Ovozi.uz

Мактаб — хонаи дуюми ӯ

Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.

Ӯ одатан субҳи барвақт аз хоб мехезад. Бахусус ҳангоми фасли тирамоҳи заррин. Дар ин фасл на танҳо ҳамаи меваҳо, хосатан ангур ва анор, ки ниҳоят дӯст медорад, мепазанд, боз соли хониши нав оғоз ёфта, лашкари доимӣ ва серғавғо — бачаҳо дар мактабанд. Гарчанде дар таълимгоҳи ӯ беш аз се ҳазор нафар толибилмон ҳастанд, қариб ҳамаи онҳоро мешиносад ва медонад, ки чӣ гуна ба дарс меоянд, мехонанд, кадом омӯзгоронро эҳтиром мекунанд, ба фанни кадоме аз онҳо дилбастагӣ доранд.Албатта, чунин рӯҳшиносу одамшинос шудани ӯ сабаб дорад. Мактаби миёнаи рақами 8‑и шаҳри Самарқанд яке аз нахустин муассисаҳои таълимӣ дар вилоят мебошад.

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Воқеан, агар кас устодашро дӯст дорад ва сифатҳои неки инсонии ӯ ба шогирд хуш ояд, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки арзи эҳтироми хешро ба муаллим тавассути ахлоқи ҳамида, мутолиаи пайваста, иҷрои бештару хубтари вазифаи хонагӣ ифода кунад. Дилсора Давроновна устодонро аз дилу ҷон дӯст медошт ва самимияту эҳтиромашро тавассути аълохонӣ, одоби нек, талоши илму дониш исбот мекард.Ӯ ҳангоми таҳсил дар мактаб ба забон ва адабиёти рус дил баст, ки сабаб дошт. Зеро ҳар касе, ки дар дарс ва соатҳои тарбиявии омӯзгори соҳибтаҷрибаву соҳибзавқ Елена Скачкова ширкат меварзид, бешубҳа, дар замири ӯ чунин тасаввуроте пайдо мешуд, ки агарчӣ шоҳи ҳама фанҳо математика аст, вале адабиёт калиди муҳаббат ба Ватани азиз, одаму одамгарӣ, дӯст доштани табиат, эҳтироми волидайн, дарк кардани сирру асрори ботинии инсон, пос доштани арзишҳои миллӣ ва ғайра мебошад.Муаллимаи фозилу пурдон Елена Владимировна, оид ба эҷодиёти адибони рус бо шавқу завқ ҳарф мезад, ки дар шогирдон ҳаваси мутолиаи асарҳои онҳо пайдо мегашт.Муаллима шояд китобхонаи бой дошт, ки повесту роман, достону маҷмӯаҳои шеърӣ оварда, ба синф мегузошт. Заҳмату дилсӯзии ӯ барабас нарафта, аксарият баъди гирифтани номаи камол ҳуҷҷатҳои хешро ба факултаи филологияи рус супурданд. Яке аз онҳо Дилсора Давроновна мебошад.Дилсора ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ адабиёти бисёр хонд, аз дурру гавҳари адабиёти рус ва ҷаҳон огоҳӣ ёфт. Дар анҷуману озмунҳои гуногун иштирок карда, ҷойҳои фахриро соҳиб гашт. Соҳиби дипломи имтиёзнок шуд ва ӯро ба вазифаи устоди кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи савдо ва иқтисоди Самарқанд таклиф карданд.

Ҳамроҳи касе бош, ки ҳамроҳи ту бошад

Дӯстиро чунин касе бояд,
Ки аз ӯ кори баста бикшояд.

Арафаи соли хониши 2018–2019 буд, ки дугона ва ҳамсабақаш Зумрад Салоҳова занг зада гуфт, ки таъҷилан ба мактаби рақами 16‑и ноҳияи Самарқанд ояд.— Дугонҷон, чӣ гап? — бо тааҷҷуб пурсид Дилсора, — магар тавассути телефон гуфтугӯ кунем намешавад?— Сирри ҳарбӣ, — завқ карда хандид Зумрад, — мақсад нохалафон пай набаранд.Дилсора бо сад фикру хаёл ба мактаб омад.— Дугонҷон, шаф-шаф не, шафтолуи гап ҳамин, ки шумо ба ман ҷонишин оид ба корҳои илмӣ мешавед, — гуфт Зумрад Салоҳова.— Дар Донишкадаи савдо ва иқтисодиёт мавқеи ман нағз, — баҳона пеш овард Дилсора. — Ҷои гарми худро чаро сард кунам?— Мактаби мо на танҳо дар ноҳия, балки дар вилоят пешқадам аст, — ба фаҳмондан пардохт сарвари таълимгоҳ. — Мақсадамон дар ҷумҳурӣ намунавӣ шудан аст. Барои ба муроди дил расидан ба ман ҳамфикр лозим.Зумрад суханашро тамом накарда, ба назди дугонааш қалам ва коғаз гузошт. Дилсора барои ба кор қабул кардан ариза навишт.

Шуҷоат ба кирдор аст, на ба гуфтор

Андоза нигоҳ дор, ки андоза накӯст,
Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.

Дилсора баъди ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ таъин шудан, мактаб хонаи дуюми ӯ гардид. Аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб дар таълимгоҳ фаъолият бурд. Аммо баъди як сол Зумрад Салоҳова ба Тошканд, Вазорати таълими халқӣ ба кор рафт. Дилсора Юсуфова директори мактаб таъин шуд.Ҳоло дар таълимгоҳи мазкур 3 ҳазору 147 нафар хонанда ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ таълиму тарбия мегиранд. Беш аз 150 нафар педагогҳо дар синфхонаҳои васеъ ва равшан дарс мегузаранд. Синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла, тахтаҳои электронӣ таъмин гардида, омӯзгорон аз имкониятҳои нави таълим самаранок истифода мебаранд.Соли таҳсили гузаштаро барои хатмкунандагон соли дастовардҳои намоён ҳисобидан мумкин аст. Онҳо дар баробари таҳсили хубу аъло дар олимпиадаи фаннии толибилмон бомуваффақият иштирок карда, ҳатто, ба тарзи имтиёзнок ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва хориҷӣ дохил шудаанд. Соли равон 212 нафар номаи камол гирифта, қариб сад нафар дар мактабҳои олӣ таҳсилро идома хоҳанд дод.Зеро устодони соҳиби тоифаи олӣ ва мукофотҳои давлатӣ Фарида Аҳмадова, Мунира Абдуллоева, Майсара Раҳматова, Ҳамида Маликова, Ҷамшед Холов, Зебо Содиқова, Гулдаста Аюбова, Сайёра Мирсаидова, Мавлуда Умарова, Шаҳло Саидова, Мадина Зокирова, Манзура Зарифова, Фарангиз Насриддинова ва дигарон фахру ифтихори мактаб ҳастанд. Ғайр аз ин, муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Лола Шамсиддинова соҳиби сертификати миллӣ буда, маоши ӯ беш аз 20 миллион сӯм аст. Инчунин, соҳибони сертификати байналмилалӣ Фарангиз Халилова, Ситорабону Алиева ва дигарон 60–70 фоиз иловапулӣ мегиранд, ки ин ҳам намунаи равшани дар мактаб баланд будани сифати таълим мебошад.— Сарвари давлатамон дар ҷамъомадҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф дониста, таъкид намудаанд, ки Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб оғоз меёбад, — гуфт қаҳрамони мо. — Оре, дар ҳар кор сидқу вафо, завқу шавқи баланд лозим. Дар мактаби олӣ таҳсил гирифта, соҳиби диплом шудан ҳанӯз маънии соҳибмаърифат шуданро надорад. Хушбахт шахсест, ки ба вазифаи худ муносибати сидқидилона кунад, аз кори ҳаррӯзааш дар зиндагӣ нақше монад. Муаллим дар ҳама ҳолат муаллими халқ ва Ватан аст. Боиси хушнудист, ки даврони Истиқлоли давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи халқу миллатро муайян кунем ва барои пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда гузорем. Охир, Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ ва шаъну шарафи ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани мамлакатамон мебошад.

Оре, мавқеи шахсро кору вазифа не, рафтору гуфтораш, муносибат ба атрофиён, дорои маданияти баланд ва нексиришт будан зеб медиҳад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон