Мо дар рӯи замин зиндагонӣ мекунем ва ризқу рӯзии мо аз паси замин аст. Оиди тоза нигоҳ доштани хоки замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он ва ғайра муммоҳои зиёде пеш омадаанд. Бо мақсади ба ин масъалаҳо каме рӯшанӣ андохтан мухбири мо ба профессори кафедраи экология ва фаъолияти ҳаёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов Хидиралӣ Ботиров бо чанд савол муроҷиат намуд. Инак, мухтасари ин мусоҳибаро пешкаши хонандагон мегардонем.
— Мегӯянд, ки замин одамро мехӯронад, мепӯшонад ва ниҳоят ба оғӯши худ мегирад. Инро шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед?
— Ин ҷои шарҳдиҳӣ надорад. Дар ҳақиқат ҳам ҳамин хел аст. Аз даври неолит то имрӯз ва эҳтимол, дар оянда ҳам, замин дар соҳаи кишоварзӣ воситаи ягона ба ҳисоб меравад. Ҳосиле, ки аз он рӯёнда мешавад, барои озуқаворӣ, сару либос ашёи хоми саноатӣ аст ва базаи асосии хӯроки чорворо ҳам ба вуҷуд меоварад. Сабазвоту мева ва маҳсулотҳои гуногуни боғу ток ҳам дар замин парвариш карда мешаванд.
— Ҳосилдиҳии замин ба кадом омилҳо вобаста мебошанд?
— Маҳсулнокӣ гуфта, дар тамоми умри растаниҳо қобилияти таъмин бо об, ҳаво ва маводи ғизоӣ дар назар дошта мешавад. Хусусиятҳои ба худ хоси хок бошад, ҷараёнҳои физикӣ, кимиёвӣ ва биологиро дар бар мегиранд. Илова бар ин, ҳангоми муносибатҳо бо хок хусусияҳои физикиву механикии он, яъне ба худ ҷаббида, нигоҳ доштани об, ковокӣ ва ҳангоми коркард сифатҳои пайвастшавӣ, сахтӣ, ҳалшавиро зикр кардан мумкин аст.
— Оё мо аз замин самаранок истифода мебарем? Дар шароити вилоятамон парвариши кадом навъҳои зироат ва дарахтон бештар фоидаовар аст?
— Муболиға нест, агар гӯем, ки дар зарфи 5 соли охир дар асоси сохтори аз як майдон гирифтани ду ҳосил ба истифодаи нисбатан самараноки замин қадам гузоштем. Ҳозир вазифа аз он иборат аст, ки аз шароити хоси хоку иқлимамон оқилона истифода бурда, дар як сол аз замин се ҳосил гирифтанро ба анъана табдил диҳем.
Ҳоло майдонҳое, ки аз ғалла ва дигар зироатҳо холӣ шудаанд, кишти тобистонаву тирамоҳӣ ва баъд аз он зироатҳои тирамоҳиву зимистона коштан ба одат мубаддал мегардад. Ин, пеш аз ҳама, киштгардонро дар асоси илмӣ, интихоби дурусти зироат ва усулҳои соддаи агротехникӣ амал карданро талаб мекунад. Агар ин гуна корҳо ба ҷо оварда шаванд, дараҷаи ҳосилнокӣ аз 1,5–2,0 ҳиссаи ҳосилнокие, ки имрӯзҳо ба даст давроварда мешаванд, ба 2,5–3,0 ҳисса меафзояд. Ба таври дигар гӯем, бо ин роҳ дараҷаи истифодаи заминро ба 200–250 фоиз расондан мумкин аст.
Маълум аст, баробари технологияҳо тухмии зироат ва навъҳои ниҳолҳои боғҳои хориҷӣ низ ба мамлакатамон ворид шуданд. Ҳамагӣ 10 сол пеш аз ҳар як гектар сабзавот 30–35 сентнер ҳосил мегирифта бошем, ҳоло он ба 2–2,5 ҳисса зиёд шудааст. Ба ин, аз ҷумла, помидор, ангур, картошка, карам ва ғайра, аз меваҷот дарахтони себу гелос, зардолуву шафтолу ва дигари мевадеҳро, ки дар боғҳои интенсивӣ рӯёнида мешаванд, мисол овардан мумкин аст.
— Ба фикри шумо, сабабҳои сол то сол паст шудани ҳосилнокии замин дар чист?
— Академик М. Муҳаммадҷонов ва дигар олимон бар ин назаранд, ки то замони истиқлолият ҳосилнокии замин 30–35 фоиз паст шуда, хосиятҳои ба худ хоси хок бад гардид. Инчунин, маҳдудияти киштгардон ва монополияи пахта ба муҳити зист ва саломатии инсон зарар расонида, ба ҳосили зироат хеле таъсири манфӣ расонидааст.
— Муайян карда шудаанд, ки кадом нуриҳои маъданӣ сохтори заминро вайрон мекунанд?
— Ба ақидаи олимон, ягон навъи нуриҳои маъданӣ дар сурати аз ҷиҳати илмӣ истифода бурдани он ба таркиби хок ва растаниҳо таъсири манфӣ намерасонад. Дар ин сурат танҳо меъёр, таносуб ва навъҳои онҳоро дуруст интихоб кардан лозим аст. Ғайр аз ин, истифодаи моддаҳои заҳрдори химиявиро қатъиян маҳдуд карда, ба муқобили касалӣ ва ҳашароти зараррасони зироатҳо ба таври биологӣ мубориза бурдан ба мақсад мувофиқ аст.
— Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ба замин ҳар хел партовҳоро мерезанд. Бигӯед, ки кадом намуди партовҳо метавонанд сохтори хокро вайрон кунанд ё ҳосилнокии онро паст гардонанд?
— Чуноне, ки гуфтед, баъзе ҳодисаҳои ба замин рехтани омехтаҳои гуногун (санг, плёнка, масолеҳи пластмассӣ, пасмондаҳои корхонаҳои саноатӣ ва дигар намуди партовҳо) мушоҳида мешавад. Бинобар ин, мо тамоми чораҳоро бинем, ки хоки ҳосилдеҳ тоза ва аз партовҳои зарарнок холӣ бошанд. Дар ҳудудҳои саноатӣ, масалан, ҳодисаҳои бо металлҳои вазнин олуда шудани хок низ ҷой доранд ва дар ин бобат тавсияҳои олимонро ба назар гирифтан аз манфиат холӣ нест.
— Ҳамчун мутахассис шумо ба деҳқонон дар бобати ба даст овардани ҳосили баланд чӣ таманноҳо доред?
— Мо таҷрибаҳои бои амалие дорем, ки Ҳазрати Деҳқон дар давоми асрҳо ба вуҷуд овардааст. Хушбахтона инро ҳоло ҳам дар миқёси вилоятамон дар мисоли ноҳияҳои Тайлоқ, Самарқанд, Булунғур, Пахтачӣ, Нарпай ва ғайра дида метавонем. Ба деҳқонон бахту саодат, баракат дар меҳнат ва дар пур кардани дастархони халқамон комёбиҳои беназир мехоҳам.
Мусоҳиб Бахтиёр ҶУМЪАЕВ
