Бо ташаббуси прокуратураи вилояти Самарқанд дар маҳаллаи Ӯзбекқӯрғони ноҳияи Иштихон кӯдакистони барои 200 нафар пешбинишуда сохта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимии томактабӣ, ки ба сокинони ин маҳалла ва кӯдакон ҳамчун тӯҳфа дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ тақдим карда шуд, масъулони прокуратураи вилоят ва ҳокимияти ноҳия, инчунин фаъолон ширкат варзиданд.
— Маҳаллаи мо 35 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар минтақаи дурдаст воқеъ аст, — гуфт раиси маҳаллаи Ӯзбекқӯрғон Абдураҳим Исонов. — Мо зиёда аз 4200 нафар аҳолӣ дорем. Аммо то ин дам ягон кӯдакистони давлатӣ вуҷуд надошт, танҳо як кӯдакистони хусусӣ фаъолият мекард. Дар маҳаллаи мо бо кумаки прокуратураи вилоят сохта шудани ин кӯдакистон бисёр муаммоҳои моро ҳал намуд ва ҷойҳои нави корӣ кушода шуданд.
Барои сохтмон ва таҷҳизонидани муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби депозити прокуратура ва сарпарастон 7 миллиард сӯм харҷ карда шуд. Дар бинои дуошёна барои тарбиятгирандагон тамоми шароиту имкониятҳо муҳайёст. Барои дар саҳни ҳавлӣ бозӣ ва сайр кардани бачаҳо майдончаҳои бозӣ ва ҳудуди сабз мавҷуд аст.
Соли равон бо ташаббуси прокуратураи вилояти Самарқанд дар ноҳияи Қӯшработ биноҳои иловагии дорои 400 ҷой барои ду мактаб ва ду кӯпрук сохта ва дар арафаи соли таҳсил ба истифода супурда шуда буданд.
Ғ.ҲАСАНОВ
