. Дар он ҷонишини сардори сарсадорат, сармеъмори вилоят Сайфиддин Нарзиқулов ва ҷонишини сарвари инспексияи ҳудудии назорати соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзиливу коммуналӣ Одилбек Раҳимов иштирок карданд. Онҳо оиди корҳои иҷрошудаи соли 2023 ва вазифаҳои устувори соҳа дар соли 2024 маълумот доданд.
Сайфиддин Нарзиқулов дар баромади худ қайд кард, ки дар доираи барномаи сармоягузории соли 2023 сохтмони 194 объект ба маблағи 1189,9 миллиард сӯм ба нақша гирифта шуда, ба истифода додани 137 иншоот, аз ҷумла 36 мактаб, 2 мактаби махсус, 25 ташкилоти таълими томактабӣ, 6 муассисаи тиббӣ, 3 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шуда буд. То охири сол ҳамаи ин объектҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, ӯ дар бораи объектҳое, ки бо сабабҳои гуногун корҳои сохтмонияшон иҷро нашуданд, маълумот дод.
Ҳамзамон, дар бораи корҳои соли 2024 ҳарф зада, қайд кард, ки дар соли равон бунёди 222 хонаи истиқоматии дорои 9500 хонадони зист дар маҳаллаҳои «Ӯзбекистони Нав» ва дигар минтақаҳое, ки ба манзил талабот зиёд аст, ба нақша гирифта шудаанд ва имрӯзҳо дар ҳамаи онҳо корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд.
— Имрӯз мехоҳам ба шумо дар бораи тадбирҳои назоратӣ дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ба таври мухтасар маълумот диҳам, — гуфт дар аввали маърӯзааш ҷонишини сарвари инспексияи ҳудудии назорати соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзиливу коммуналӣ Одилбек Раҳимов. — Дар соли 2023 нозирони назорати сохтмони вилоят ҳамагӣ 1071 объектро ба қайд гирифта, дар давоми сол дар 8110 объект мониторинг гузарониданд. Аз рӯи натиҷаҳои мониторинг 18401 ҳолати қонуншиканӣ аниқ гардид. Мувофиқи онҳо ба 872 ташкилотҳои пудратӣ, ба 2451-то супоришгарон ва ба 1556-то лоиҳакашҳо дастурҳои хаттӣ дода шуданд. Барои саривақтӣ бартараф нагардидани камбудиҳо аз 356 нафар шахсони мансабдори корхонаҳо ҷаримаи маъмурӣ ситонида шуд. Дар 42 ҳолати риоя накардани меъёрҳои шаҳрсозӣ ва қоидавайронкуниҳои дағал аниқ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ба органҳои судӣ фиристонда шуданд.
Ӯ инчунин, оиди нақшаҳои соли 2024 ҳарф зада, қайд кард, ки ба таъмини назорати қоидаҳои шаҳрсозӣ, риоя кардан ба меъёрҳои сохтмон, иҷрои тасдиқшудаи лоиҳавии объектҳо кӯшиш мекунанд.
Дар рафти анҷуман ва пурсишу посух масъалаи аз кори бинокорон розӣ гардонидани халқ ба миён омад.

Бахтиёри ҶУМЪА