Дирӯз ба муносибати 9‑уми феврал — Рӯзи гиромидошти Мир Алишер Навоӣ ва 583‑солагии ин мутафаккири бузург дар Боғи истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд чорабинии адабӣ баргузор гардид. Дар он вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, профессор-устодон, шоиру нависандагон, донишҷӯ ва донишомӯзон иштирок намуданд.
Нахуст, дар пояи муҷассамаи шоир, ки дар маркази боғ қад афрохтааст, гулчамбар гузошта шуд. Сипас, шоиру нависандагон ва олимон оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, мероси ғанӣ ва мавқеи Навоӣ дар тарбияи насли имрӯза ҳарф заданд. Қайд гардид, ки Алишер Навоӣ яке аз нобиғаҳои замони худ буд ва имрӯз асарҳои ӯ ба мероси маънавии бебаҳои ҷаҳон табдил ёфтаанд.
— Боиси ифтихор аст, ки ба ин манзили зисти мо қадами мубораки Ҳазрати Низомиддин Мир Алишер Навоӣ расидааст, — гуфт профессори Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Дилором Салоҳӣ. — Ӯ дар 24–25‑солагӣ аз Хуросон ба Самарқанд омада, як муддат дар ин ҷо зиндагӣ кардааст. Дар хонаи мутафаккири барҷаста, маърифатпарвар Фазлуллоҳ Абуллайсӣ истиқомат карда, дар мадрасаи ӯ илми фиқҳ, қонуну қавоиди забоншиносӣ ва адабиётшиносиро амиқ омӯхтааст. Ба эътибор ва ҳурмати ҳокими Самарқанд Аҳмад Ҳоҷибек Вафоӣ сазовор гардидааст. Дар ин бора дар корҳои тадқиқотии устодонамон Воҳид Абдуллоев ва Ботурхон Валихоҷаев маълумоти муфассалтар дода шуда аст.
Дар идомаи маҳфил шоирону донишҷӯён шеърҳои ӯзбекӣ ва тарҷумаи онҳоро бо забонҳои гуногун қироат карданд. Аз ҷониби ҳунарпешаҳои Театри драмаи мусиқии вилоят оид ба ҳаёти Навоӣ саҳнаҳо гузошта шуд.
Маҳфил дар Театри драмаи мусиқии вилоят бо чорабинии «Назм ва наво», барномаи консертӣ ва маҳфили мушоира идома ёфт.
Эҳтиром ба мутафаккири бузург
