Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд «Форуми III миллии устодон» таҳти шиори «Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб сар мешавад» гузаронида шуд. Дар маросими мутантан ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов суханронӣ карда, ҳамаро бо 33‑солагии Истиқлол ва соли хониши нав муборакбод гуфт ва таъкид намуд, ки равнақи диёр, истиқбол ва тараққиёти кишвар, ҳамчун инсони комил ба камол расидани ҷавонони мо маҳз ба вакилони соҳаи таълим вобаста мебошад.
Дар чорабинӣ корҳое, ки дар соли хониши гузашта амалӣ гардидаанд, таҳлил карда шуданд.
— Дар асоси барномаҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои қонунӣ, ки оид ба рушди соҳа қабул шудаанд, муассисаҳои таълимии нав бунёд ва бо таҷҳизоти хонишии зарурӣ таъмин гардиданд, — гуфт Э.Турдимов. — Корҳои ин самт имрӯзҳо боз ҳам суръати баландтар мегиранд. Сармоягузории бузург барои Ӯзбекистони нав ба дастгирии таълим нигаронида шудааст ва аз ин рӯ, соли равон дар вилояти мо 4 мактаби нав бунёд, 90 мактаб реконструксия, 12 мактаб таъмири асосӣ карда мешаванд. Барои ин 446,8 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардидааст. Дар натиҷаи ин корҳои бунёдкорӣ ва таъмир дар вилоятамон қариб 24 ҳазор ҷои нави донишомӯз офарида хоҳад шуд. Сифат ва самаранокии таълим ғайр аз базаи моддӣ-техникии мактабҳо, ба дониш, таҷриба, маҳорат ва муҳаббати ба касб доштаи омӯзгорону мураббиён низ вобаста аст. Аз ин рӯ, солҳои охир ба баланд бардоштани мақому нуфуз, дастгирии онҳо аз ҷониби давлат ва ҳифзи иҷтимоии онҳо эътибори калон дода мешавад.
Зикр гардид, ки дар соли ҷорӣ донишомӯзони вилоятамон аз олимпиадаҳои фаннии асосӣ дар марҳилаи ҷумҳурӣ 9‑то ҷойҳои ифтихориро ба даст оварда, ба ҳисоби умумӣ дар ҷумҳурӣ ҷои якумро гирифтанд.
Инчунин, дар озмунҳои байналмилалӣ 165‑то, дар озмунҳои ҷумҳурӣ 254‑то ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Соли гузашта 978 нафар хатмкунанда пеш аз муддат донишҷӯи муассисаҳои таълими олии хориҷӣ шуда бошанд, имсол ин нишондиҳанда 1525 нафарро ташкил дод.
36 нафар донишомӯзони мо ба муассисаҳои бонуфузи таълими олии ИМА, Олмон, Италия, Фаронса, Ҷопон, Корея ва Чин, ки шомили садгонаи беҳтарини муассисаҳои таълими олии ҷаҳон мебошанд, қабул гардиданд.
Барои мисол, хатмкунандаи синфи 11‑и мактаби умумитаълимии тахассусии рақами 1‑и ноҳияи Иштихон Самандар Маҳмудов ба 8 донишгоҳи ИМА пеш аз мӯҳлат ба хондан қабул гардида, 130 ҳазор доллар грант бурдааст.
Дар форум дастовардҳои соли хониши гузашта ҳам баён карда шуданд. Аз ҷумла, дар миқёси вилоят 68‑то мактаб ба сохтори нави баҳогузорӣ гузаронида шудааст. Аз соли хониши нав дар 50 мактаби дигар ҳам ин сохтор ҷорӣ хоҳад шуд. Мактабҳои тахассусӣ аз 16‑то ба 18‑то расиданд.
Мактабҳое, ки соҳиби мақоми «Мактаби замонавӣ» мебошанд, аз 113‑то ба 209‑то (+96‑то), омӯзгорони соҳиби сертификатҳои миллӣ ва байналмилалӣ аз 1216‑то ба 2444‑то (+1228‑то) расиданд.
Дар чорабинӣ дар соли хониши нав ба марҳилаи нав баровардани сифати таълиму тарбия дар сохтори томактабӣ ва мактабӣ, муайян намудани соҳаҳои устувор дар соҳа, васеъ роҳандозӣ кардани таҷрибаи мактабҳои президентӣ, татбиқ намудани барнома ва маҷмӯаҳои хонишӣ-методикӣ ба нақша гирифта шуданд.
Ғайр аз ин, баъзе масъала ва муаммоҳои соҳаи таълим низ баррасӣ гардида, камбудӣ ва хатоҳои баъзе ходимон танқид карда шуданд.
Дар охир 40 нафар омӯзгорон ва тарбиячиёни кӯдакистонҳое, ки ба рушди соҳа ҳиссаи муносиб мегузоранд, фаъол, ташаббускор ва ҷустуҷӯкунанда мебошанд, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳ.СОДИҚОВ.
