Чи тавре, ки хабар дода будем, имрӯз дар Самарқанд семинари ҷумҳуриявӣ кори худро оғоз кард.
Дар дирексияи «Ширин»-и вилояти Сармарқанд, ки дар соҳили дарёи Қародарё ҷойгир аст, бо иштироки намояндагони Администратсияи Президент, масъулони Девони Вазирон, вазирон ва роҳбарони мақомоти давлатӣ дар мавзӯи «Чораҳои баланд бардоштани даромади аҳолӣ тавассути истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва иҷора дар асоси системаи нави муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ дар вилояти Самарқанд мувофиқи низоми нав роҷеъ ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва иҷора, ихтисосонидани маҳалла ва механизмҳои ташкили кооперативҳо аз рӯи тамоюли «ширкат – кооператив – хоҷагии деҳқон», тадбирҳои агротехникӣ оид ба тайёр кардан, шинондан ва нигоҳубини сабзавоти серҳосил, шолӣ ва тухмии картошка ва аз хоҷагиҳо ба даст овардани 2—3 ҳосил, корҳои агротехникӣ оид ба шинондани ниҳолҳои меваю ток ва ғайра маърузаҳо шунида шуданд.
Ин семинари ҷумҳуриявӣ дар васеъ паҳн намудани таҷрибаи мусбати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва иҷора, афзоиши даромади аҳолӣ ва дар ниҳояти кор боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҳамватанонамон нақши муҳим мебозад.
