Дар Маркази сайёҳии Самарқанд конгресси байналмилалии VIII «Мероси аҷдодни бузург — асоси Ренессанси сеюм» гузаронида мешавад.
Дар он беш аз 300 нафар олимон, мутахассисон ва пажӯҳишгарони 35 давлати дунё иштирок доранд. Дар ифтитоҳи расмии конгресс роҳбарони ташкилотҳои ИРСИКА, АЙСЕСКО, ТУРКСОЙ, Бунёди “Ал-Фурқон”, Академияи байналмилалии туркӣ, вакилони Равобити олами ислом ва ғайра ширкат варзиданд.
Дар аввали маросими ифтитоҳ мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайриддин Султонов ба иштирокчиёни Конгресси байналмилалии VIII «Мероси аҷдодни бузург — асоси Ренессанси сеюм» табрики Президент Шавкат Мирзиёевро хонда дод. Дар табрики сарвари давлатамон муҳокимаи барномаҳои илмӣ ва нақшаҳо, ки ба имрӯзу оянда нигаронида шудааст, алоҳида таъкид гардид. Инчунин, гуфта шудааст, ки «барномаҳои роҷеъ ба тадқиқотҳои фундаменталӣ, тартиб додани лоиҳаҳои илмӣ, тадбирҳое, ки ба татбиқи онҳо нигаронида шудаанд, бешубҳа, барои ҳамкории байни мо имконияту истиқболҳои нав мекушоянд».
Дар табрики Президент ба фаъолияти Ҷамъияти умумиҷаҳонӣ барои нигаҳдорӣ, омӯзиш ва оммавигардонии мероси мадании Ӯзбекистон низ эътибор дода шудааст.
Хусусан, дар доираи лоиҳаи «Мероси мадании Ӯзбекистон дар маҷмӯаҳои ҷаҳон» китоб-албомҳои иборат аз 70 ҷилд рӯи чопро дида, тақдим гардидани он ба китобхонаҳо, муассисаҳои таълими олӣ, осорхонаҳо, масканҳои бонуфузи илму маърифати хориҷӣ ва кишварамон таъкид карда шуд.
Ҳамчун давоми ин корҳо дар рӯзҳои анҷуман гузаронида шудани тақдимоти боз даҳ ҷилд китоб-албоме, ки ба ин силсила ворид мешаванд, воқеаи таърихӣ ба ҳисоб меравад.
— Даставвал, аз номи иштирокчиён барои табрик, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фиристода шудааст, сипосгузориямонро изҳор менамоем, — гуфт директори Маркази свилизатсияи ислом дар Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов. — Чунин боварӣ олимони маҳаллӣ ва хориҷиро бо рӯҳияи баланд кор кардан даъват менамояд. Дар кишварамон барои поя гузоштан ба Ренессанси Сеюм корҳои бузург амалӣ мегардад. Соҳаҳои илму фан, маориф ва маданият такмил меёбад. Ҳафт сол қабл барои амалӣ гардонидани ин мақсадҳои нек тибқи фармони Президентамон Маркази свилизатсияи ислом дар Ӯзбекистон ташкил шуда буд. Имрӯз корҳои иҷрогардида дар ин самт натиҷаи худро нишон медиҳад.
Бояд таъкид намуд, ки рӯзҳои 23-26-уми август дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд бо ҳамкории ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази свилизатсияи ислом дар Ӯзбекистон, Ҷамъияти умумиҷаҳонӣ оид ба омӯзиш, нигаҳдорӣ ва оммавигардонии мероси мадании Ӯзбекистон (WOSCU) ва ширкати хизматҳои нефти «Eriell Group» Конгресси байналмилалии VIII ташкил гардидааст. Мақсади асосии он ба роҳ мондани ҳамкории пурсамар бо олимони маҳаллӣ ва ҳамҷамияти байналмилалии коршиносони илмӣ барои рушди Ӯзбекистони Нав дар соҳаи маданӣ-гуманитарӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои нав дар давраи болоравӣ ва тарғиб намудани ислоҳотҳо дар соҳаи динию маърифатӣ, омӯхтан, нигаҳ доштан ва оммавигардонии мероси бойи маданию маънавии халқамон мебошад.
