Дар Маркази ҷавонони вилоят ба муносибати 33‑юмин солгарди истиқлолияти Ватанамон маросими ҷоизасупории зинаи вилоятии озмуни «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» баргузор гардид.
Дар озмуне, ки бо ҳамкории ҳокимияти вилояти Самарқанд, шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, Садорати вилоятии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ, Садорати маданияти вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шӯъбаи вилоятии Академияи бадеии Ӯзбекистон, шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии «Тасвирий оина», телерадиокомпанияи вилоят гузаронида шуд, беш аз 30 нафар эҷодкорон бо зиёда аз 200 намунаи корҳои эҷодии худ иштирок намуданд.
— Дар қарори Президентамон «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани ҷашни сиюсеюмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» вазифаи дар рӯҳияи баланд гузаронидани озмуни анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» муайян карда шудааст, — гуфт роҳбари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров. — Ба озмун мувофиқи талаботи қарори мазкур корҳои эҷодии шоиру нависандагон, журналистон, вакилони санъати тасвирӣ, сарояндагон, аксбардору дизайнерон, ки дар худ ғояи «Бо ваҳдат — мо халқи ягона, муттаҳид бошем — Ватан ҳастем!»-ро муҷассам намудааст, инчунин, барномаҳои стратегияи «Ӯзбекистон — 2030»-ро дар бар мегирад, мазмуну моҳияти онҳоро тарғиб менамояд, қабул карда шуданд.
Дар корҳои эҷодӣ ба тарғиб намудани ислоҳотҳои васеъ, ки дар кишварамон амалӣ мегарданд, барои беҳтар гардонидани зиндагии ҳамватанонамон, баланд бардоштани ҷаҳонбинии онҳо, ҳамаҷониба обод кардани Ватанамон, фаҳмонидани аҳамияти амалии ислоҳотҳо дар роҳи пурзӯр намудани салоҳияти иқтисодии кишварамон эътибори махсус дода шудааст.
Дар озмун аз рӯи номинатсияҳои асарҳои бадеии шоиру нависандагон, мақолаҳои публисистии журналистон, корҳои эҷодии ходимони васоити ахбори оммавии чопӣ, маводҳои интернет-журналистикии веб-сайтҳои ба сифати васоити ахбори оммавӣ аз рӯихат гузашта, материалҳои кормандони телевизион ва радио, корҳои дизайнерӣ, аксбардорӣ ва санъати тасвирӣ, сурудҳои санъаткороне, ки дар онҳо мадҳи Ватан тараннум мегарданд, 15 нафар ғолиб муайян карда шуданд.
Боиси хушнудист, ки дар байни ғолибон мухбири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Шаҳзод Кенҷаев ва мухбири ҷамоатии рӯзнома Маликаи Ҷумъазода низ ҳастанд.
Ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов ғолибонро табрик гуфта, ба онҳо диплом ва тӯҳфаҳои гаронбаҳоро тақдим намуд.
Қадршиносии эҷодкорони вилоят
