Ovozi.uz

«Эҳтиёт шавед: одамон!»

Зиёда аз сад сол мешавад, ки рондани нақлиёт ба тартиби муайян дароварда шудааст. Вале ҳар сол ҳазорон нафарон ба туфайли риоя накардан ба ин қоидаҳо аз олам чашм мепӯшанд. Миллионҳо нафари дигар ногиро шуда, ба аробачаҳо вобаста мешаванд. Бино ба маълумотҳо, ҳар сол дар кишвари мо қариб се ҳазор нафар одамон қурбони ҳодисаҳои нақлиётӣ шуда, 12 дарсади онҳоро бачаҳо ташкил медиҳанд, ки ин хеле ҳоли ғамангез аст.
Муаммо танҳо дар ноҳамвории роҳ нест…
Мувофиқи натиҷаи омӯзиши аъзои Сенати Олий Маҷлис, дар кишвари мо қариб нисфи ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ба туфайли беписандӣ ба қоидаҳои ҳаракати роҳ содир мегардидаанд.
Барои мисол, садамаеро ба ёд оварем, ки рӯзи 9‑уми июни соли равон дар роҳи автомобилгарди Навбаҳор-­Нурота рух дод. Дар он ронандаи «Gentra» мошини «Damas»-ро таъқиб карда гузаштанӣ шуда, ба мошини «Onix», ки аз пеш меомад, бархӯрдааст. Дар натиҷа, 5 нафар аъзои як оила, ки дар дохили «Onix» буданд ва ронандаи «Gentra» ба ҳалокат расиданд. Ҳол он ки дар ин минтақаи роҳ аломати манъи таъқиби мошин гузошта шудааст. Сабаб, ҳангоми ҳаракати нақлиёт мошини тарафи муқобил намоён намешавад. Айнан дар ҳамин минтақаи роҳ 3–4 сол пеш ҳам садама рух дода, дар он 4 нафар ҷавонписар ҳалок шуда буданд.
Воқеан, мошин барои баъзеҳо воситаи наздиккунандаву осонкунандаи роҳ не, воситаи худнамоиву манманӣ шудаасту мешавад.
Духтарчаи 9‑солаи хатирчигӣ, ки рӯзи 1‑уми июл дар зери мошини «BYD» монд, ки бо тезии 142 километр дар як соат ҳаракат мекард ва қурбони ҳамин гуна манманиву худнамоиҳо шуд.
Имрӯзҳо маҳз барои пешгирии ҳамин ҳолатҳо роҳҳо равону васеъ, аломатҳо равшантар тасвир карда мешаванд. Ин дар баробари мусоидӣ ба шаҳрвандон, барои таъмини бехатарии онҳо низ мебошад. Аммо гап дар равониву норавонии роҳҳо нест. Гап дар нигоҳи беписандонаи баъзе ронандаҳо ба аломатҳои ҳаракати роҳ аст.
Қоидашиканӣ кулфат меорад
Бархе аз шаҳрвандонамон бастани камари ҳимояро ба хаёл ҳам намеоранд.
Мувофиқи маълумоти Хидмати бехатарии ҳаракати роҳи департаменти бехатарии ҷамоатии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, зиёда аз 96 дарсади ҳалокгардидагони ҳаракати нақлиёти роҳ камари ҳимояро набастаанд.
Бино ба андешаи мутахассиони соҳа, агар мусофирони нишастгоҳҳои қафо камари ҳимояро банданд, эҳтимоли дар садама зинда мондани шахсони нишастгоҳҳои пеш, дар акси ҳол, эҳтимоли фавти онҳо зиёд мешудааст.
Таҳлилҳо ҳаминро нишон медиҳанд, ки 45 дарсади садамаҳои ҳаракати нақлиёти роҳ ба туфайли қоидаҳоро нодида гирифтани ронандаҳо содир мешаванд.
Садамаи 2 сол қаблиро, ки дар он писари 14‑сола ба ҳалокат расида буд, мардуми Навоӣ ҳанӯз фаромӯш накардаанд. Ронандаи маст баъди садама гурехта рафта, писар якуним соат бо аҷал ҷангидааст. Баъди суханони ронанда, ки дар тафтиши аввал «Чӣ шудааст, як-ду сол нишаста меоям, тамом!» гуфта буд, бисёриҳо ба ӯ ҷазои олиро талаб намуда буданд.
Аз ҷониби суд ба ронанда мувофиқи қонунгузорӣ ҷазои ҳабси адолатнок таъин гардид. Чӣ хеле, ки худи ӯ гуфт, ҳамон муддатро нишаста, шояд баргашта ҳам ояд. Вале фарзанди як оиларо дигар баргардонида намешавад. Баръакс, ҳамон касофат ба оилаи писар дарҳои кулфатро кушод. Падар доғи писарро таҳаммул карда натавонист, модар бошад, ногиро шуд.
Шукр, ки ин гуна касофатҳо дар миёни мо каманд.
«Диққат: бачаҳо!»
Модаре намехоҳад, ки нури дидаи ба ноз парвардааш қурбони саросемагиҳои ягон нокас шавад. Охир, ба бачаи сесола, ки чанд рӯз пеш дар Ургут бар асари садамаи нақлиётӣ вафот кард, кӣ ҳам бадӣ мехост?
Аз рӯи маълумоти Садорати корҳои дохилӣ, чарх ва тормози мошин соз будааст. Ронанда имкони пахш кардани тормоз ва боздоштани мошинро доштааст.
Бачаҳо — қабати муҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ мебошанд. Аз ин рӯ, аксарияти маълумотҳои оморӣ нисбати онҳо гирифта шуда, мо ба ибораи «аз ҷумла, фалон фоизро бачаҳо ташкил медиҳанд» бисёр дучор мешавем.
Агар аз ҳамин ҷиҳат назар созем, мебинем, ки дар мамлакати мо тӯли 5 моҳи соли равон 65 нафар бача ба туфайли садамаи нақлиётӣ аз олам чашм пӯшидааст.
Дар давоми ду моҳи охир борҳо ба ин гуна ҳодисаҳои мудҳиш гувоҳ шудем. Афсӯс, ки аксарияти онҳо бар асари нодида гирифтани қоидаҳои ҳаракати роҳ содир гардидаанд. Агар ҳамин тавр идома кунад, шояд даъвати «Эҳтиёт шавед: бачаҳо!» ба даъвати «Бачаҳо, эҳтиёт шавед!» тағйир ёбад.
Оҳиста рав — пайваста рав
Мо медонем, ки 4‑уми апрели соли 2022 қарори Президентамон «Дар бораи чораҳои таъмини бовариноки бехатарии инсон ва ихтисори назарраси ҳолатҳои фавт дар роҳҳои автомобилгард» қабул шудааст.
Дар ин ҳуҷҷат рушди маданияти риояи ронанда ва пиёдагардон ба қоидаҳои ҳаракати роҳ, таъмини ҷазои муқаррар ба ҳар гуна қоидашиканиҳо, ба роҳ мондани омӯзиши асосҳои қоидаҳои ҳаракати роҳ аз бачагӣ ва ҷорӣ намудани амалиёт дар ташкилотҳои томактабӣ ва мактабӣ ҳамчун самтҳои муҳими таъмини бехатарии ҳаракати роҳ нишон дода шудаанд. Дар тӯли даври гузашта оид ба таъмини иҷрои вазифаҳои зикршуда 6 ҳуҷҷати нормативӣ-­ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо қабул гардиданд.
Афсӯс, ки ба ҷои камшавии садамаҳо, ҳанӯз як ҳолати ногувори ҳаракати роҳ фаромӯш нашуда, дигараш одамонро ба ларза меорад. Яке таклифи сахттар намудани ҷазо, дигаре таклифи мушкилтар кардани талаби додани ҳуқуқи ронандагиро пеш мегузорад. Вале таҷрибаи ҷаҳон ҳаминро нишон медиҳад, ки аз тарс дида, баландии маданияти ҳуқуқӣ ва устувории муносибатҳои инсонии одӣ самараи хубтар медиҳанд.
Дар боло қайд намудем, ки 45 дарсади ҳодисаҳои ҳаракати роҳ ба туфайли беписандӣ ба қоидаҳои ҳаракат ва танҳо 10 дарсади онҳо бо сабаби камтаҷрибагӣ рӯй додаанд.
Аз мисолҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ на танҳо ходимони мақомоти корҳои дохилӣ, балки ҳама баробар вазифадор мебошем. Дар акси ҳол, оқибати садамаҳои нақлиётӣ ба ҳаёти мо таҳдид кардан мегиранд.
Фаромӯш насозем, роҳи касе, ки ба қоидаҳои ҳаракати роҳ ҳурмат нишон медиҳад ва риоя мекунад, доимо равон аст.

Темур ЭШБОЕВ.
(Тарҷимаи
Ҳасан СОДИҚОВ.)