Ovozi.uz

Пешниҳод мешавад, ки ҷазо барои педофилия пурзӯр, аз ҷумла ҳабси якумрӣ муайян карда шавад

Лоиҳаи қонуни дахлдор аз ҷониби вакилони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар хониши аввал қабул гардид.

Тибқи лоиҳаи мазкур:

Барои содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус ё қонеъ кардани ғайритабиии талаботи шаҳвонӣ бо истифода аз зӯроварӣ нисбат ба шахсони то 14-сола таъйини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати тӯлонӣ ё ҳабси якумрӣ пешбинӣ мегардад;

Шахсоне, ки бар зидди озодии ҷинсии кӯдакон ҷиноят содир кардаанд, бинобар гузаштани муҳлати ба ҷавобгарӣ кашидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳамчунин бо сабаби ба охир расидани муҳлати иҷрои ҷазо аз адои он озод карда намешаванд;

Пешниҳод мегардад, ки ҷараёни бозпурсии ноболиғони аз зӯроварӣ осебдида тавассути сабти видеоӣ ба қайд гирифта шуда, рӯбарӯкунии кӯдаки ҷабрдида бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз рӯйи ҷиноятҳои зидди озодии ҷинсӣ тибқи тартиби махсус баргузор карда шавад;

Дар ҳолатҳое, ки зӯроварӣ аз ҷониби шахсони наздик ба кӯдак содир шудааст, иштироки намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ дар марҳилаҳои тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ таъмин карда мешавад;

Инчунин, механизми расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҳисоби давлат ба кӯдаконе, ки аз зӯроварӣ ҷабр дидаанд ё шоҳиди он гардидаанд, ҷорӣ карда мешавад. Ин тадбир, новобаста аз вазъи молиявии кӯдакон, имконияти онҳоро барои гирифтани ёрии ҳуқуқии босифат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон васеъ мегардонад.