Имрӯзҳо дар вилоят бахшида ба 1‑уми октябр — Рӯзи муаллимон ва мураббиён чорабиниҳои идона баргузор мегарданд.
Муаллимон дар сатҳи шаҳру вилоят, мактаб, техникум ва муассисаҳои таълими олӣ қадрдонӣ гардида, ба онҳо мукофотҳо супорида мешаванд. Дар доираи чорабиниҳо, вохӯрӣ бо собиқадорони соҳаи таълим ва барномаҳои консертӣ ташкил мегарданд.
Яке аз чорабиниҳои асосии вилоят дар базмгоҳи «Мӯъҷиза»-и шаҳри Самарқанд гузаронида шуд. Дар он собиқадорони соҳаи таълим, муаллимон ва кормандони сохтори таълими томактабӣ ва мактабии вилоят иштирок карданд. Ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев ба ҳозирон табрики ҳокими вилоятро хонда дод.
Бо фармони вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ ба 18 нафар муаллим нишони сарисинагии «Фидоии таълими халқӣ» («Халқ таълим фидоийси») ва ба 95 нафар нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқ» («Халқ таълими аълочиси») супорида шуданд.
Дар тарабхонаи «Диёра» иштирокчиёни чорабинии шаҳри Самарқанд, муаллимон ва мураббиён ҷамъ омаданд. Ҳокими шаҳр Фазлиддин Умаров фидоиёни соҳаро бо иди касбӣ табрик кард. Чунин чорабинӣ дар сохтори таълими касбиву ҳунарии вилоят низ ташкил карда шуд. Ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев ва роҳбари Садорати таълими касбиву ҳунарии вилоят Азиз Насимов муаллимон ва устоҳои таълими касбиро табрик карда, ба як гурӯҳ муаллимон нишони сарисинагии «Аълочии таълими миёнаи махсус ва касбӣ» («Ӯрта махсус ва профессионал таълим аълочиси»)-ро супориданд.
Чорабиниҳои идона дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои дигар низ таҳти шиори «Эҳтиром ба омӯзгор — арзиши олӣ» бо шукӯҳи баланд гузаронида шуданд. Эътироф ва эҳтироми муаллимон ва мураббиён идома дорад.
