Ин роҳи оҳан, ки бо ҳамкории Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад, вақти рафтуомади байни ҳар ду шаҳрро хеле кам мекунад.
24-уми декабри соли равон роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» бо роҳбари лоиҳаи «Caman Corporation» Ҷин Канга (Кореяи Ҷанубӣ) мулоқот анҷом дод. Дар ин бораи маркази медиаи ахбор-таҳлили ҶС “Ўзбекистон темир йўллари” хабар додааст.
Мавзӯи асосии муҳокима оғози корҳо оид ба асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодӣ барои сохтмони роҳи оҳани нави мусофиркашони баландсуръати “Тошканд – Самарқанд” буд.
Роҳи нав вақти рафтуомади байни ду шаҳри бузургро хеле коҳиш медиҳад, сатҳи бароҳатии мусофиронро баланд мебардорад ва сифати хизматрасонии нақлиётро беҳтар мекунад.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки аҳамияти ин ташаббус дар беҳтар гардидани муносибатҳои байниминтақавӣ, афзоиши теъдоди мусофирон ва зиёд гардидани қатораҳои баландсуръат мебошад.
Татбиқи лоиҳа ба мустаҳкам шудани тараққиёти иқтисодии ҷумҳурӣ ва ба марҳилаи нав баровардани саноати нақлиёти Ӯзбекистон ёрӣ мерасонад.
Дар натиҷаи музокираҳо қарор карданд, ки гурӯҳи корӣ ташкил карда мешавад ва он ҷараёни тайёр кардани базаи техникию иқтисодии лоиҳаро суръат мебахшад.
