Ovozi.uz

Ҷавонон — фардои Ӯзбекистони Нав

Солҳои охир дар кишварамон сохтори нодири кор бо ҷавонон роҳандозӣ шуд. Бо ҳамин асос роҷеъ ба омӯзонидани касбу ҳунарҳои замонавӣ, таъмини шуғл, мазмуннок гузаронидани вақти холӣ ва дастгирии иҷтимоии фарзандонамон натиҷаҳои муҳим ба даст меоянд.
Дар қарори Президентамон «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани ҷашни 33‑солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» 18‑уми июли соли 2024 кушодани моҳияти ин сохтори самараноку таъсирнок беҳуда қайд нагардидааст. Чунки корҳои дар ин сохтор иҷрошаванда, аз он далолат медиҳанд, ки сиёсати ҷавонони Ӯзбекистон лоиқи андозагирии давлатҳои зиёд аст.
Асоси ҳуқуқӣ — гарави истиқлол ва тараққиёт
Бино ба маълумотҳои Кумитаи омори давлатӣ, аз рӯи ҳолати 1‑уми апрели соли 2024 аҳолии доимии Ӯзбекистон аз 36 миллиону 963 ҳазор нафар зиёд шуда, теъдоди ҷавонони 14–30‑сола 9 миллиону 600 нафарро ташкил медиҳанд. Яъне, мамлакати мо ҳам аз ҷиҳати нуфуз ва ҳам аз ҷиҳати бисёрии ҷавонони лаёқатманди меҳнат ба давлати бузург мубаддал мегардад.
Барои офаридани шароити мусоиди зист ба ҷавонон бошад, иқтисоди барқарор, давлати бехатар, идораи самаранок ва кафолатҳои иҷтимоӣ лозиманд. Ба ҳамин маъно, ҳалли масъалаи мазкур қабули таҳрири нави Конститутсияро тақозо намуд.
Дар Сарқонун якчанд меъёр (норма)-ҳои оиди ҷавонон ҷой гирифтанд. Ин равиши нав, албатта, тақозо ва талаби сиёсати устувори ҷавонони Ӯзбекистон аст.
Дар он ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон ва рағбатноксозии иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти давлат кафолат дода мешавад. Чи тавре ки дар Конститутсия қайд гардидааст: «Давлат ҳимояи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, экологии ҷавононро таъмин ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат рағбатнок мекунад».
Президенти кишварамон, 28‑уми июни соли равон дар ҷамъомади видеоселекторӣ зикр кард, ки ҳафт соли охир дар дастгирии ҷавонон ва намоиш додани истеъдоду салоҳияти онҳо «даври гузариши бузург» шуд. Дар тӯли ин ҳафт сол доир ба ҷавонон зиёда аз 100 қонун ва қарор қабул ва зиёда аз 200 имтиёз дода шудааст, ки ин нишодиҳанда далели равшани фикрҳои болост. Дар назди палатаҳои Олий Маҷлис ташкил ёфтани Парламенти ҷавонон ва таъсис ёфтани Агентии кор бо ҷавонону Шӯрои байниидоравӣ роҷеъ ба масъалаҳои ҷавонон қадамҳои амалии бузург сӯи рушди соҳа шуд. Муҳимтар аз ин, соли 2024 дар кишварамон «Соли дастгирии ҷавонон ва соҳибкорӣ» эълон ва дар ин бора дастури давлатӣ тасдиқ гардид.
Ӯзбекистон — дар сиёсати ҷавонон аз ҳама тез рушд мекунад
Мувофиқи индекси тараққиёти ҷавонон, соли гузашта Ӯзбекистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон яке аз мамлакатҳои тезрушдёбанда дониста шуд.
Дар ин, бешак, ба таҳрири нави Конститутсия ворид карда шудани таълимгирӣ, ҳимояи тиббӣ ва иҷтимоӣ, соҳиби хонаву ҷой ва соҳибшуғл шудани ҷавонон ба сифати маҷбурияти конститутсиявии давлат, аҳамияти муҳим дорад.
Бино ба Сарқонун, «Давлат барои ташаккул ва рушди интеллектуалӣ, эҷодӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқии ҷавонон, барои амали намудани ҳуқуқҳои таълимгирӣ, ҳифзи тандурустӣ, хонаву ҷой, таъмини шуғл ва истироҳати онҳо шароитҳо омода месозад».
Алоҳида бояд эътироф кард, ки ҳафт соли охир дар дастгирӣ ва рушди салоҳияту истеъдоди ҷавонон даври муҳим шуд. Хусусан, барои 151 ҳазор ҷавон 1,7 триллион сӯмина кредити таълимӣ дода шуда бошад, барои пардохти контракти 110 ҳазор фарзандони донишҷӯи оилаҳои ниёзманд 332 миллиард сӯм ҷудо гардид.
Дар худи ҳамин давр фарогирии таълими олӣ аз 9 фоиз ба 42 фоиз расид. Теъдоди муассисаҳои таълими олӣ аз 77‑то ба 212‑то ва аз соли нави хониш боз ба 2‑то зиёд мешаванд. Ҳоло 110 ҳазор нафар ҷавонон дар хориҷа таҳсил мегиранд.
Дар ҳафт соли охир 50 нафар ҷавон ба воситаи хазинаи «Эл-юрт умиди» дар Гарвард, Йел, Колумбия, Стенфорд барин 8 муассисаи таълими олии ИМА ва Оксфорд, Кембриж, Бирмингем барин 24 муассисаи таълими олии Британияи Кабир таҳсил гирифтанд.
Президент 27‑уми июни соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба рушди самаранокии сохтори ба забонҳои хориҷӣ омӯзонидани ҷавонон» қарор қабул кард. Мувофиқи қарор, ба зиммаи Агентии кор бо ҷавонон:
— такмили ҷараёнҳои омӯзиши забонҳои хориҷии ҷавонон, васеъ намудани шароитҳо барои мукаммал аз худ кардани забонҳои хориҷие, ки ба онҳо талаб зиёд аст;
— ташкил кардани рейтинги марказҳои омӯзишии хусусӣ ва рағбатнок кардани садри ин рейтинг;
— тарғиби омӯзиши касбу ҳунар ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ миёни ҷавонон, ташкил кардани лоиҳаҳои иҷтимоӣ, озмунҳо, олимпиадаҳо роҷеъ ба ин самт ва дигар функсияҳо вогузор карда шудаанд.
Моҳияти амиқи сиёсати ҷавонон — бол кушодани орзуҳо
Дар Сарқонун нишон дода шуд, ки давлат бояд ба ташаккули ҳисси вафодорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умуминсонӣ, ифтихор аз мероси мадании ғании халқ ва ватанпарварӣ дар ҷавонон ғамхорӣ намояд.
Худи сохтори «Дафтари ҷавонон», ки аз соли 2021 барои дастгирии иҷтимоӣ ва ҳалли муаммоҳои ҷавонон ташкил карда шуд, имкони кори системанок бо ҳазорон ҷавононро медиҳад, ки ҳамин худ намунаи эътибор ва ғамхории давлат аст.
Бо қарори дахлдори ҳукумат, дар ҳар як ноҳия, шаҳр ва вилоят хазинаҳои дастгирии ҷавонони шомили «Дафтари ҷавонон», ки ба ин дафтар алоҳида дохил шудаанду манбаъҳои молиявиашон аниқ нишон дода шудааст, ташкил гардиданд. Дар натиҷа, дар давоми солҳои 2021–2024 ба воситаи ин система теъдоди ҷавонони ёридодашуда ба 1 миллиону 157 ҳазор нафар расид ва барои дастгирии иҷтимоӣ-­иқтисодии онҳо аз хазинаҳои мазкур қариб 1,5 триллион сӯм ёрӣ дода шуд.
Инчунин, дар доираи лоиҳаи «Касбҳои оянда» 1038 нафар ҷавони ногироидошта дар курсҳои омӯзишии касбҳои замонавӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ бепул омӯзонида шуданд.
Ғайр аз ин, сарварони ҷавонони маҳаллаҳо зимни корҳои ба рӯйхатгирии хона ба хона баланси 268 ҳазор ҷавони дар хориҷа қарор доштаро ташкил дода, бо онҳо мулоқоти доимиро ба роҳ монданд. Дар тӯли даври гузашта 328 ҳазор нафар ҷавони муҳоҷирро ба ватан баргардонда, бо ҷои кори мувофиқ таъмин карда, ба оилаи 89 ҳазор ҷавони дар хориҷа буда, ёрии моддӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дода шуд.
Хулоса карда гӯем, масъалаи таъмини ҳуқуқ, манфиат ва камолёбии ҷавонон доимӣ дар зери эътибори ҷомеа ва давлати мо мебошад.

Акмал САИДОВ,
ҷонишини якуми спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, директори Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқҳои инсон