Ovozi.uz

«Шаъни муаллим аз пештара хеле баланд шуд»

— мегӯяд Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Матлуба Нарзуллоева

Муаллим дар ҳаёти ҳар як шахс ҷойи муҳим дорад. Ӯ на танҳо дониш меомӯзонад, балки ба шогирдон роҳи дурусти зиндагиро нишон дода, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шахсияти онҳо ҳисса мегузорад. Яъне, агар барои аз хоби ноз бедор кардани табиат, Модар-­Замин баҳор лозим бошад, пас барои саводнок шудану роҳи дурусти зиндагиро интихоб кардани инсон нақши муаллим хеле калон аст.
Ба муносибати 1‑уми октябр — Рӯзи муаллимон ва мураббиён мо азм намудем, ки бо яке аз муаллимони собиқадор, соҳиб­илму соҳибмаърифат, «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон», соҳиби нишони сарисинагии дараҷаи II «Меҳнат фахрийси» ва муаллифи китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ Матлуба Нарзуллоева суҳбат намуда, аз таҷриба, хотираҳо ва андешаҳои ӯ дар бораи касби пуршарафи омӯзгорӣ пурсидем.
— Муаллимаҷони азиз! Аввало Иди касбӣ муборак бошад! Солҳои зиёд дар синфҳои ибтидоӣ дарс додед. Ба назари шумо барои муаллими синфҳои ибтидоӣ шудан кадом хислат муҳим аст?
— Аввало инсон соҳиби кадом касбу кор набошад, пеш аз ҳама, бояд касбашро дӯст дорад. Барои муаллимаи синфҳои ибтидоӣ, аввало, меҳрубон, масъулиятшинос ва дӯстдори бачаҳо будан муҳим аст. Зеро, кӯдак қадамҳои аввалини худро ба синфи ибтидоии мактаб мегузорад. Ӯ на танҳо хондану навиштан, балки муносибат кардан, дӯст доштан, ҳурмат кардан ва ба худ бовар карданро низ аз муаллим меомӯзад.
Аз ин рӯ, муаллимаи синфҳои ибтидоӣ бояд ҳар як хонандаро хуб дарк карда тавонад, зеро ҳар як бача истеъдоду характери ба худ хос дорад. Кӯдаконе ҳастанд, ки зеҳнашон тез, зуд аз худ мекунанд, барои азхудкунии баъзеҳо бошад эътибору дастгирии бештар лозим аст. Бинобар ин, муаллим бояд бо ҳар як шогирд муносибати самимӣ намояд. Ҳангоми фаъолият дар мактаби таълими умумии рақами 41 шашто синфро ба синфи болоӣ гусел кардам. Дар байни онҳо бачаҳои қобилу гапдаро, шӯху гапногир, аълохону сустхон, камгапу сергап буданд. Хоҳ нохоҳ бо ҳар яки онҳо аз рӯи характеру табиаташон муносибат мекардам.
Кӯшиш менамудам, ки бачаҳои сустхонро ба худам наздиктар шинонда, нисбати аълохонҳо бештар эътибор диҳам. Бо бачаҳое, ки характерашон вазнин асту ба дарсҳо шавқ надоранд, бештар аз рӯи шавқашон сӯҳбат мекардам. Ҳамин тавр, ба дили ҳар як хонанда роҳ ёфта, кӯшиш менамудам, ки моҳияти мавзӯъро фаҳмонам.
— Ба фикри шумо, шогирд аз муаллим чӣ ёд мегирад, ки дар китоб нест?
— Худи муаллим барои шогирдонаш шахси намуна аст. Алалхусус, муаллими синфҳои ибтидоӣ. Ба фикрам, шогирд аз муаллим, пеш аз ҳама, хислатҳои хуби инсониро бояд омӯзад. Китоб ба мо дониш медиҳад, аммо бисёр хислатҳои инсонӣ, аз қабили меҳрубонӣ, ростқавлӣ, сабру таҳаммул, эҳтироми дигарон, масъулиятшиносӣ ба воситаи рафтору гуфтор ва ҳаракатҳои муаллим дар шахсияти кӯдак ҷо мешаванд. Дар худи ман низ интихоб кардани касби омӯзгорӣ аз як тараф ба ирсият вобаста бошад, аз тарафи дигар аз ҳамон тарзи худдорӣ, муомилаи муаллимаи аввалинам маншаъ гирифтааст. Аз ин рӯ, ман ҳам кӯшиш кардам, ки дар дили хонандагон баробари дониш ҳисси некиро пошам. Ба фикрам, омӯзгори ҳақиқӣ он касест, ки дар қалби шогирдонаш тухми некӣ, инсондӯстиву ватанпарвариро ҷо кардааст.
Чанде пеш 4–5 нафар шогирдонам ба аёдат омаданд. Ҳангоми суҳбат яке аз онҳо маро ба оғӯш кашида, « …муаллимаҷони азиз, қурбони сабру дили пур аз меҳратон шавам. Гарчанде вақти мактабхонӣ хуб нахонда бошам ҳам, ҳарчанд профессор ё олим нашудаам, аммо аз шумо чизи аз ҳама муҳим — одамгариро омӯхтаам. Ҳамон панду насиҳатҳои шумо барои дар зиндагӣ ҷойи муносиби худро ёфтанам кӯмак кард. Ҳар боре, ки ба мушкилие рӯ ба рӯ мешавам, пеш аз ҳама суханҳои шумо ба ёдам меоянд. Ташаккур ба шумо. Маро бубахшед, шуморо бисёр ранҷондаам…» — гуфт.
Ин гуна ҳолат бисёр мешаванд, ҳар маротиба баъди шунидани чунин суханҳо бори дигар боварӣ ҳосил мекунам, ки умри худро беҳуда нагузаронидаам.
— Кадом шогирд ва ё лаҳзаи фаъолиятатон дар хотираатон мондааст?
— Ҳангоми фаъолият дар мактаб шогирдони бисёр доштам ва ҳар яки онҳо дар ёдам бо хотираҳои нек боқӣ мондаанд. Барои муаллим аз ҳама хурсаниовар он аст, ки баъди солҳои зиёд шогирдонашро мебинад, муваффақиятҳояшонро мефаҳмаду дарк мекунад, ки умраш беҳуда нагузаштааст. Одатан, дар хотираи муаллим бештар шогирди аз ҳама беҳтарин ва аз ҳама сустхон боқӣ мемонад. Шогирди беҳтарин бо ахлоқи хубу зиракиаш аз дили устодаш ҷой гирад, шогирди сустхон бо ранҷ доданаш аз хотираи муаллим намеравад. Чунки муаллим барои бедор кардани шавқи он хонандаи сустхон шабу рӯз андешида ва роҳҳои дигари таълимдиҳиро ҷустуҷӯ мекунад, ки дар дили шогирдаш нисбати таълимгирӣ меҳр пайдо кунонад. Ҳар як лаҳзаи дарс, қабули синфҳои якум ва ба синфи болоӣ гусел кардани онҳо бароям фаромӯшнашаванда ва ҳаяҷоновар буданд. Шукр, мегӯям, ки имрӯз шогирдонам дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, таълим, тиббиёт, техника, савдо фаъолияти босамар бурда, баҳри ободии Ватанамон ҳисса мегузоранд. Ин албатта, ифтихори ман аст.

Мусоҳиб Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА