Дар Театри драмаи мусиқии вилояти Самарқанд рӯзҳои 12-18-уми июл аз ҷониби Театри драмаи академикии ба номи Максим Горкийи Приморскийи Русия панҷ спектакл: “В джазе только девушки” («Дар ҷаз танҳо духтарон»), “Мастер и Маргарита” («Мастер ва Маргарита»), “Не Сильва не оперетта” («На Силва, на оперетта»), “Небесный тихоход. Мотивы” («Оҳистагарди ҳавоӣ. Мотивҳо»), “По морозу босиком” («Побараҳна дар сармо») намоиш дода ва аз тарафи тамошобинони самарқанд гарм истиқбол гирифта шуд.
Да қисми хотимавии спектаклҳо директори Театри драмаи мусиқии вилоят Б.Тугалов ба директори Театри драмаи академикии Приморский ва як гурӯҳ эҷодкорони русиягӣ ташаккурномаи ҳокими вилоятро бо тантана тақдим намуд. Ғайр аз ин, бахшида ба истиқболҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Театри драмаи мусиқии вилоят бо театри Русия анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои табодули таҷриба, якҷоя саҳнагузори кардани спектаклҳо, ташкили устохонаҳо барои ҳунарпеша ва коргардонҳои ҷавон баррасӣ гардида, байни ҳар ду театр меморандуми ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
— Баҳо додани меҳмондорие, ки Самарқанд моро намуд, барои ман хеле гарон аст, — гуфт директори Театри драмаи академикии Приморский Ефим Звенятский — Мо ба қариб ба ҳамаи шаҳрҳои сайёраамон сафарҳои хидматӣ доштем ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар ягон нуқтаи ҷаҳон моро ин гуна гарму ҷӯшон пазироӣ нанамуда буданд. Хусусан, чапакзаниҳову аҳсантгӯиҳои тамошобинони самарқандӣ, ки ҳамеша дар гӯши ҳамчун овози тӯғёни мавҷи баҳрҳо садо медиҳад, ба мо боварӣ ва нерӯи тоза бахшид. Мо ҳамаи урфу одатҳои дар ин ҷо мушоҳида намудаамонро ба навор гирифта, ба ватанамон ирсол намудем ва ҳоло онҳоро дар ҳамаи каналҳои телевизионии Приморский нишон медиҳанд. Сафари мо ба Самарқанд қадами нахустини ҳамкориҳои бисёрсола аст ва дар оянда мо ин риштаро мустаҳкамтар хоҳем кард.
Дар охир журналистон ба саволҳои худ аз мутахассисон ҷавоб гирифтанд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
