Ovozi.uz

Нигоҳе ба нақдгунаҳои шоира Фарзонаи Хуҷандӣ

Донишманди адабиёти форсӣ Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ ҷараёни ба батадриҷ ба вуҷуд омадани шеъри шоирро нахуст аз мушоҳидаву эҳсоси ҳар чиз, баъдан дар зеҳн нигаҳдорӣ шудани он, сипас ба хаёли зебо даромадани ҳар чӣ аз дидаҳову шунидаҳо ва дигар таҷрибаҳои шоирон медонад. Пас, эҳсос аз омилҳои нахустини ба вуҷуд омадани сувари хаёл ва ё тасвири бадеӣ ба ҳисоб меравад. Баъдан, ки эҳсос кори худро тамом кард, ниёз ба кори ақл пайдо мешавад, ҳарчанд ин ҷараён сирф ба дасти эҳсос сурат намегирад. Ризо Бароҳанӣ ҳам гуфтааст, ки «шоир аввал меофарад, сипас ба он чи офарид, ба андеша менишинад».
Дар «Санъати сухан» донишманди маъруфи адабиёти форсии тоҷикӣ Тӯрақул Зеҳнӣ аз забони Шамс Қайси Розӣ овардааст: «Бештари шоирон бар ин ҳастанд, ки нақди шеърро шоирон муайян мекунанд ва ҷуз онҳо наметавонанд, ки дар радду айби он сухан гӯянд. Ин мулоҳиза ғалат аст, аз баҳри он ки масали шоир дар назми сухан ҳамчун бофанда аст, ки ҷома (матоъ)-ҳои маҳкам мебофад, нақшу нигорро мухталиф, шоху баргҳои латиф ва гузоришҳои дақиқ ва давол (тасма)-ҳои ширин дар он ба вуҷуд меорад, аммо баҳои онро ба ғайр аз симсорон (даллолон) ва баззозон, ки ҷомаҳои бешбаҳо аз ҳар навъ матои ҳар вилоят аз дасти эшон бисёр мегузарад, наметавонанд ва ҷуз эшон намедонанд, ки лоиқи хазинаи подшоҳ ва шоистаи хилъат ва навъе аз табақоти бузургон кадом аст».
Яке аз шоирони муосири Эрон Ядуллоҳи Рӯъёӣ ҳам дар китоби «Аз сикӯи сурх» дар бораи яке аз навъҳои шеъри нави маъруф ба «шеъри ҳаҷм» сухан гуфта, зимнан изҳор менамояд, ки аксари шоирон шеър мегӯянд, аммо нақди онро ба зиммаи мунаққидон вомегузоранд, ҳол он ки ҳар як шоир бояд дар навбати худ мунаққид ҳам бошад, то хубу бади шеърро бишиносад ва муаррифӣ намояд. Пас, шоири имрӯз бояд ҳусну қубҳи сухани худро бишиносад. Ба ин мазмун, имрӯз дар адабиётшиносии форсӣ донишмандоне бар сари кор ҳастанд, ки ҳам шоиранд, ҳам мунаққид.
Дар адабиёти тоҷик устодон Аскар Ҳаким, Доро Наҷот, Нуралӣ Нурзод, шодравон Мирзо Шукурзода ва чанд нафари дигарро ҳам дар силки адабиётшиносон ва ҳамчун шоирони номии муосир метавон ном бурд. Чӣ хуш гуфта устод Аскар Ҳаким дар ҳаққи худ, ки «дар байни мунаққидон беҳтарин шоир, дар байни шоирон беҳтарин мунаққид» аст! Ин донишмандон дар баробари маҷмӯаҳои хуби ашъор, осори арзишманди илмию адабӣ ва интиқодӣ ҳам дар мавзӯи шеъри классик ва муосир ба вуҷуд овардаанд. Маҷмӯаи ҳафтҷилдаи тадқиқоти илмии устод Аскар Ҳаким гувоҳи гӯё бар ин гуфтаҳост.
Ба табъ расидани китоби ёддошту мақолаҳои илмию адабии шоираи номию гиромӣ Фарзонаи Хуҷандӣ номи ин бонуи бештар ба шеър маъруфро дар паҳлӯи дигар мунаққидон, шоиру шоирони мунаққид қарор дод. Маҷмӯаи мақолаҳои «Дарёи сӯзон» бо баёни ёддошт аз шоирони бузурге чун Лоиқ Шералӣ, Озод Аминзода, Мӯъмин Қаноат, чандин устодони адабиётшиноси маъруф, хотироти сафарҳо ва дидори ёрони ҳамзабон дар хориҷ ва бо баррасии баъзе аз масоили шеъру шоирӣ, арзиши баланди адабию бадеӣ, илмию таҳқиқӣ доранд. Ёддоштҳо, сафарномаҳо, ҳатто масоили илмию адабӣ бо забоне дилнишин баён гаштаанд. Зимни баёни матолиби илмию адабӣ ҳам таровати забони шоирона хушкии баёни илмиро аз байн мебарад. Ёддоштгуфтаҳо бо дарси тааммулу андешаҳои шоир аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ пайдо менамоянд ва ё ба гунаи дигар, тарбияти эстетикӣ мебахшанд, чунончи дар мақолаи «Падруди Офтоб»: «Баъди яке аз сафарҳояш ба Эрон устод Лоиқ гуфт: Рӯзе дар манзили донишманди эронӣ Алии Кофӣ маҳфили шеър доштем, ки Симини Беҳбаҳонӣ омад. Зани солхӯрдае буд қариб ҳафтодсола, бо чеҳраи шикаставу маҳзун ва як ғазал хонд — панҷоҳсола шуд, дигар ғазал хонд — сиюпанҷсола шуд ва сеюмашро хонд, ҳаждаҳсола гардид ва мо ҳама маҳву шефтаи ӯ мондем. Нерӯи рӯҳонии ин хонум чунон дар саропояш партав зада буд, ки ҳама дар иҳотаи ин зебоӣ гирифтор омаданд.»
Дар мақолае, ки «Шеъри хокӣ, шеъри обӣ, шеърҳои офтобӣ» унвон дорад, дар бораи интишор ёфтани чакомаи чанд нафар шоири тоҷикистонӣ дар Эрон, ширкати худи шоир дар бузургдошти 550‑солагии Фузулӣ, дидор бо Шафеии Кадканӣ ва эътибору эҳтироми ӯ ба шеъри тоҷик, муносибат ба андешаҳои Муҳаммад Ҳуқуқӣ дар бораи шеъри Фурӯғ ва арзиши баланди шеъри устод Лоиқ ҳам сухан меравад. Чунончи, дар бораи таҳқиқоти Шафеии Кадканӣ дар шеъри тоҷик ва сӯҳбаташ бо ӯ гуфтааст: «Ӯ марҳалаҳои рушди шеъри тоҷикро дар садаи бист муайян карда ва бештар аз марҳалаи севуми ҳаракати шеър, ки бо ашъори Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ оғоз шуд, ҳарф зад ва аз дарёфтҳои ҳунарии шуарои тоҷик изҳори мамнуният намуд.» Дар зимн шоира эҳтирому муҳаббати баланди худро ба шеъри Фурӯғи Фаррухзод, ин ситораи ҳамеша дурахшони шеъри форсӣ изҳор намудааст.
Дар ин даста аз ёддошту мақолаҳояш Фарзонаи Хуҷандӣ аз вижагиҳои хоси шеъри муосири тоҷик, ки барои хонандагони эронӣ ҳанӯз номакшуфу ноошно аст, ҳарф мезанад. Аз назари ӯ, бо вуҷуди он ки имрӯзҳо дар Эрон китобҳои шеъри шоирони тоҷик ба табъ мерасанд, ҳанӯз ҳамзабонони эронӣ ба моҳияти ҷустуҷӯҳо ва дарёфтҳои эҷодии онҳо сарфаҳм нарафтаанд, ҳанӯз нақди шеъри тоҷикӣ дар Эрон инкишоф наёфтааст.
Чандин навиштаҳои ин шоири аҳли таҳқиқ, ки аз ёдномаҳои гарми устодӣ ва дӯстии шоири фарзонаи миллат Лоиқ Шералӣ ва вижагиҳои шеъри мондагори ӯ фароҳам омадаанд, дар боби шинохти чеҳраи фардӣ ва шоиронаи устод Лоиқ, арзиш ва аҳамияти ашъори ӯ хеле муфид ҳастанд. Хотироти шоир аз вохӯриҳои нахустини ӯ бо устоди зиндаёд Лоиқ ёдномае аз даврони тоза ба роҳи эҷодӣ по ниҳодан, чи гуна раҳ ба раҳ ба зинаҳои камоли маънавӣ расидани ӯ ҳам сухан мегӯяд. Шоир хонандаро бо чашми шоирона ба дунёи зебои ҷавонӣ, ба рӯзгори устодию шогирдияш бо шахсияти барҷастаи рӯзгори мо Лоиқ, мебарад, аз таҷрибаҳои нахустинаш дар гуфтани шеър, аз сахтгириҳои устодаш ва ғайра нақл мекунад.
Дар баробари омӯзиш аз бузургони форсии классик таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳо ва офаридаҳои устод Лоиқ барои Фарзонаи Хуҷандӣ ба ҳисоби мактаби адабӣ будаанд, чунончи шоир дар бораи таъсири маҷмӯаи навбатии устодаш менависад: «Аммо «Марди роҳ» барои ман роҳи нуронии ношинохта, роҳи рафтан ба аслҳо ва дарёфти ҳақиқатҳо, роҳи сафеди мӯъҷизаҳоро, ки номаш Шеър аст, боз кард.» Ӯ мукаррар аз бузургиҳои Лоиқ сухан мегӯяд, чунончи дар бораи сабақҳои аз Лоиқ омӯхтааш дар диди тоза доштан, мазмунофарӣ, риояти вазни арӯз, гузашт аз анбориш (калимоти нодаркори вазнпуркунанда). Ҳангоми сухан гуфтан дар бораи масоили илмӣ, шахсияти адабии шоир, моҳияти хидматҳои ӯ ба ҷамъият, ба Ватан, ба адабиёти миллӣ чеҳраи Фарзона олимона аст. Ба қавли Фарзона Лоиқ Шералӣ, ки «аз беҳтарин бозёбҳои шеъри муосири Эрон низ ба комилӣ огаҳӣ дошт», бе ҳеч муҳобот дар пояи ҳунар бо шоирони бузурге чун Фурӯғи Фаррухзод, Ахавони Солис, Сӯҳроби Сипеҳрӣ ва дигар нобиғагони шеъри муосир қарор дорад.
Фарзонаи Хуҷандӣ шоир ва муҳаққиқи нуктасанҷ ва дақиқназар аст. Ҳақшиносии шоир дар назди устод Лоиқ, ки аслан устоди шогирдони зиёде ҳам ҳаст, ӯро водор намудааст, ки ба омӯзиши осори устод ба чашми таҳқиқ бингарад. Дар бораи заминаҳои бунёдӣ ва омилҳои ташаккул ёфтани маҳорати эҷодӣ ва вусъатёбии ҷаҳонбинии шоиронаи устод Лоиқ Шералӣ чунин мегӯяд: «Устод Лоиқ ба шеъри тоҷик бисёр муҷаҳҳаз омад ва тӯшааш раҳ ба раҳ боз ҳам пурбортар шуд. Пуштвонаи қавии ӯ кутуби муқаддас ва аввалтар аз ҳама Каломи Шариф, адабиёти классикӣ, хосса, ашъори ирфонӣ ва фарҳангу луғоти пешин буд. Устод аз осори дигар бузургони ҷаҳон низ фаровон баҳра бурда буд ва дар авоили ҷавонӣ ашъори Есенин, Гёте, Гейне, Уитменро тарҷума карда буд. Дигар чароғи ҳидояте, ки устод дошт, эҷоди шифоҳии мардум буд.»
Аз назари муҳаққиқ Лоиқ Шералӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки дар маъниву мӯҳтаво, дар забону вожабандӣ, дар шакл ва жанр таҷрибаҳои бесобиқаро комгорона озмуда ва ҳам дар қолабҳои мухталиф чун дубайтиву рубоӣ, қитъаву ғазал, чаҳорпораву шеъри сафед ба «сабки рӯшан»-и худаш шеър гуфтааст. Ӯ таҳаввулотро дар ғазалҳои устод на дар радифу қофиябандӣ ва ё дигар унсурҳои зоҳирии шеър, балки «дар нигоҳи тозаи шоир ба ашё ва вожаҳо», «дар фазои бози фикрӣ» мебинад, ки дар ғазали форсӣ‑­тоҷикӣ пеш аз ин ҷой надоштаанд. Як ҷиҳати бузургии Лоиқ Шералӣ «сабақи ӯ аз мактаби инсонӣ ва шоирии устод Турсунзода аст», ки ба ин заминаҳои созанда ҳам ишорат гардидааст.
Дар ҷараёни омӯзиш ва таҳқиқи осори устод Лоиқ, Фарзонаи Хуҷандӣ ҷое оморшиносона дар муайян намудани вижагиҳои жанрӣ, мавқеи ғазал дар осори шоир кӯшиш менамояд. Забон дар мақолаҳо вобаста ба ҳадафу муроди шоир, гоҳо шоирона, гоҳе олимона ва гаҳи дигар публисистӣ аст, ки ба ҳамаи ин сабк шоир дасти тавоно дорад. Табиист, ки дар муҳити созандаи фарҳангии Хуҷанди бостон, нозпарвардаи ду инсони шариф — падару модари олиму равшанравон, хонаводаи зиёӣ, дастпарвардаи бузургони зиёд чун устод Лоиқ, шоири муҳаққиқи Фарзона ба камол расад!
Мо дар ин мақолаи мухтасар бо нигоҳе гузаро ба китоби «Дарёи сӯзон», ки метавон дар атрофаш саҳифаҳои зиёд навишту гуфт, иктифо мекунем ва шастумин «фасли шубоб»-ро ба муаллифи он — шоири маҳбуб Фарзонаи Хуҷандӣ шодбош мегӯем ва барояшон умри рӯдакивору саъдиёна орзумандем.

Ҷумъа ҲАМРОҲ, профессори ДДС,
Дилшоди ФАРҲОДЗОД, дотсенти ДДС